“МАСОИЛИ МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ ДАР НИЗОМИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ ВА МАҚОМОТИ ХУДИДОРАКУНИИ ШАҲРАК ВА ДЕҲОТ”

IMG_20220725_103325 (1)

Дар мавзуи мазкур тибқи нақшаи кории Маркази такмили ихтисоси кормандони мақомоти муқовиматкунанда ба коррупсияи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷроиши бандҳои дахлдори Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва нақша-чорабиниҳои амалисозии он дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон семинари омӯзишӣ доир гардида истодааст.

 

Дар семинари мазкур ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор Ғафурзода Абдухалил, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои дахлдор, мушовир доир ба масоили идоракунии муносиби раёсати иқтисод ва ҳифзи муҳити зисти САҲА Штефан Ханиш, директори Маркази такмили ихтисоси кормандони мақомоти муқовиматкунанда ба коррупсияи Академия Қодирзода Далер ширкат доранд.

 

Семинари омӯзиширо ректори Академия, профессор Ғафурзода Абдухалил ифтитоҳ намуда, қайд намуд, ки коррупсия яке аз проблемаҳои ҷиддӣ барои рушди босуботи дилхоҳ кишвар мебошад ва мавҷуд будани он ба косташавии низоми идоракунии давлатӣ оварда мерасонад. Аз ин рӯ муқовимат ба коррупсия вазифаи ҳар як шахс мебошад.

 

Семинари мазкур то 30 июли соли ҷорӣ идома карда, он дар ноҳияҳои Дӯстӣ ва Ҷалолидини Балхӣ баргузор гардид ва рӯзҳои 29 ва 30 июл баргузории он дар ноҳияи Хуросон дар назар дошта шудааст.

 

Аксҳо

Похожие записи