МАКТУБИ ИТТИЛООТӢ
Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 16 июни соли 2023 бахшида ба 26-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва истиқрори сулҳ, Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявиро таҳти унвони “Масъалаҳои мубрами пешгирӣ ва муқовимат бо ифротгароии динӣ ва терроризм дар шароити муосир” баргузор менамояд. Дар Конференсияи мазкур олимон, муҳаққиқони пажуҳишгоҳҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, муассисаҳои таҳсилоти олии касбии дохил ва хориҷи кишвар, ҳамзамон мақомот ва идораҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват карда мешаванд.
Дар конференсия масъалаҳои зерин баррасӣ карда мешаванд:
- Саҳми Пешвои миллат дар самти мубориза бо ифротгароӣ, терроризм ва хатарҳои глобалӣ;
- Роҳҳои пешгирӣ ва мубориза бо терроризми байналмилалӣ;
- Ҷумҳурии Тоҷикистон пешоҳанги мубориза ба таҳдидҳои замони муосир;
- Тарзу усулҳои пешгирии ифротгароии динӣ;
- Ҳифзи арзишҳои миллӣ омили муҳимми пешгирии ифротгароӣ ва терроризм;
- Таъмини амнияти иттилоотӣ омили муҳимми пешгирии ифротгароӣ ва терроризм;
- Кибертерроризм ва киберэкстремизм ҳамчун таҳдидҳои муосир ба амнияти миллӣ ва байналмилалӣ.
Масъулияти норасоиҳои имлоӣ, техникӣ, мазмунӣ ва дигар нуқсонҳо дар матни маъруза ба зиммаи муаллиф мебошад.
Матни мақолаҳои иштирокчиёни конференсия, ки ба талаботи замимашуда мувофиқат мекунанд бо тавсияи ҳайати таҳририя дар шакли маҷмӯаи маводи конференсия нашр карда мешаванд. Муаллифон метавонанд мақолаҳои худро то 10 июни соли равон ба Маркази омӯзиши “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон” ва ба кафедраи психология ва сотсиологияи идоракунӣ тавассути почтаи abilova.78@mail.ru ирсол намоянд.
Суроғаи пайвастшавӣ ба конференсия дар реҷаи онлайн на камтар аз се рӯз пеш аз баргузорӣ ба почтаи электронии иштирокчиён ирсол мегардад.
Забони баргузории конференсия: тоҷикӣ, русӣ, англисӣ.
Вақти баргузории конференсия: соати 10:00 (ба вақти Душанбе)
Суроғаи мо: Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734003, шаҳри Душанбе, кӯчаи Саид Носир, 33, www.apa.tj.
Кумитаи тадорукот: Маркази омӯзиши “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон, Кафедраи психология ва сотсиологияи идоракунӣ.
E-mail: sdl6868@mail.ru; nushofarin.mirzoeva@bk.ru Тел: (+992) 93-370-06-00; 904-37-98-98; 918-79-08-87.
ТАЛАБОТ БАРОИ ЧОПИ МАҚОЛА
Дар ҳар як мақолаи илмии пешниҳодгардида бояд маълумоти зерин ҷой дошта бошад:
МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ МУАЛЛИФ/ МУАЛЛИФОН
— насаб, ном ва номи падари муаллиф/ муаллифон (бо забони тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ);
— номи пурраи мақомот – вазифа, рутба, унвони илмӣ, агар хориҷӣ бошад – шаҳр, давлат (бо се забон);
— почтаи электронии муаллиф/муаллифон (телефон барои тамоси муҳаррирон).
НОМИ МАҚОЛА
Бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ оварда мешавад.
КАЛИДВОЖАҲО
Бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ оварда мешаванд. Калидвожаҳо ё ибораҳо аз якдигар бо аломати вергул (,) ҷудо карда мешаванд.
АННОТАТСИЯ
Бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ оварда мешавад.
ОРОИШИ МАТН
Ҳошияҳои саҳифа: 3 см — аз чап; 1 см — аз рост; 2 см — аз боло ва 2 см — аз поён.
Намуди ҳуруф: Times New Roman 14 кгл.
Фосилаи камтарини миёни сатрҳо — аз 1.5.
Сархат: 1.25.
Талабот ба матн ва истинодҳои дохили матн: «навъи китобӣ»; бидуни саҳифагузорӣ; бе кӯчонидани калима аз сатр ба сатр; истиноди библиографӣ ба сарчашма дар дохили матн, бо ишораи рақамҳо дар дохили қавси кунҷӣ: «[1]»ишора карда мешавад. Агар саҳифа дошта бошад: «[1, 12]». Такрори истинод бо ишораи рақами истиноди қаблӣ ва рақами саҳифаи нав меояд.
Барномаи таҳрирӣ: бастаи барномаҳои Microsoft Office — Word 2003 ё Word 2007.
Номи мақола: дар маркази сатр; бе фосила; бо ҳарфҳои калон.
Матн: баробаркунӣ – «аз рӯйи паҳно».
Ҳаҷми мақола: на камтар аз 8 саҳифа (барои мақолаи илмӣ)
ШАКЛИ НАМУНАВИИ БАРАСМИЯТДАРОРИИ ФЕҲРИСТҲОИ БИБЛИОГРАФӢ
МАҚОЛА АЗ МАҶАЛЛАҲО ВА МАҶМӮАҲО
Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2004, №12, қ.1, мод. 699.
Баҳриддинов С.Э. Доир ба баъзе масъалаҳои назарияи пешгирии ҷинояткорӣ // Идоракунии давлатӣ. 2011. №1. С. 68-72.
МОНОГРАФИЯҲО
Тарасова В.И. Таърихи сиёсии Амрикои Лотинӣ: китоби дарсӣ барои мактаби олӣ. – нашри 2-юм. – М. : Проспект, 2006. С. 305-412.
АВТОРЕФЕРАТҲО
Глухов В.А.Таҳқиқот, коркард ва бунёд кардани низоми электронии санадрасонӣ дар китобхона: Автореф. дисс. … номз. илм.техн. наук. — Новосибирск, 2000. -18 с.
ДИССЕРТАТСИЯҲО
Фенухин В.И. Низоъҳои этносиёсии дар Россияи муосир: дар мисоли минтақаи Қафқози Шимолӣ: Дисс. … номз. илм. сиёсӣ. — М., 2002. С. 54-55.
ШАРҲҲОИ ТАҲЛИЛӢ
Иқтисодиёт ва сиёсати Россия ва давлатҳои хориҷаи наздик : шарҳи таҳлилӣ, апр. 2007 / Акад. Илм. Россия, Пажуҳиш. иқтисоди ҷаҳонӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ. — М. : ПИҶМБ, 2007. — 39 с.
МАВОДИ КОНФЕРЕНСИЯҲО
Бостоншиносӣ: таърих ва дурнамо: маҷ.мақ. Конфр. якуми минтақавӣ, Ярославл, 2003. 350 с.
ҲУҶҶАТҲО АЗ ИНТЕРНЕТ
Смертина П. Бонкдорӣ. [Манбаи электронӣ] //URL:http://www.banki.ru/news/bankpress/ (санаи муроҷиат: 12.09.2016).