Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • Alfa
  • Тамос бо мо
  • Харитаи сомона
  • RU
  • EN
Ҷустуҷӯ
  • Академия
      • Ректор
      • Ноиби якум, ноиби ректор оид ба таълим
      • Ноиби ректор оид ба илм ва инноватсия
      • Ноиби ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ
      • Ноиби ректор оид ба идеология, тарбия ва робита бо ҷомеа
      • Ноиби ректор оид ба иқтисод ва хоҷагидорӣ
      • Сардори котибот ва ёвари ректор
      • Раёсати таълим
      • Раёсати илм ва инноватсия
      • Раёсати робитаҳои байналмилалӣ
      • Раёсати корҳои тарбиявӣ
      • Раёсати молия ва баҳисобгирӣ
      • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва корҳои махсус
      • Шӯрои олимон
      • Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ
      • Шурои диссертатсионӣ
  • Пажӯҳишгоҳҳо
    • Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомўзии хизматчиёни давлатӣ
    • Пажуҳишгоҳи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ
    • Пажуҳишгоҳи равандҳои сиёсӣ, дипломатия ва масоили ҷаҳонишавӣ
    • Маркази омўзиши «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон»
  • ФАКУЛТЕТҲО
    • Факултети идоракунии давлатӣ
      • Кафедраи идоракунии давлатӣ ва ҳуқуқи иқтисодӣ
      • Кафедраи идоракунии захираҳои инсонӣ
      • Кафедраи идоракунии молияи давлатӣ
      • Кафедраи менеҷмент
      • Кафедраи илмҳои табиатшиносӣ ва риёзӣ
      • Кафедраи психология ва сотсиологияи идоракунӣ
      • Кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва хизмати давлатӣ
      • Кафедраи идораи давлатӣ ва иқтисоди миллӣ
    • Факултети дипломатия ва сиёсат
      • Кафедраи дипломатия ва муносибатҳои байналмилалӣ
      • Кафедраи забони тоҷикӣ ва ҳуҷҷатнигорӣ
      • Кафедраи забонҳои хориҷӣ
      • Кафедраи сиёсатшиносӣ ва робита бо ҷомеа
      • Кафедраи технологияи иттилоотӣ ва амнияти иттилоотӣсӣ
      • Кафедраи фалсафа ва илмҳои гуманитарӣ
      • Кафедраи ҳуқуқ ва ҳуқуқшиносии муқоисавӣ
      • Кафедраи ҳуқуқи байналмилалӣ
    • Факултети таҳсилоти фосилавӣ ва таҳсилоти дуюми олии касбӣ
    • Шуъбаи магистратура
    • Шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ
  • ҲАМКОРИҲО
    • Лоиҳаи DECIDE
    • Фонди Ханнс Зайдел
    • Татбиқи стандартҳои байналмилалии сифат дар таҳсилоти хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
    • Лоиҳаи PDV
  • Ба донишҷӯ
    • Ба донишҷӯён
      • Экзаменационные тесты для студентов
      • Тестҳои санҷишҳои фосилавӣ
      • Курсҳои ғоибона
    • Ба магистрон
      • Экзаменационные тесты для магистрантов
    • Маълумоти олии дуюм
      • Экзаменационные тесты для второго образования
    • Барои аспирантон
  • Ба довталаб
    • Комиссияи қабул
    • Барои довталаб
    • Маълумоти олии дуюм
      • Ихтисисосҳо ва нархҳо
      • Қоидаҳои қабул
    • Ба магистр
    • Ба аспирант
  • ХИЗМАТРАСОНИҲО
    • Парки технологӣ
      • Меҳмонхона
    • Китобхонаи илмӣ
    • Бунгоҳи тиббӣ
    • Шуъбаи фарҳанг ва рушди истеъдодҳои ҷавон
    • Шуъбаи ТИК ва автоматикунонии низоми таълим
    • Шуъбаи хизматрасонии техникӣ ва коммуникатсионӣ
    • Шуъбаи тестӣ
    • Шуъбаи дуюм
    • Эълонҳо
    • Вакансияҳо
  • ТАБЪУ НАШР
    • Шуъбаи таҳрир ва табъу нашр
    • Маҷалла
    • Рӯзнома
    • ВАО
  • Факултети идоракунии давлатӣ
    • Кафедраи идоракунии давлатӣ ва ҳуқуқи иқтисодӣ
    • Кафедраи идоракунии молияи давлатӣ
    • Кафедраи идоракунии захираҳои инсонӣ
    • Кафедраи психология ва сотсиологияи идоракунӣ
    • Кафедраи идораи давлатӣ ва иқтисоди миллӣ
    • Кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва хизмати давлатӣ
    • Кафедраи илмҳои табиатшиносӣ ва риёзӣ
    • Кафедраи менеҷмент
  • Факултети дипломатия ва сиёсат
    • Кафедраи дипломатия ва муносибатҳои байналмилалӣ
    • Кафедраи сиёсатшиносӣ ва робита бо ҷомеа
    • Кафедраи ҳуқуқ ва ҳуқуқшиносии муқоисавӣ
    • Кафедраи технологияи иттилоотӣ ва амнияти иттилоотӣсӣ
    • Кафедраи забони тоҷикӣ ва ҳуҷҷатнигорӣ
    • Кафедраи забонҳои хориҷӣ
    • Кафедраи ҳуқуқи байналмилалӣ
    • Кафедраи фалсафа ва илмҳои гуманитарӣ
  • Факултети таҳсилоти фосилавӣ ва таҳсилоти дуюми олии касбӣ

