КУРСИ МУШТАРАКИ ТАКМИЛИ ИХТИСОС БАРОИ ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ ДАР АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ ДАР ҲАМКОРӢ БО АКАДЕМИЯИ ХОҶАГИИ ХАЛҚ ВА ХИЗМАТИ ДАВЛАТИИ ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ

IMG_0650

Бо мақсади иҷрои дастуру супоршиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар паёмҳои солона ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа мегарданд, Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарикони рушд дар самти омода намудани кадрҳои баландихтисос соҳаи хизмати давлатӣ ва идоракунии давлатӣ барномаҳои гуногуни омӯзиширо пайваста ташкил ва баргузор менамояд.

 

Бо ин мақсад, 9 ноябри соли 2022 дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо  Академияи хоҷагии халқ ва хизмати давлатии назди Президенти Федератсия Россия курси такмили ихтисоси кӯтоҳмуддат дар мавзӯи “Муқовимат ба экстремизм ва терроризм” ва барномаи бозомӯзӣ дар мавзӯи “Идоракунии давлатӣ дар асри ХХI” барои хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки коршиносон ва олимони Академияи хоҷагии халқ ва хизмати давлатии назди Президенти Федератсия Россия ифтитоҳ гардид.

 

Дар ифтитоҳи расмии курсҳои мазкур Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ – ректори Академияи идоракунии давлатии назди президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, Марголин Андрей Маркович – роҳбари ҳайати Россия, ноиби ректори Академияи хоҷагии халқ ва хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россия ва Залисин Игор Юриевич – доктори илмҳои сиёсӣ, профессори Институти молия ва рушди устувори Академияи хоҷагии халқ ва хизмати давлатии назди Президенти Федератсия Россия иштирок ва суханронӣ намуданд.

 

Дар қисмати ифтитоҳӣ масъулин вобаста ба ҳамкориҳои стратегии ду кишвари бо ҳам дӯсту бародар – Тоҷикистон ва Россия, рушди муносибатҳои байналмилалӣ, иҷроиши ҳуҷҷатҳои байнидавлатӣ вобаста ба тақвияти фаъолият дар низоми идоракунии давлатӣ ва рушди хизмати давлатӣ, мубодилаи таҷриба ва ҳадафмандии ташкили курсҳои такмили ихтисоси хизматчиёни давлатиро баён доштанд.

 

Ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ меҳмононро бо тарзу усулҳои тайёркунии касбӣ, азнавтайёркунӣ ва такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ ва самтҳои нави фаъолияти Академия шинос карда, иброз намуд, ки Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фаъолияти худ аз таҷрибаи муассисаҳои дахлдори таълимии Федератсияи Россия, аз ҷумла Академияи хоҷагии халқ ва хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россия ва дигар давлатҳо ба таври васеъ истифода менамояд.

 

Ноиби ректори Академияи хоҷагии халқ ва хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россия Марголин Андрей Маркович омодагии худро бо мақсади ҳамкории судманди минбаъда дар самти тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси соҳаи идоракунӣ баён намуда, таъкид дошт, ки бояд сатҳи идоракунӣ, пеш аз ҳама, идоракунии давлатӣ вобаста ба тамоюлҳои ҷаҳони зудтағйирёбанда баланд бардошта шаванд.

 

Дар ҷараёни вохӯрӣ инчунин муколама роҷеъ ба табодули таҷрибаи байниҳамдигарӣ сурат гирифт, ки мундариҷаи асосии он такмилу таҳкими шаклу усулҳои муосири таҳсили хизматчиёни давлатӣ ва омода намудани ҳайати роҳбарикунандаи хизматчиёни давлатии ҷавобгуй ба талаботи ҷаҳони муосир буд.

 

Роҳбарияти Академияи хоҷагии халқ ва хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россия омодагии худро барои вусъат додани ҳамкорӣ бо Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор намуд.

 

Бояд тазаккур дод, ки Академияи идоракунии давлатӣ бо Академияи хоҷагии халқ ва хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россия шарики стратегии соҳавӣ буда, аз соли 2002 дар самти омода кардани кадрҳои баландихтисоси самти идоракунии давлатӣ ҳамкориҳои мутақобилаи судмандро ба роҳ мондааст. Ҳамзамон, Академия аз соли 2016 узви комилҳуқуқи Ташкилоти заминавии давлатҳои аъзои ИДМ (Базовая организация СНГ) оид ба таёр кардани кадрҳои самти идоракунии давлатӣ мебошад.

 

Аксҳо

Похожие записи

Оставьте нам комментарий