КУРСИ ТАКМИЛИ ИХТИСОС АЗ РӮИ БАРНОМАИ  “ОДОБИ МУОШИРАТИ РАСМӢ”

IMG_6304

Имрӯз, 1 июни соли 2021 дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нозирони мизи ҳарбии бақайдгирии ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти минтақаи Бохтари вилояти Хатлон аз рӯи барномаи “Одоби муоширати расмӣ” курси такмили ихтисос оғоз гардид.

 

Зимни ифтитоҳи расмии он ноиби ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Аҳмадзода Зулфия Кабир, муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Аюбӣ Бибиосия Оймаҳмадзода, директори Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатӣ, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Ғанизода Ибодат Ғанӣ иштирок ва суханронӣ карданд.

 

Ноиби ректори Академия Аҳмадзода З.К. дар ифтитоҳи курс иброз дошт, ки дар рафти фаъолияти меҳнатии хизматчии давлатӣ, бахусус, нозирони мизи ҳарбӣ муошират нақши басо муҳимро ишғол менамояд. Нозирони мизи ҳарбии ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот зимни ҷалби ҷавонписарон ба сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар одоби муошират бо даъватшаванда ва волидайни онҳоро бояд риоя намоянд. Дар маҷмӯъ, барои нозирони мизи ҳарбӣ донистан ва риояи одоби муоширати расмӣ аз ҳар ҷиҳат муҳим аст. Дар баъзе ҳолатҳо риоя нашудани он боиси коста шудани боварии мардум ба ҳокимияти давлатӣ мегардад. Аз ин лиҳоз, доир намудани курси мазкур бо иштироки масъулони мизи ҳарбии ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот басо саривақтӣ буда, минбаъд баҳри пешрафти фаъолияти онҳо мусоидат хоҳад кард.

 

Курси зикршуда 3 рӯз идома ёфта, барои шунавандагони курси мазкур тибқи барномаи таълимӣ вобаста ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (26.01.2021), одоби муоширати расмӣ, заминаҳои ҳуқуқии хизмати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ”, ҳамкории мақомоти давлатӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ, коррупсия ҳамчун зуҳуроти иҷтимоӣ: мафҳум ва шаклҳои он, пешгирии стресс дар раванди идоракунӣ, тартиби кор бо ҳуҷҷатҳои воридотӣ ва содиротӣ дар мақомоти давлатӣ, нақши хизматчии давлатӣ дар пешгирии гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ, психологияи муоширати касбӣ ва амсоли ин машғулиятҳо гузаронида мешаванд.

 

Дар анҷоми курс баргузории мизи мудаввар дар мавзӯи “Одоби муоширати расмӣ” пешбинӣ гардидааст.

 

Ба шунавандагони курс пас аз гузаронидани суҳбат-санҷиш гувоҳнома дода мешавад.

Похожие записи