МАКТУБИ ИТТИЛООТӢ
- Автор apatj
- Категория - Хабарҳои академия, Эълонҳо
Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои 11-12 ноябри соли 2022 Конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявиро дар мавзуи «Худидоракунии маҳаллӣ: дастовардҳо, мушкилот ва дурнамои рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор менамояд. Дар Конференсияи мазкур олимон, муҳаққиқони пажуҳишгоҳҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, муассисаҳои таҳсилоти олии касбии дохил ва хориҷи кишвар, ҳамзамон, мақомот ва идораҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват карда мешаванд.
Дар конференсия масъалаҳои зерин баррасӣ мешаванд:
- Назарияҳои асосии худидоракунии маҳаллӣ;
- Мушкилот ва дурнамои рушди мақомоти худидоракунии маҳаллӣ;
- Ҳамкории мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо мақомоти худидоракунии маҳаллӣ;
- Дастовардҳои мақомоти худидоракунии маҳаллӣ дар замони истиқлоли давлатӣ;
- Таҳқиқи масъалаҳои актуалии идоракунии давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ;
- Такмили салоҳияти мақомоти худидоракунии маҳаллӣ;
- Баланд бардоштани самаранокии низоми худидоракунии маҳаллӣ дар марҳилаи соҳибистиқлолии Тоҷикистон;
- Масъалаҳои ташаккул, ташкили заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ, моҳият ва принсипҳои фаъолияти мақомоти худидоракунии маҳаллӣ;
- Масъалаи таносуби такрори функсияҳо дар мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии маҳаллӣ ва таъсири он ба самаранокии фаъолияти мақомот;
- Рушди қонунгузории худидоракунии маҳаллӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлол;
- Ташаккули худидоракунии маҳаллӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон;
- Асосҳои амалишавии ҳуқуқи худидораи маҳаллӣ дар замони соҳибистиқлол;
- Шаклҳои иштироки аҳолӣ дар худидоракунии маҳаллӣ.
Масъулияти хатоҳо имлоӣ, техникӣ, мазмунӣ ва дигар намуди нуқсонҳо дар матни маърӯза ба зиммаи муаллиф вогузор карда мешавад.
Матни мақолаҳои иштирокчиёни конференсия, ки аз ҷиҳати мазмун ба талаботи замимашуда мувофиқат намуда, бо тавсияи ҳайати таҳририя дар шакли маҷмуаи маводи конференсия то баргузорӣ нашр карда мешаванд. Бақайдгирӣ ва пешниҳоди мақола ба Пажӯҳишгоҳи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ ва кафедраи идоракунии давлатӣ ва ҳуқуқи иқтисодии Академия манзур мегардад.
Суроғаи пайвастшавӣ ба конференсия дар реҷаи онлайн на камтар аз се рӯз пеш аз баргузорӣ ба почтаи электронии иштирокчиён ирсол мегардад.
Забони баргузории конференсия: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ.
Вақти баргузории конференсия: соати 09:00 (ба вақти Душанбе).
Платформаи конфронс: Microsoft Teams.
Суроғаи мо: Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734003, шаҳри Душанбе, кӯчаи Саид Носир 33, www.apa.tj.
Кумитаи тадорукот: Пажуҳишгоҳи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ, кафедраи идораи давлатӣ ва ҳуқуқи иқтисодӣ.
E-mail: ssssharif@mail.ru, fasikhov83@mail.ru
Тел: (+992) (37) 228-91-51; (+992) 927-57-32-28; 918-71-97-19
ТАЛАБОТ БАРОИ ЧОПИ МАҚОЛА
Дар ҳар як мақолаи илмии пешниҳодгардида бояд маълумоти зерин ҷой дошта бошад:
МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ МУАЛЛИФ/ МУАЛЛИФОН
— насаб, ном ва номи падари муаллиф/ муаллифон (бо забони тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ);
— номи пурраи мақомот – вазифа, рутба, унвони илмӣ, агар хориҷӣ бошад – шаҳр, давлат (бо се забон);
— почтаи электронии муаллиф/муаллифон (телефон барои тамоси муҳаррирон).
