МАКТУБИ ИТТИЛООТӢ

Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 28 сентябри соли 2021 Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявиро таҳти унвони «Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккул ва рушди давлатдории миллӣ» баргузор менамояд. Дар Конференсияи мазкур олимон, муҳаққиқони пажуҳишгоҳҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, муассисаҳои таҳсилоти олии касбии дохили кишвар, ҳамзамон мақомот ва идораҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват карда мешаванд.
 
Дар конференсия масъалаҳои зерин баррасӣ карда мешаванд:
  • Вазъи сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтомии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ибтидои солҳои 90-уми асри XX;
  • Истиқлол ва раванди таҳкими давлатдории миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Эмомалӣ Раҳмон бунёдгузори фарҳанги сулҳ дар Тоҷикистон;
  • Таҳкими ҷанбаҳои сиёсӣ-ҳуқуқии низоми идоракунии давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Эмомалӣ Раҳмон бунёдгузори сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар эҳёи арзишҳои миллӣ;
  • Масъалаи таъмини амният ва ҳифзи манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Рушди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ;
  • Рушди соҳаи маориф ва илм дар даврони соҳибистиқлолӣ;
  • Дастоврдҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар зарфи 30 соли соҳибистиқлолӣ;
  • Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 ва нақши он дар мукаммалгардонии бахши иқтисодиёт.
 
Масъулияти хатогии имлоӣ, техникӣ, мазмунӣ ва дигар намуди нуқсонҳо дар матни маъруза ба зиммаи муаллиф вогузор карда мешавад. Матни мақолаҳои иштирокчиёни конференсия, ки аз ҷиҳати мазмун ба талаботи замимашуда мувофиқат намуда то 20 сентябри соли 2021 пешниҳод мегарданд, бо тавсияи ҳайати таҳририя дар шакли маҷмӯаи маводи конференсия нашр карда мешаванд.
 
Бақайдгирӣ ва пешниҳоди мақолаҳо ба Маркази омӯзиши «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон» тавассути суроғаи sdl6868@mail.ru сурат мегирад.
 
Забони баргузории конференсия: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ
Вақти баргузории конференсия: соати 09:00 (ба вақти Душанбе)
 
Суроғаи мо: Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734003, шаҳри Душанбе, кӯчаи Саид Носир 33.
 
Кумитаи тадорукот: Маркази омӯзиши “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон», кафедраи дипломатия ва муносибатҳои байналмилалӣ.
 
E-mail: sdl6868@mail.ru
Тел.: (+992) 93-370-06-00; 2-28-91-92

 

ТАЛАБОТ БАРОИ ЧОПИ МАҚОЛА

 

Дар ҳар як мақолаи илмии пешниҳодгардида бояд маълумоти зерин ҷой дошта бошад:

МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ МУАЛЛИФ/ МУАЛЛИФОН

— насаб, ном ва номи падари муаллиф/ муаллифон (бо забони тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ);

— номи пурраи мақомот – вазифа, рутба, унвони илмӣ, агар хориҷӣ бошад –  шаҳр, давлат (бо се забон);

— почтаи электронии муаллиф/муаллифон (телефон барои тамоси муҳаррирон).

НОМИ МАҚОЛА

Бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ оварда мешавад.

КАЛИДВОЖАҲО

Бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ оварда мешаванд. Калидвожаҳо ё ибораҳо аз якдигар бо аломати вергул (,) ҷудо карда мешаванд.

АННОТАТСИЯ

Бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ оварда мешавад.

ОРОИШИ МАТН

Ҳошияҳои саҳифа: 3 см — аз чап; 1 см — аз рост; 2 см — аз боло ва 2 см — аз поён.

Намуди ҳуруф: Times New Roman TJ анд.14; Times New Roman 14 кгл (барои матни русӣ).

Фосилаи камтарини миёни сатрҳо — аз 1.5.

Сархат: 1.25.

Талабот ба матн ва истинодҳои дохили матн: «навъи китобӣ»; бидуни  саҳифагузорӣ; бе кӯчонидани калима аз сатр ба сатр; истиноди библиографӣ ба сарчашма дар дохили матн, бо ишораи рақамҳо дар дохили қавси кунҷӣ: «[1]»ишора карда мешавад. Агар саҳифа дошта бошад: «[1, 12]». Такрори истинод бо ишораи рақами истиноди қаблӣ ва рақами саҳифаи нав меояд.

Барномаи таҳрирӣ: бастаи барномаҳои Microsoft Office — Word 2003 ё Word 2007.

Номи мақола: дар маркази сатр; бе фосила; бо ҳарфҳои калон.

Матн: баробаркунӣ – «аз рӯйи паҳно».

Ҳаҷми мақола: на камтар аз 8 саҳифа (барои мақолаи илмӣ)

 

ШАКЛИ НАМУНАВИИ БАРАСМИЯТДАРОРИИ ФЕҲРИСТҲОИ БИБЛИОГРАФӢ

МАҚОЛА АЗ МАҶАЛЛАҲО ВА МАҶМӮАҲО

Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2004, №12, қ.1, мод. 699.

Баҳриддинов С.Э. Доир ба баъзе масъалаҳои назарияи пешгирии ҷинояткорӣ // Идоракунии давлатӣ. 2011. №1. С. 68-72.

МОНОГРАФИЯҲО:

Тарасова В.И. Таърихи  сиёсии Амрикои Лотинӣ: китоби дарсӣ барои мактаби олӣ. – нашри 2-юм. – М. : Проспект, 2006. С. 305-412.

АВТОРЕФЕРАТҲО

Глухов В.А.Тањқиқот, коркард ва бунёд кардани низоми электронии санадрасонӣ  дар китобхона: Автореф. дисс. … номз. илм.техн. наук. — Новосибирск, 2000. -18 с.

ДИССЕРТАТСИЯҲО

Фенухин В.И. Низоъҳои этносиёсии дар Россияи муосир: дар мисоли минтақаи Қафқози Шимолӣ: Дисс. … номз. илм. сиёсӣ. — М., 2002. С. 54-55.

ШАРҲҲОИ ТАҲЛИЛӢ

Иқтисодиёт ва сиёсати Россия ва давлатњои хориљаи наздик : шарњи тањлилӣ, апр. 2007 / Акад. Илм. Россия, Пажӯњиш. иқтисоди ҷаҳонӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ. — М. : ПИҶМБ, 2007. — 39 с.

МАВОДИ КОНФЕРЕНСИЯҲО

Бостоншиносӣ: таърих ва дурнамо: маҷ.мақ. Конфр. якуми минтақавӣ, Ярославл, 2003. 350 с.

САРЧАШМАҲОИ ИНТЕРНЕТӢ

Смертина П. Бонкдорӣ. [Манбаи электронӣ] //URL:http://www.banki.ru/news/bankpress/ (санаи муроҷиат: 12.09.2016).

Похожие записи