Холинова Мижгона Муборакшоевна  

Мудири кафедра

Тел.: (+992) 934-01-75-70

E-mail: kholinova8@mail.ru  

 

  1. Маълумоти умумӣ дар бораи сохтор:

Кафедраи идоракунии давлатӣ ва ҳуқуқи иқтисодӣ воҳиди асосии сохтории факултети идоракунии давлатии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар доираи ихтисосҳои Академия  шунавандагон, донишҷӯён, магистрҳо, таҳсилоти фосилавӣ ва  муҳасилини маълумоти дуюмро тайёр мекунад.

Кафедраи идоракунии давлатӣ ва ҳуқуқи иқтисодӣ то таъсиси Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар собиқ Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 октябри соли 2002 таҳти № 926 ва Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 августи соли 2013 №1502 таъсис ёфта буд, ташкил карда шуда, то имрӯз зери номҳои гуногун фаълоият намудааст.

Кафедра дар давоми солҳои 2002-2013 ба масъалаҳои назария ва амалияи идоракунии давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ дар шароити демократикунонии ҷомеа тадқиқот анҷом медод.

Дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи табдил додани муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба муассисаи давлатии “Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 29-уми феврали соли 2020 №1463 ва Оинномаи муассисаи давлатии “Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз ҳамин сана дар сохтори Академия факултети идоракунии давлатӣ таъсис дода шуд. Ҳамзамон, дар заминаи факултети идоракунии давлатӣ кафедраи идоракунии давлатӣ ва худидоракунӣ низ ташкил гардид.

26-уми марти соли 2021 дар асоси қарори Шурои олимони Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мутобиқ намудани номгузории кафедраҳои идоракунии давлатӣ ва худидоракунӣ, таҳлили иқтисодӣ ва омор” таҳти рақами №9/10 номи кафедра ба “Идоракунии давлатӣ ва ҳуқуқи иқтисодӣ” иваз карда шуд.

  1. Фаъолияти ҳайати устодони кафедра барои коркард ва дарёфт

Фаъолияти кафедра асосан ба таҳқиқи масъалаҳои назариявӣ ва амалияи идораи давлатӣ ва худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар шароити демократикунонии ҷомеа ва ташаккули муносибатҳои иқтисоди бозорӣ равона карда шудаст.

Кафедра аз оғози кор то соли 2013 дар раванди созандагӣ ва бунёдкории ҷомеа барои такмили ихтисос, азнавтайёркунӣ ва бозомӯзии хизматчиёни давлатӣ, магистрантҳо, фаъолони ҳизбҳои сиёсӣ ва намояндагони иттиҳодияҳои ҷамъиятии ҷумҳурӣ саҳми назарраси худро мерасонад.

Аз ҷониби устодони кафедра модулҳои гуногун дар мавзуи зерин дар солҳои      2002-2022 таҳия карда шудаанд, ки аз онҳо то ба имрӯз дар курсҳои такмили ихтисоси хизматчиёни давлатии мақомоти марказӣ ва маҳаллӣ истифода менамоянд:

  1. Менеҷменти инноватсионӣ дар идораи давлатӣ;
  2. Низоми мақомоти идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  3. Техникаи эҷоди сиёсат;
  4. Об сарчашмаи зиндагӣ;
  5. Идоракунии соҳаи кишоварзӣ;
  6. Фишанг ва технологияи ҷалби электорат дар маъракаҳои муҳими сиёсӣ;
  7. Баланд бардоштани самаранокии худидоракунии шаҳрак ва деҳот;
  8. Идоракунии муҳоҷирати меҳнатӣ: ҳолат ва дурнамо;
  9. Низоми идоракунии демократӣ;
  10. Сохтор ва вазифаҳои мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ ва ғайра.

 

  1. Ҳадафи кафедраи идоракунии давлатӣ ва ҳуқуқи иқтисодӣ

Ҳадафи  кафедраи идоракунии давлатӣ ва ҳуқуқи иқтисодӣ ин-омода кардани бакалаврҳо, магистрантон, таҳсилоти фосилавӣ, маълумоти дуюм ва хизматчиёни давлатӣ дар сатҳи олии методӣ тибқи дархостҳои мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва маҳаллӣ, дар ҳамкории зич бо онҳо, бо дарназардошти мусоидат ба афзоиши ҳамаҷонибаи фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ мебошад.

