МАКТУБИ ИТТИЛООТӢ

Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 15 ноябри соли 2021 Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалиро таҳти унвони “Нақши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар иқтисодиёти миллӣ” бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солҳои 2020-2040 эълон намудани “Бистсолаи омўзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” баргузор менамояд. Дар Конференсияи мазкур олимон, муҳаққиқони пажӯҳишгоҳҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, муассисаҳои таҳсилоти олии касбии дохили кишвар, ҳамзамон мақомот ва идораҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват карда мешаванд.

 

Дар конференсия масъалаҳои зерин баррасӣ карда мешаванд:

 

  • Нақши Пешвои миллат дар рушди соҳаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар даврони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Омўзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ — талаботи замон;
  • Дастгириҳо ва роҳнамоиҳои Пешвои миллат ҷиҳати омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ ва риёзӣ;
  • Усулҳо ва моделҳои риёзии рушди устувори иқтисоди миллӣ ва соҳаҳои он;
  • Нақши озмуни ҷумҳуриявии Илм-фурӯғи маърифатдар тарбияи ғоявӣ ,миллӣ, хештаншиносии миллӣ, ватанпарастӣ, таҳаммул ва тоқатпазирии насли наврас;
  • Нақши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар рушди саноатикунонии кишвар;
  • Методикаи таълим дар раванди омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар тайёр намудани мутахассисони ҷавон;
  • Рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ — заминаи устувори навовариҳо ва пешрафти илму технология;
  • Татбиқи илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар иқтисодиёт;
  • Рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ – асоси иқтисоди рақамӣ;
  • Нақши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар таъмини бехатарии озуқаворӣ.

 

Масъулияти хатогии имлоӣ, техникӣ, мазмунӣ ва дигар намуди нуқсонҳо дар матни маъруза ба зиммаи муаллиф вогузор карда мешавад. Матни мақолаҳои иштирокчиёни конференсия, ки аз ҷиҳати мазмун ба талаботи замимашуда мувофиқат намуда то 9 ноябри соли 2021 пешниҳод мегарданд, бо тавсияи ҳайати таҳририя дар шакли маҷмӯаи маводи конференсия нашр карда мешаванд. Бақайдгирӣ ва пешниҳоди мақола ба кафедраи дахлдори кумитаи тадорукот манзур гардида, дар сурати иловагӣ муаллифон метавонанд мақолаҳои худро ба раёсати илм ва инноватсия тавассути суроғаи: murodali6161@mail.ru ва ilm-innovatsiya.did@hotmail.com ирсол намоянд.

 

Забони баргузории конференсия: тоҷикӣ ва русӣ, англисӣ;

Вақти баргузории конференсия: соати 09:00 (ба вақти Душанбе)

 

Суроғаи мо: Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734003, шаҳри Душанбе, кўчаи Саид Носир 33, www.apa.tj.

Кумитаи тадорукот: Факултети идоракунии давлатӣ; кафедраи илмҳои табиатшиносӣ ва риёзӣ (ошёнаи 11-ум)

 

E-mail: murodali6161@mail.ru

Тел.:   (+992) 985-61-30-61; (+992) 557-61-08-80

 

ТАЛАБОТ БАРОИ ЧОПИ МАҚОЛА

 

Дар ҳар як мақолаи илмии пешниҳодгардида бояд маълумоти зерин ҷой дошта бошад:

МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ МУАЛЛИФ/ МУАЛЛИФОН

— насаб, ном ва номи падари муаллиф/ муаллифон (бо забони тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ);

— номи пурраи мақомот – вазифа, рутба, унвони илмӣ, агар хориҷӣ бошад –  шаҳр, давлат (бо се забон);

— почтаи электронии муаллиф/муаллифон (телефон барои тамоси муҳаррирон).

НОМИ МАҚОЛА

Бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ оварда мешавад.

КАЛИДВОЖАҲО

Бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ оварда мешаванд. Калидвожаҳо ё ибораҳо аз якдигар бо аломати вергул (,) ҷудо карда мешаванд.

АННОТАТСИЯ

Бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ оварда мешавад.

ОРОИШИ МАТН

Ҳошияҳои саҳифа: 3 см — аз чап; 1 см — аз рост; 2 см — аз боло ва 2 см — аз поён.

Намуди ҳуруф: Times New Roman TJ анд.14; Times New Roman 14 кгл (барои матни русӣ).

Фосилаи камтарини миёни сатрҳо — аз 1.5.

Сархат: 1.25.

Талабот ба матн ва истинодҳои дохили матн: «навъи китобӣ»; бидуни  саҳифагузорӣ; бе кўчонидани калима аз сатр ба сатр; истиноди библиографӣ ба сарчашма дар дохили матн, бо ишораи рақамҳо дар дохили қавси кунҷӣ: «[1]»ишора карда мешавад. Агар саҳифа дошта бошад: «[1, 12]». Такрори истинод бо ишораи рақами истиноди қаблӣ ва рақами саҳифаи нав меояд.

Барномаи таҳрирӣ: бастаи барномаҳои Microsoft Office — Word 2003 ё Word 2007.

Номи мақола: дар маркази сатр; бе фосила; бо ҳарфҳои калон.

Матн: баробаркунӣ – «аз рўйи паҳно».

Ҳаҷми мақола: на камтар аз 8 саҳифа (барои мақолаи илмӣ)

 

ШАКЛИ НАМУНАВИИ БАРАСМИЯТДАРОРИИ

ФЕҲРИСТҲОИ БИБЛИОГРАФӢ

МАҚОЛА АЗ МАҶАЛЛАҲО ВА МАҶМӮАҲО

 

Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2004, №12, қ.1, мод. 699.

Баҳриддинов С.Э. Доир ба баъзе масъалаҳои назарияи пешгирии ҷинояткорӣ // Идоракунии давлатӣ. 2011. №1. С. 68-72.

МОНОГРАФИЯҲО:

Тарасова В.И. Таърихи  сиёсии Амрикои Лотинӣ: китоби дарсӣ барои мактаби олӣ. – нашри 2-юм. – М. : Проспект, 2006. С. 305-412.

АВТОРЕФЕРАТҲО

Глухов В.А.Таҳқиқот, коркард ва бунёд кардани низоми электронии санадрасонӣ  дар китобхона: Автореф. дисс. … номз. илм.техн. наук. — Новосибирск, 2000. -18 с.

ДИССЕРТАТСИЯҲО

Фенухин В.И. Низоъҳои этносиёсии дар Россияи муосир: дар мисоли минтақаи Қафқози Шимолӣ: Дисс. … номз. илм. сиёсӣ. — М., 2002. С. 54-55.

ШАРҲҲОИ ТАҲЛИЛӢ

Иқтисодиёт ва сиёсати Россия ва давлатҳои хориҷаи наздик : шарҳи таҳлилӣ, апр. 2007 / Акад. Илм. Россия, Пажўҳиш. иқтисоди ҷаҳонӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ. — М. : ПИҶМБ, 2007. — 39 с.

МАВОДИ КОНФЕРЕНСИЯҲО

Бостоншиносӣ: таърих ва дурнамо: маҷ.мақ. Конфр. якуми минтақавӣ, Ярославл, 2003. 350 с.

ҲУҶҶАТҲО АЗ ИНТЕРНЕТ

Смертина П. Бонкдорӣ. [Манбаи электронӣ] //URL:http://www.banki.ru/news/bankpress/ (санаи муроҷиат: 12.09.2016).

Похожие записи