КУРСИ САЙЁРИ АЗНАВТАЙЁРКУНӢ АЗ РӮИ БАРНОМАИ “АСОСҲОИ ҲУҚУҚИИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН”

photo_2021-10-11_16-18-24

Имрӯз, 11-уми октябри соли 2021 дар шаҳри Хоруғи вилояти ВМКБ барои хизматчиёни давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки солҳои 2019-2020 ба хизмати давлатӣ қабул гардидаанд, курси сайёри азнавтайёркунӣ аз рӯи барномаи “Асосҳои ҳуқуқии хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” оғоз гардид.

 

Зимни ифтитоҳи расмии курс ноиби якум, ноиби ректор оид ба таълими Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Сафарзода Даврон Ҷурахон, муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Аюбӣ Бибиосия Оймаҳмадзода ва муовини раиси ВМКБ Амирбекова Замира иштирок ва суханронӣ карданд.

 

Даврон Сафарзода зимни суханронӣ иброз дошт, ки курсҳои такмили ихтисос василаи хуб барои такмили дониши хизматчиёни давлатӣ мебошанд. Хизматчиёни давлатӣ дар курсҳои мазкур донишҳои худро васеъ карда, дар раванди кору фаъолият омӯхтаҳои хешро ба роҳ мемонанд, ки дар натиҷа ба беҳ шудани сатҳу сифати кори онҳо боис мегарданд.

 

Курси зикршуда то 16-уми октябри соли ҷорӣ идома ёфта, барои шунавандагони курс тибқи барномаи таълимӣ вобаста ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (26.01.2021), таърихи ташаккули давлати Тоҷикистон, шаҳри Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизмати давлатӣ”, низоми мақомоти идоракунии давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон, имиҷи хизматчии давлатӣ: моҳият ва вазифаҳо,  коргузорӣ ва ҳуҷҷатнигорӣ дар мақомоти давлатӣ ва риояи қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ, коррупсия ҳамчун падидаи иҷтимоӣ-сиёсӣ ва заминаҳои ҳуқуқии муқовимат бо он, таҳдидҳои иттилоотӣ дар ҷаҳони муосир ва таъсири он ба фазои иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон, татбиқи коргузории электронӣ дар мақомоти давлатӣ, хизматрасонии электронӣ дар иқтисоди рақамӣ, фарҳанги суханварӣ дар фаъолияти касбии хизматчии давлатӣ, ҳисси миллии ватандӯстӣ – рукни муҳими фарҳанги миллӣ, шарҳи Қонуни Ҷумҳуриии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ”, шарикии иҷтимоии мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот бо дигар сохторҳои ҷомеа ва амсоли ин машғулиятҳо гузаронида мешаванд.

 

Дар анҷоми курс баргузории мизи мудаввар дар мавзӯи “Асосҳои ҳуқуқии хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” пешбинӣ гардидааст.

 

Дар фарҷом шунавандагони курс пас аз суҳбат-санҷиш соҳиби гувоҳнома мегарданд.

Похожие записи