КИБЕРТЕРРОРИЗМ ВА ТАЪСИРИ ОН БА ҶОМЕА

Таърихи кибертерроризм ба солҳои 70-80-уми асри гузашта рост меояд. Аз ин лиҳоз, кибертерроризм-ро вабои асри ХХI номидан мумкин аст. Кибертерроризм аз ду мафҳум гирифта шудааст: “Кибер” ва “Терроризм”. Маънои “кибер” ин кибернетика, яъне истифодаи техникаву технологияи навин  мебошад.

 

Ҳар рӯз дар дунё зиёда аз садҳо амалиёти кибернетикӣ сурат мегирад, ки аз ин шумора 60%-и он амалҳои ҷалбкунӣ ба гурӯҳҳои террористӣ мебошад. Гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ барои ҷалби ҷавонон ва бурдани ташвиқотҳо аз Интернет бештар истифода мебаранд. Онҳо дар сомонаҳои махсуси худ ва шабакаҳои иҷтимоӣ ҷавонони гумроҳро ба худ ҷалб менамоянд. Аввал ҷавононро аъзои ин сомона ва шабакаҳои иҷтимоӣ намуда, сипас тавассути равоншиносони соҳибтаҷриба онҳоро мутеи хеш мекунанд. Онҳо ҷавононро асосан бо чунин роҳҳо фирефтаи худ мекунанд:

  1. ваъдаи маблағи бисёр додан барои ҳадафҳои террористиро дастгирӣ кардан;
  2. сохтани сомонаҳо барои ташвиқи амалиётҳои террористӣ ва аъзо намудани ҷавонон ба ин сомонаҳо;
  3. таҳдиднамоӣ бо маблағ ва ҳаёт, ҷиҳати рӯйпӯшнамоии корҳои террористӣ ва амалҳои ғайриқонунӣ барои аз даст надодани обрӯю нуфузи онҳо;
  4. истифодабарии Интернет барои табдил додан, умумият гардонидани ояндаи худ, тартиб додани амалҳои террористӣ ва экстермистӣ ва истифодаи почтаҳои электронӣ бо мақсади ғаразнок;
  5. истифодаи Интернет барои нуфузи рӯҳияи иттилоотии ҷавонон;
  6. намоиши пойгоҳи тайёрӣ барои амалҳои террористӣ;
  7. истифодаи почтаҳои электронӣ ё эълони тахтаҳои электронӣ барои равонкунии мактубҳои рамзбандишуда (зашифрованные письма);
  8. кушодани сомонаҳои бе маркази идоракунӣ ва ҷойкунии иттилоот дар ин сомонаҳо.

Гуфтаҳои боло боиси ҷалби ҳамарӯзаи ҷавонон ба ин сомонаҳо мегардад ва онҳо ба ин доми фиреб меафтанд.

 

Барои пешгирӣ аз кибертерроризм ва ҳамлаҳои террористӣ қонунҳо ва барномаҳои ҳуқуқие ҳастанд, ки дар мамлакати мо оид ба пешгирии кибертерроризми байналмилалӣ амал мекунанд:

 

  • Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди терроризм”( аз 16 ноябри соли 1999);
  • Қонуни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил “Дар бораи муқовимат бо экстремизм” (аз 14 майи соли 2009);
  • Қарори Ассамблеяи генералӣ оид ба “Бартараф намудани терроризми байналмилалӣ” (аз 9 декабри соли 1994);
  • Қарори Шӯрои амнияти байналмилалӣ (аз соли 2005);
  • Шӯрои бехатарии СММ (аз 28 сентябри соли 2001).

 

Мақсад аз баррасӣ намудани ин мавзӯъ дар он аст, ки мо, ҷавонони ояндасози ин миллат бар зидди ин вабои аср муборизаи беамон бурда, нагузорем, ки дар ҷумҳуриамон бештар паҳн шавад.

 

Имрӯзҳо вақти он омадааст, ки мо мисли фарзандони як модар, ангуштони як даст паҳлӯи ҳам ҷамъ омада, бо ҳам дӯст, иттифоқ ва бародар шуда, бар зидди ҳама падидаҳои номатлубе, ки мехоҳанд давлати ороми моро ноором созанд, истодагарӣ намоем.

 

Амирҷон САЛИМОВ,

мутахассиси шуъбаи ТИК ва автоматикунонии

низоми таълими Академия

Похожие записи

Оставьте нам комментарий