МАОРИФ – БУНЁДГУЗОРИ МИЛЛАТИ МУТАМАДДИН

258216267_858529958158497_1615290606985918857_n

(Дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” аз 23.12.2022)

Тибқи муқаррароти моддаи 55 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон бо паёми худ дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ баромад менамояд. Президенти мамлакат Паёми навбатии худро “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” 23.12.2022 ироа намуданд.

 

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як ҳуҷҷати муҳимми сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва илмӣ мубадал гардидааст. Зеро Паёми Президент самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷиро муайян намуда, идоракунии давлатиро дар самтҳои мухталиф рушд медиҳад ва асоси такмил ва аз нав қабул гардидани қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мегардад. Аз он хотир Паёмро ҳамчун ҳуҷҷати илмӣ номбурдан мумкин аст, ки ҳама муҳаққиқони равияҳои гуманитарӣ ҳатман аз Паёми Президенти мамлакат истифода бурда, аз он иқтибосҳо дар корҳои илмии худ меоранд.

Дар ҳама давру замонҳо Ҳокимони одилу дурандеш, фозилу раъиятпарвар ба соҳаи маориф диққати махсус медоданд, ки боиси тараққиёт ва ташаккули давлатҳо мегардид. Аз оғози солҳои соҳибистиқлолӣ ва бо ба сари қудрат омадани Пешвои миллат соҳаи маориф яке аз соҳаҳои калидӣ ва самти афзалиятноки сиёсати давлат эълон гардид. Саҳми Президенти мамлакат дар нуфуз пайдо кардани соҳаи маориф ва боло бурдани мавқеи омӯзгор ниҳоят бузург аст. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама паёмҳои худ дар масъалаи маориф сухан мегуянд ва қайд менамоянд, ки соҳаи маориф соҳаи афзалиятноки сиёсати давлатӣ ба ҳисоб меравад.

Дар Паёми навбатӣ аз ҷониби Пешвои миллат иброз карда шуд, ки дар панҷ соли охир танҳо барои рушди соҳаҳои маориф ва тандурустӣ 36 миллиард сомонӣ равона гардида, ҳиссаи маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ дар ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ 44 фоизро ташкил кард. Дар давраи зикршуда аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 842 бинои муассисаи таълимӣ барои 382 ҳазор хонанда, аз ҷумла дар соли 2022-юм 190 бинои таълимӣ барои 87 ҳазор хонанда сохта, ба истифода дода шудааст. Дар 31 соли истиқлоли давлатӣ 3430 муассисаи нави таълимӣ барои қариб якуним миллион хонанда сохта, ба истифода дода шуд. Ҳол он ки дар 70 соли замони гузашта ҳамагӣ 3229 муассисаи таълимӣ бунёд гардида буд.

Дар баробари бунёди биноҳои муассисаҳои таълимӣ беҳтар кардани вазъи иҷтимоии кормандони соҳаи маориф, ки бе шубҳа таъминкунандагони рушди устувори соҳа мебошад, доимо зери диққати хоссаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Ин аст, ки дар Паёми навбати оид ба зиёд кардани музди меҳнати кормандони маорифу илм масъалагузорӣ ба миён гузошта шуда аз 1.07.2022 музди меҳнати кормандони соҳаи номбурда 20 фоиз зиёд карда мешавад.

Илова бар ин дар Паёми навбати аз ҷониби Пешвои миллат қайд карда шуд, ки: “Мо мактабро ба ҳайси боргоҳи илму дониш, саводу маърифат ва омӯзгорро чун шахси мафкурасозу тарбиятгари насли наврас эътироф карда, ба онҳо арҷу эҳтиром гузоштанро аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин медонем. Зеро агар мактаб ва омӯзгор набошад, сатҳи маърифатнокии мардум паст мегардад, миллат бесавод мемонад, ҷомеа ба ҷаҳолат гирифтор мешавад ва дар натиҷа оромиву сулҳу субот, амнияту осоиш ва муҳимтар аз ҳама, рушди давлат сахт халалдор мегардад. Таъкид гардид, ки бунёди миллати мутамаддин аз маориф оғоз меёбад”.

Пешвои миллат дар Паёми навбатии худ дар масъалаи соҳаи маориф суханҳои ниҳоят арзишманд гуфтанд, ки боиси руҳбаландии кормандони соҳа гардид. Аз ҷумла иброз доштанд, ки: “Мо дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумат рушди бонизоми соҳаи маориф, мақому манзалати омӯзгор ва фароҳам овардани шароити мусоиду беҳтарро барои наврасону ҷавонон яке аз самтҳои афзалиятнок дониста, барои рушди ин соҳаи муҳимми низоми иҷтимоӣ ҳамаи чораҳои заруриро роҳандозӣ карда истодаем. Мақсад аз амалӣ сохтани тамоми иқдомот дар самти рушди илму маориф баланд бардоштани сатҳи саводнокиву маърифатнокии миллат, мунтазам беҳтар гардонидани сатҳу сифати таълим ва тарбияи кадрҳои ба талаботи замона ҷавобгӯй мебошад. Фаромӯш набояд кард, ки пешрафти давлат ва ояндаи ободи Ватан аз сатҳи донишу маърифатнокии мардум вобастагии мустақим дорад. Зеро бесаводӣ, ҷаҳолат ва хурофот ба инсон танҳо бадбахтӣ меоварад ва боиси ақибмонии ҷомеа ва касодии давлат мегардад”.

Сиёсати маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат буд, ки бо таъсис додани Муассисаи давлатии “Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва шуроҳои диссертатсионии миллӣ, илми тоҷик истиқлолияти илмиро ба даст овард. Имрӯзҳо аспирантону унвонҷӯён, докторантон ва умуман муҳаққиқон метавонанд озодона рисолаҳои илмии худро дар дохили кишвар дифоъ намоянд. Бояд гуфт, ки ин имконот то таъсиси шуроҳои диссертатсионии миллӣ дар кишвар набуд ва намояндагони илм бо сарсониҳои зиёд дар хориҷи кишвар дифои рисолаҳои худро ба роҳ мемонданд ва қисме аз онҳо аз сабаби мушкилотҳо пайроҳаи илмро тарк мекарданд.

Таваҷҷуҳи навбатии Пешвои миллат баҳри рушди бо мароми соҳаи маориф ва махсусан мақому манзалати омӯзгор, кулли кормандони соҳаи маориф ва илми кишварро муаззаф менамояд, ки ҷавобан ба ғамхории пайвастаи Роҳбарияти Олии кишвар бо ҳисси баланди ватандӯстӣ, масъулиятнокӣ, дилу нияти пок ва аз худ гузаштанҳо уҳдадориҳои меҳнатии худро иҷро намуда, дар саводнок кардани миллат, маърифатнок кардани миллат, омода намудани кадрҳои ба талаботи байналмилал мутобиқ ва боло бурдани нуфузи маорифи кишвар дар ҷомеаи ҷаҳонӣ талоши бесобиқа варзанд.

 

Исмоил САЪДИЕВ,

мудири кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва хизмати давлатии Академия,

номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент

Похожие записи