МАКТУБИ ИТТИЛООТӢ

Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 13 октябри соли 2023 Конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявиро таҳти унвони “Саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккул ва рушди хизмати давлатӣ” баргузор менамояд. Дар Конференсия олимон, муҳаққиқони пажуҳишгоҳҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, муассисаҳои таҳсилоти олии касбии дохил ва хориҷи кишвар, мақомот ва идораҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват карда мешаванд.

Дар конференсия масъалаҳои зерин баррасӣ мешаванд:

  • Хизмати давлатӣ зодаи замони Истиқлоли давлатии Тоҷикистон;
  • Нақши калидии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккул ва таҳаввули хизмати давлатӣ дар Тоҷикистон;
  • Низоми хизмати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Марҳилаҳои муҳимтарини рушди соҳаи хизмати давлатӣ;
  • Мақоми ваколатдори соҳаи хизмати давлатии Тоҷикистон: аз таъсис то ба имрӯз;
  • Заминаҳои ҳуқуқии хизмати давлатӣ;
  • Консепсияи сиёсати давлатии кадрҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Нақши Пешвои миллат оид ба баланд бардоштани сифатҳои касбӣ ва ахлоқии хизматчиёни давлатӣ.

 

Матни мақолаҳои иштирокчиёни конференсия, ки ба талаботи замимашуда мувофиқат мекунанд, бо тавсияи ҳайати таҳририя дар шакли маҷмуаи маводи конференсия нашр карда мешаванд. Муаллифон метавонанд мақолаҳои худро то санаи 1 – октябри соли равон  ба Маркази омӯзиши “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон” ва факултети идоракунии давлатӣ тавассути суроғаи: E-mail: nazira.amirbek73@mail.rumim-1212@mail.ru  ирсол намоянд.

Суроғаи пайвастшавӣ ба конференсия дар реҷаи онлайн на камтар аз се рӯз пеш аз баргузорӣ ба почтаи электронии иштирокчиён ирсол мегардад.

Забони баргузории конференсия: тоҷикӣ ва русӣ;

Вақти баргузории конференсия: соати 10:00 (ба вақти Душанбе)

Суроғаи мо: Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734003, шаҳри Душанбе, кӯчаи Саид Носир, 33, www.apa.tj.

Кумитаи тадорукот: Раёсати илм ва инноватсия, Маркази омӯзиши “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон, факултети идоракунии давлатӣ.

E-mail:  nazira.amirbek73@mail.rumim-1212@mail.ru

Тел: 2-28-91-92; (+992) 934-10-00-44;

ТАЛАБОТ БАРОИ ЧОПИ МАҚОЛА

Дар ҳар як мақолаи илмии пешниҳодгардида бояд маълумоти зерин ҷой дошта бошад:

МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ МУАЛЛИФ/ МУАЛЛИФОН

– насаб, ном ва номи падари муаллиф/ муаллифон (бо забони тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ);

– номи пурраи мақомот – вазифа, рутба, унвони илмӣ, агар хориҷӣ бошад –  шаҳр, давлат (бо се забон);

– почтаи электронии муаллиф/муаллифон (телефон барои тамоси муҳаррирон).

НОМИ МАҚОЛА

Бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ оварда мешавад.

КАЛИДВОЖАҲО

Бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ оварда мешаванд. Калидвожаҳо ё ибораҳо аз якдигар бо аломати вергул (,) ҷудо карда мешаванд.

АННОТАТСИЯ

Бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ оварда мешавад.

ОРОИШИ МАТН

Ҳошияҳои саҳифа: 3 см – аз чап; 1 см – аз рост; 2 см – аз боло ва 2 см – аз поён.

Намуди ҳуруф: Times New Roman TJ анд.14; Times New Roman 14 кгл (барои матни русӣ).

Фосилаи камтарини миёни сатрҳо – аз 1.5.

Сархат: 1.25.

Талабот ба матн ва истинодҳои дохили матн: «навъи китобӣ»; бидуни  саҳифагузорӣ; бе кӯчонидани калима аз сатр ба сатр; истиноди библиографӣ ба сарчашма дар дохили матн, бо ишораи рақамҳо дар дохили қавси кунҷӣ: «[1]»ишора карда мешавад. Агар саҳифа дошта бошад: «[1, 12]». Такрори истинод бо ишораи рақами истиноди қаблӣ ва рақами саҳифаи нав меояд.

Барномаи таҳрирӣ: бастаи барномаҳои Microsoft Office – Word 2003 ё Word 2007.

Номи мақола: дар маркази сатр; бе фосила; бо ҳарфҳои калон.

Матн: баробаркунӣ – «аз рӯйи паҳно».

Ҳаҷми мақола: на камтар аз 8 саҳифа (барои мақолаи илмӣ)

ШАКЛИ НАМУНАВИИ БАРАСМИЯТДАРОРИИ ФЕҲРИСТҲОИ БИБЛИОГРАФӢ

МАҚОЛА АЗ МАҶАЛЛАҲО ВА МАҶМӮАҲО

Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2004, №12, қ.1, мод. 699.

Баҳриддинов С.Э. Доир ба баъзе масъалаҳои назарияи пешгирии ҷинояткорӣ // Идоракунии давлатӣ. 2011. №1. С. 68-72.

МОНОГРАФИЯҲО:

Тарасова В.И. Таърихи  сиёсии Амрикои Лотинӣ: китоби дарсӣ барои мактаби олӣ. – Нашри 2-юм. – М. : Проспект, 2006. С. 305-412.

АВТОРЕФЕРАТҲО

Глухов В.А.Таҳқиқот, коркард ва бунёд кардани низоми электронии санадрасонӣ  дар китобхона: Автореф. дисс. … номз. илм.техн. наук. – Новосибирск, 2000. -18 с.

ДИССЕРТАТСИЯҲО

Фенухин В.И. Низоъҳои этносиёсӣ дар Россияи муосир: дар мисоли минтақаи Қафқози Шимолӣ: Дисс. … номз. илм. сиёсӣ. – М., 2002. С. 54-55.

ШАРҲҲОИ ТАҲЛИЛӢ

Иқтисодиёт ва сиёсати Россия ва давлатҳои хориҷаи наздик : шарҳи таҳлилӣ, апр. 2007 / Акад. Илм. Россия, Пажуҳиш. иқтисоди ҷаҳонӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ. – М. : ПИҶМБ, 2007. – 39 с.

МАВОДИ КОНФЕРЕНСИЯҲО

Бостоншиносӣ: таърих ва дурнамо: маҷ.мақ. Конфр. якуми минтақавӣ, Ярославл, 2003. – 350 с.

ҲУҶҶАТҲО АЗ ИНТЕРНЕТ

Смертина П. Бонкдорӣ. [Манбаи электронӣ] //URL:http://www.banki.ru/news/bankpress/ (санаи муроҷиат: 12.09.2023).

Похожие записи