МАКТУБИ ИТТИЛООТӢ
- Автор apatj
- Категория - Хабарҳои академия, Эълонҳо
Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои 29-30 апрели соли 2022 Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалиро таҳти унвони “Нақши худидоракунии маҳаллӣ дар таъмини рушди устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор менамояд. Ба Конференсияи мазкур олимон, муҳаққиқони соҳа, омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, намояндагони мақомот ва идораҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват карда мешаванд.
Дар конференсия масъалаҳои зерин баррасӣ мешаванд:
Заминаҳои таърихии ташаккули худидоракунии маҳаллӣ;
- Муаммои ҳамкории мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо мақомоти худидоракунии маҳаллӣ;
- Назарияҳои асосии худидоракунии маҳаллӣ;
- Таҳқиқи масъалаҳои актуалии идоракунии давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ;
- Такмили салоҳияти мақомоти худидоракунии маҳаллӣ;
- Баланд бардоштани самаранокии низоми худидоракунии маҳаллӣ дар марҳилаи соҳибистиқлолии Тоҷикистон;
- Масъалаҳои ташаккул, ташкили заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ, моҳият ва принсипҳои фаъолияти мақомоти худидоракунии маҳаллӣ;
- Масъалаи таносуби такрори функсияҳо дар мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии маҳаллӣ ва таъсири он ба самаранокии фаъолияти мақомот;
- Оид ба самтҳои ҷудогонаи асосҳои назариявӣ ва амалии ташаккули низоми худидоракунии маҳаллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Вижагиҳои хоси ташаккул ва такомули худидоракунии маҳаллӣ дар даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Таҷрибаи ҷаҳонӣ ва моделҳои гуногунии низоми худидоракунии маҳаллӣ;
- Баъзе масъалаҳои рушди иқтисодии минтақаҳои деҳот дар таъмини босуръати сатҳи иҷтимоӣ-иқтисодии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Масъулияти хатоии имлоӣ, техникӣ, мазмунӣ ва дигар намуди нуқсонҳо дар матни маърӯза ба зиммаи муаллиф вогузор мешавад. Матни мақолаҳои иштирокчиёни конференсия, ки аз ҷиҳати мазмун ба талаботи замимашуда мувофиқат намуда, то 18 апрели соли 2022 пешниҳод мегарданд, бо тавсияи ҳайати таҳририя дар шакли маҷмӯаи маводи конференсия нашр мешаванд. Бақайдгирӣ ва пешниҳоди мақола ба Пажӯҳишгоҳи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатии Академия манзур мегардад.
Забони баргузории конференсия: тоҷикӣ ва русӣ;
Вақти баргузории конференсия: соати 10:00 (ба вақти Душанбе)
Суроғаи мо: Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734003, шаҳри Душанбе, кӯчаи Саид Носир 33, www.apa.tj.
Кумитаи тадорукот: Пажӯҳишгоҳи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ (ошёнаи 4-ум).
E-mail: pazhuhishgoh.id@mail.ru, ssssharif@mail.ru
Тел: +992 (37) 228-91-51; (+992) 93-820-45-45; (+992) 92-857-32-28.
ТАЛАБОТ БАРОИ ЧОПИ МАҚОЛА
Дар ҳар як мақолаи илмии пешниҳодгардида бояд маълумоти зерин ҷой дошта бошад:
МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ МУАЛЛИФ/ МУАЛЛИФОН
— насаб, ном ва номи падари муаллиф/ муаллифон (бо забони тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ);
— номи пурраи мақомот – вазифа, рутба, унвони илмӣ, агар хориҷӣ бошад – шаҳр, давлат (бо се забон);
— почтаи электронии муаллиф/муаллифон (телефон барои тамоси муҳаррирон).
НОМИ МАҚОЛА
Бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ оварда мешавад.
КАЛИДВОЖАҲО
Бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ оварда мешаванд. Калидвожаҳо ё ибораҳо аз якдигар бо аломати вергул (,) ҷудо карда мешаванд.
АННОТАТСИЯ
Бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ оварда мешавад.
ОРОИШИ МАТН
Ҳошияҳои саҳифа: 3 см — аз чап; 1 см — аз рост; 2 см — аз боло ва 2 см — аз поён.
Намуди ҳуруф: Times New Roman TJ анд.14; Times New Roman 14 кгл (барои матни русӣ).
Фосилаи камтарини миёни сатрҳо — аз 1.5.
Сархат: 1.25.
Талабот ба матн ва истинодҳои дохили матн: «навъи китобӣ»; бидуни саҳифагузорӣ; бе кӯчонидани калима аз сатр ба сатр; истиноди библиографӣ ба сарчашма дар дохили матн, бо ишораи рақамҳо дар дохили қавси кунҷӣ: «[1]»ишора мешавад. Агар саҳифа дошта бошад: «[1, 12]». Такрори истинод бо ишораи рақами истиноди қаблӣ ва рақами саҳифаи нав меояд.
Барномаи таҳрирӣ: бастаи барномаҳои Microsoft Office — Word 2003 ё Word 2007.
Номи мақола: дар маркази сатр; бе фосила; бо ҳарфҳои калон.
Матн: баробаркунӣ – «аз рӯйи паҳно».
Ҳаҷми мақола: на камтар аз 8 саҳифа (барои мақолаи илмӣ)
ШАКЛИ НАМУНАВИИ БАРАСМИЯТДАРОРИИ
ФЕҲРИСТҲОИ БИБЛИОГРАФӢ
МАҚОЛА АЗ МАҶАЛЛАҲО ВА МАҶМӮАҲО
Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2004, №12, қ.1, мод. 699.
Баҳриддинов С.Э. Доир ба баъзе масъалаҳои назарияи пешгирии ҷинояткорӣ // Идоракунии давлатӣ. 2011. №1. С. 68-72.
МОНОГРАФИЯҲО:
Тарасова В.И. Таърихи сиёсии Амрикои Лотинӣ: китоби дарсӣ барои мактаби олӣ. – нашри 2-юм. – М. : Проспект, 2006. С. 305-412.
АВТОРЕФЕРАТҲО
Глухов В.А.Таҳқиқот, коркард ва бунёд кардани низоми электронии санадрасонӣ дар китобхона: Автореф. дисс. номз. илм.техн. наук. — Новосибирск, 2000. -18 с.
ДИССЕРТАТСИЯҲО
Фенухин В.И. Низоъҳои этносиёсии дар Россияи муосир: дар мисоли минтақаи Қафқози Шимолӣ: Дисс. … номз. илм. сиёсӣ. — М., 2002. С. 54-55.
ШАРҲҲОИ ТАҲЛИЛӢ
Иқтисодиёт ва сиёсати Россия ва давлатҳои хориҷаи наздик : шарҳи таҳлилӣ, апр. 2007 / Акад. Илм. Россия, Пажӯҳиш. иқтисоди ҷаҳонӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ. — М. : ПИҶМБ, 2007. — 39 с.
МАВОДИ КОНФЕРЕНСИЯҲО
Бостоншиносӣ: таърих ва дурнамо: маҷ.мақ. Конфр. якуми минтақавӣ, Ярославл, 2003.-350 с.
ҲУҶҶАТҲО АЗ ИНТЕРНЕТ
Смертина П. Бонкдорӣ. [Манбаи электронӣ] //URL:http://www.banki.ru/news/bankpress/ (санаи муроҷиат: 12.09.2016).