Мудири кафедра
Тел.: (+992)
E-mail:
Кафедраи фалсафа ва илмҳои гуманитарии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Шўрои олимони Донишкада № 10 аз 30. 12.2014 дар заминаи муттаҳид кардани кафедраи психология ва сотсиологияи идоракунӣ ва кафедраи илмҳои гуманитарӣ таъсис дода шудаст.
Кафедраи фалсафа ва илмҳои гуманитарӣ яке аз марказҳои муҳими илмию таълимӣ дар сохтори Академия буда, кулли фаъолияти он тибқи бунёди илмҳои иҷтимоию гуманитарӣ сурат мегирад ва ҳалли мушкилоти зиёдеро ба зимма дорад.
Фаъолияти асосии кафедра тарбияи кадрҳои баландихтисоси соҳаи идоракунии давлатӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ, гузаронидани таҳқиқоти илмӣ аз рўи мавзўъи бунёдии «Масъалаҳои муҳими фалсафа, таърих ва ҷомеашиносӣ, асосҳои назариявӣ ва амалияи илмҳои иҷтимоӣ-гуманитарӣ» сурат гирифта, мақолаю дастурҳо ва барномаҳои таълимӣ, китобҳои дарсӣ таҳия ва таълиф мегардад.
Фаъолияти ҳайати устодони кафедра оид ба дониш, маҳорат ва малакаҳои касбӣ дар доираи фаъолияти муносибатҳои байналмилалӣ ва идоракунии давлатӣ амалӣ мегардад.
Ҳадафи кафедра таҳияи технологияҳои махсуси таълим, сохтори муайяни таъминоти методии тамоми раванди таълим буда, барои тайёр кардани мутахассисоне ҷаҳд мекунад, ки бо донишу малакаҳои зарурии соҳаи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ мусаллаҳ буда, технологияҳои муосири идоракуниро хуб донанд. Инчунин дорои сатҳи баланди фарҳангӣ, малакаи коркард ва қабули қарорҳое, ки фаъолияти самараноки мақомотро таъмин месозад, мусоидат намудан ба рушди кадрии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъмини раванди таълим бо барномаҳои касбӣ мансуб дониста мешавад.
Вазифаҳои асосии кафедра:
1.Дар донишҷўён ташаккул додани маҳоратҳои касбӣ профессионализм, масъулятнокӣ, ҷаҳонбинӣ, ҳуввияти миллӣ, ташаккули фарҳанги нав ва омода намудани мутахассисони касбии соҳаи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ дар ҳама зинаҳои идоракунӣ;
2.Коркарди барномаҳои таълимии мувофиқ ба самтҳои идоракунии давлатӣ, таъмини усулҳои инноватсионӣ, сифати баланд дар ҷараёни таълим бо назардошти дастовардҳои муосири илмӣ ва амалӣ;
3.Таҳлили мониторинги системаи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ барои ошкор намудани проблемаҳои соҳаи идоракунии давлатӣ дар ҷумҳурӣ ва ташаккули дурнамои таҳқиқоти илмӣ-амалии он;
4.Фаъолияти таълимӣ, илмӣ – методӣ ва илмӣ бо мақсади тайёркунии касбӣ, азнавтайёркунӣ ва такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ бо истифода аз дастовардҳои илми муосир ва амалияи пешқадам мебошад.
Кафедра вазифаи худро аз он иборат медонад, ки мутахассисони ҷавон ва хизматчии давлатиро то ба дараҷаи инсони бомаърифати қодир ба ҷаҳонфаҳмию ҷаҳондарккунии мустақилона дар шароити ҷаҳонишавии замони муосир бирасонад. Аз ҳамин нигоҳ, кафедра барои мунтазам васеъ гардонидани доираи ҷаҳонбинии хизматчиёни давлатӣ, рушд додани тафаккури мантиқӣ – назариявӣ ва баланд бардоштани сатҳи зеҳнии онҳо мекўшад.
Дар курсҳои бозомўзӣ ва такмили ихтисос дар доираи касби худ устодони кафедра оид ба психологияи сарварӣ, стресс дар фаъолияти хизматчиёни давлатӣ, психологияи муошират, психологияи идоракунӣ ва сотсиологияи идоракунӣ, таърихи идоракунии давлатӣ, таърихи дипломатияи тоҷик, робитаи мақомоти давлатӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ лексияҳо мехонанд.
Дар раванди таълим кафедра ба маҷмўи вазифаҳое, ки хизматчии давлатӣ дар ҷои кори худ ба ҷо меорад, такя намуда, дар баробари ин омўзиши улуми инсонӣ ва ҷомеашиносиро ҳамчун маҳаки таълиму тарбияи маънавии хизматчиёни давлатӣ ба асос мегирад.
Фанҳои кафедра ба хизматчиёни давлатӣ ва магистрони Донишкада бо дарназардошти истифодаи амалии донишҳои азбаркарда дар фаъолияти амалӣ таълим дода мешаванд.
Тазаккур бояд дод, ки кафедра ҷавонони болаёқат ва дорои унвонҳои илмиро даъват ба кор дорад. Дар оянда базаи илмии кафедраро аз рўи мутахассисони арзандаи соҳаи илмҳои иҷтимоӣ-гуманитарӣ пурра намояд. Ҳоло кафедраи фалсафа ва илмҳои гуманитарӣ нақшаҳои зиёд дорад ва дар ин самт фаъолияти густурда анҷом медиҳад.
Фанҳои таълимии кафедра
— Фалсафа
— Фарҳангшиносӣ
– Таърихи халқи тоҷик
— Этика ва эстетика (Фанни интихобӣ)
— Мантиқ (Фанни интихобӣ)
— Кишваршиносӣ
— Робитаи байнифарҳангӣ
— Этикаи касбӣ(ф.и)
— Фалсафа ва методологияи илм — Диншиносӣ (Фанни интихобӣ)