КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВИИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ ДАР БАХШҲО
- Автор apatj
- Категория - Хабарҳои академия
Тавре иттилоъ дода будем, 28 сентябри соли 2021 дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки олимон, муҳаққиқони пажӯҳишгоҳҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, муассисаҳои таҳсилоти олии касбии дохили кишвар, ҳамзамон мақомот ва идораҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ таҳти унвони “Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккул ва рушди давлатдории миллӣ” доир гардид.
Баъд аз қисмати пленарӣ конференсия ба се бахш ҷудо шуда, дар бахши аввал мавзӯи “Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори давлатдории миллии тоҷикон”, дар бахши дуюм мавзӯи “Нақши калидии Пешвои миллат дар пешрафти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Тоҷикистон” ва дар бахши сеюм мавзӯи “Нақши Пешвои миллат дар барқарор ва рушди муносибатҳои байналмилалӣ” бо маърузаҳои пурмуҳтаво баррасӣ гардиданд.
Аз ҷумла, дар бахши 1-уми конференсия таҳти унвони “Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори давлатдории миллии тоҷикон”, ки дар Маркази омӯзишии “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон” баргузор шуд, гуруҳи донишмандону муҳаққиқон ширкат варзида, чандин масъалаҳоро мавриди баррасӣ ва таҳлил қарор доданд.
Дар қисмати бахши мазкур доктори илмҳои сиёсӣ, собиқадори соҳаи хизмати давлатӣ Абдулмаҷид Достиев, директори Маркази омӯзишии “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон” номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Сайдаҳмадзода Дилором иштирок ва суханронӣ карданд.
Аз ҷумла, дар раванди конференсия доктори илмҳои филологӣ, профессор, мудири кафедраи забонҳо ва равияи гуманитарии филиали Донишгоҳи давлатии таҳқиқотӣ-технологии “МИСиС” дар шаҳри Душанбе Нозимов Абдулхамид Абдуалимович дар мавзӯи “Муҳимтарин дастовардҳои Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ (солҳои 1991-2021) бо маърузаи пурмуҳтаво суханронӣ кард.
Инчунин, номзади илмҳои филологӣ, дотсент, ходими пешбари илмии Пажуҳишгоҳи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ализода Баҳриддини Пирмуҳаммад дар мавзӯи “Саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар ислоҳот ва такмили низоми идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, устоди кафедраи идоракунии давлатӣ ва ҳуқуқи иқтисодии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ Аминов М.М. дар мавзӯи “Саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули идоракунии маҳаллӣ”, устоди кафедраи умумидонишгоҳии таърихи халқи тоҷики ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров Бобоева З. дар мавзӯи “Пешвои миллат ва баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа”, мудири кафедраи забони тоҷикӣ ва ҳуҷҷатнигории Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон номзади илмҳои филологӣ, дотсент Додихудоев Раҷабалӣ Муҳаммадиевич дар мавзӯи “ Истиқлол ва рушди давлатдории миллӣ”, муаллими калони кафедраи забони тоҷикӣ ва ҳуҷҷатнигории Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Иброҳимова С.З. дар мавзӯи “Истиқлол ва раванди таҳкими давлатдории миллии Тоҷикистон”, омӯзгори кафедраи умумидонишгоҳии таърихи халқи тоҷики ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров Муҳамадизода М. дар мавзӯи “Нақши Пешвои миллат дар таъмини сулҳ ва Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон”, муовини сардори раёсати илм ва инноватсияи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Маликшозода Шоҳбегим Хайрулло дар мавзӯи “Эмомалӣ Раҳмон – эҳёгари ҷашнҳои бостонӣ”, номзади илмҳои сиёсӣ, дотсент, мудири кафедраи ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалии ДДК ба номи А.Рӯдакӣ Муродова Гулчеҳра дар мавзӯи “Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, мудири кафедраи фалсафа ва фанҳои гуманитарии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои таърих, дотсент Ҷобиров Раҷабалӣ Фатҳуллоевич дар мавзӯи “Нақши Пешвои миллат дар таъмини суботи сиёсӣ ва Ваҳдати миллӣ” ва номзади илмҳои фалсафа, дотсенти кафедраи идоракунии захираҳои инсонии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳайдарӣ С.С. дар мавзӯи “Нақши Эмомали Раҳмон дар тайёркунӣ ва азнавтайёркунии кадрҳои соҳаи хизмати давлатӣ” бо маърузаҳои пурмазмун баромад карданд.
Дар ҷараёни баргузории конференсия ва пас аз ироаи маърузаҳо байни иштирокдорон мубодилаи афкор ва баҳсҳои илмӣ сурат гирифта, конференсия бо пешниҳодҳои судманд ба фарҷом расид.