НОМИ МАҚОЛА
Бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ оварда мешавад.
КАЛИДВОЖАҲО
Бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ оварда мешаванд. Калидвожаҳо ё ибораҳо аз якдигар бо аломати вергул (,) ҷудо карда мешаванд.
АННОТАТСИЯ
Бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ оварда мешавад.
ОРОИШИ МАТН
Ҳошияҳои саҳифа: 3 см — аз чап; 1 см — аз рост; 2 см — аз боло ва 2 см — аз поён.
Намуди ҳуруф: Times New Roman TJ анд.14; Times New Roman 14 кгл (барои матни русӣ).
Фосилаи камтарини миёни сатрҳо — аз 1.5.
Сархат: 1.25.
Талабот ба матн ва истинодҳои дохили матн: «навъи китобӣ»; бидуни саҳифагузорӣ; бе кӯчонидани калима аз сатр ба сатр; истиноди библиографӣ ба сарчашма дар дохили матн, бо ишораи рақамҳо дар дохили қавси кунҷӣ: «[1]»ишора карда мешавад. Агар саҳифа дошта бошад: «[1, 12]». Такрори истинод бо ишораи рақами истиноди қаблӣ ва рақами саҳифаи нав меояд.
Барномаи таҳрирӣ: бастаи барномаҳои Microsoft Office — Word 2003 ё Word 2007.
Номи мақола: дар маркази сатр; бе фосила; бо ҳарфҳои калон.
Матн: баробаркунӣ – «аз рӯйи паҳно».
Ҳаҷми мақола: на камтар аз 8 саҳифа (барои мақолаи илмӣ)
ШАКЛИ НАМУНАВИИ БАРАСМИЯТДАРОРИИ ФЕҲРИСТҲОИ БИБЛИОГРАФӢ
МАҚОЛА АЗ МАҶАЛЛАҲО ВА МАҶМӮАҲО
Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2004, №12, қ.1, мод. 699.
Баҳриддинов С.Э. Доир ба баъзе масъалаҳои назарияи пешгирии ҷинояткорӣ // Идоракунии давлатӣ. 2011. №1. С. 68-72.
МОНОГРАФИЯҲО:
Тарасова В.И. Таърихи сиёсии Амрикои Лотинӣ: китоби дарсӣ барои мактаби олӣ. – нашри 2-юм. – М. : Проспект, 2006. С. 305-412.
АВТОРЕФЕРАТҲО
Глухов В.А.Таҳқиқот, коркард ва бунёд кардани низоми электронии санадрасонӣ дар китобхона: Автореф. дисс. … номз. илм.техн. наук. — Новосибирск, 2000. -18 с.
ДИССЕРТАТСИЯҲО
Фенухин В.И. Низоъҳои этносиёсии дар Россияи муосир: дар мисоли минтақаи Қафқози Шимолӣ: Дисс. … номз. илм. сиёсӣ. — М., 2002. С. 54-55.
ШАРҲҲОИ ТАҲЛИЛӢ
Иқтисодиёт ва сиёсати Россия ва давлатҳои хориҷаи наздик : шарҳи таҳлилӣ, апр. 2007 / Акад. Илм. Россия, Пажӯҳиш. иқтисоди ҷаҳонӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ. — М. : ПИҶМБ, 2007. — 39 с.
МАВОДИ КОНФЕРЕНСИЯҲО
Бостоншиносӣ: таърих ва дурнамо: маҷ.мақ. Конфр. якуми минтақавӣ, Ярославл, 2003. 350 с.
ҲУҶҶАТҲО АЗ ИНТЕРНЕТ
Смертина П. Бонкдорӣ. [Манбаи электронӣ] //URL:http://www.banki.ru/news/bankpress/ (санаи муроҷиат: 12.09.2016).