  1. Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ ва таълимии кафедраи идоракунии давлатӣ ва ҳуқуқи иқтисодӣ

Кафедраи идоракунии давлатӣ ва ҳуқуқи иқтисодӣ тибқи нақшаи дурнамои корҳои илмӣ-тадқиқотии Академияи идоракунии давлатии назди президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар солҳои 2020-2024 самтҳои асосии фаъолияти илмӣ ва таълимии худро зери унвони “Масоили асосии идоракунии давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ дар замони муосир муайян намудааст.

 

  1. Фанҳое, ки аз тарафи  кафедраи идоракунии давлатӣ ва ҳуқуқи иқтисодӣ

таълим дода мешаванд

Айни замон дар кафедраи идоракунии давлатӣ ва ҳуқуқи иқтисодӣ дар фанҳои зерин омӯзонида мешаванд:

  1. Таърихи идоракунии давлатӣ;
  2. Таърихи афкори идоракунӣ;
  3. Назарияи идоракунӣ;
  4. Идоракунии давлатӣ;
  5. Низоми идоракунии давлатӣ ва маҳаллӣ;
  6. Идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ дар мамлакатҳои хориҷӣ;
  7. Низоми идоракунии давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  8. Асосҳои худидоракунии маҳаллӣ;
  9. Асосҳои ҳуқуқии идоракунии мақомоти маҳаллӣ;
  10. Низоми идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  11. Идоракунии мақомоти маҳаллӣ дар мамлакатҳои хориҷӣ;
  12. Методҳои қабул ва иҷрои қарорҳои идоракунӣ;
  13. Ҳуқуқи иқтисодӣ;
  14. Ҳуқуқи соҳибкорӣ;
  15. Танзими ҳуқуқии фаъолияти иқтисодӣ;
  16. Ҳуқуқи байналмилалии иқтисодӣ;
  17. Ҳуқуқи мурофиаи иқтисодӣ;
  18. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ;
  19. Мақомоти намояндагии ҳокимияти давлатӣ;
  20. Таърихи идоракунии давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  21. Таърихи таълимоти идоракунии давлатӣ;
  22. Мақомоти худидоракунии маҳаллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  23. Танзими ҳуқуқии иқтисодӣ;
  24. Таҷрибаи идоракунии давлатӣ дар мамлакатҳои хориҷӣ;
  25. Идоракунии давлатӣ ва сиёсати инноватсионӣ;
  26. Идоракунии ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  27. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар мамлакатҳои хориҷӣ;
  28. Мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 

  1. Дастовардҳои сохтори кафедраи идоракунии давлатӣ ва ҳуқуқи иқтисодӣ

Барои дастовардҳои баланд дар фаъолияти илмӣ кормандони кафедра дар солҳои гуногун барандаи ҷоизаҳо гардида, бо унвонҳои фахрӣ ва ҷоизаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гаштанд.

Устодони кафедра ба кори илмӣ диққати калон медиҳанд. Ҳар сол монографияҳо, дастуру воситаҳои таълимӣ, мақолаҳо ва гузоришҳо дар маҷаллаҳои илмии ватанӣ ва хориҷӣ аз ҷониби устодони кафедра нашр ва чоп мешаванд

Дар назди кафедра идоракунии давлатӣ ва ҳуқуқи иқтисодӣ семинари илмию назариявии устодони кафедра ва маҳфили илмии донишҷӯён таҳти унвони “Роҳбари ҷавон” амал мекунанд. Дар семинарҳои илмию назариявии устодон кафедра ва маҳфили илмии донишҷӯён мавзуъҳои мубрам ва марбут ба соҳаи идораи давлатӣ ва ҳуқуқи иқтисодӣ мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд

Дар кафедра 8 нафар корманд, аз он ҷумла 4 нафар номзади илми ҳуқуқшиносӣ, 1 нафар муаллими калон ва 3 нафар ассистент фаъолият мебаранд. Ҳамзамон дар кафедра 14 нафар ҳамкори дохилӣ ва 3 нафар ҳамкорӣ беруна кору фаъолият менамоянд.

Мавзуи илмӣ-тадқиқотии кафедра барои давраи солҳои 2020-2024 «Ташаккули идоракунии давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷӣ» маҳсуб меёбад.

 

Маълумот барои тамос

  • 734003, Республика Таджикистан, г.Душанбе ул. Саид Носир, 33

  • Телефон+992 (37) 224-17-86

  • Факс (37) 224-17-86

  • email info@apa.tj

RSS Хабарҳои пойтахт

  • Лидер нации Эмомали Рахмон в Шахритусском районе посетил дехканское хозяйство имени «Бобои Алимардон» 2023-05-27
  • Петр Сегрт назвал состав сборной Таджикистана для участия в турнире «CAFA Nations Cup 2023» 2023-05-27
  • В Национальной академии наук Таджикистана проведена научно-практическая консультация по основным путям расселения древних людей в Центральной Азии 2023-05-27

Тақвими соли 2020

Май 2023
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  
« Апр    
Погода в Душанбе
Погода
Погода в Душанбе на 2 недели

________________________

©2020 DID | support Five Peaks Group

Мы в соцсетях