МАСОИЛИ ҶАҲОНИИ ЭКОБИОЛОГӢ ВА ТАЪСИРИ ОН БА МУНОСИБАТҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВА РАВАНДИ ГЛОБАЛИЗАТСИОНӢ

193171558_760525341292293_8103196622639533341_n

Таҳти ҳамин унвон 28 майи соли 2021 дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ вобаста ба муаммоҳои ҷаҳони муосир баргузор гардид.

 

Дар конференсия ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон д.и.ҳ., профессор Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ, директори Пажӯҳишгоҳи равандҳои сиёсӣ, дипломатия ва масоили ҷаҳонишавӣ н.и.т. дотсент Бобозода Фаридун, ректори Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон н.и.и., дотсент Маҳмадалӣ Бахтиёр Набӣ, сардори раёсати захираҳои оби Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафурзода Тағоймурод, устоди Донишгоҳи саноатии Тюмен, н.и.и., дотсент Петренко Лариса Дмитриевна (тариқи онлайн), намояндагони муассисаҳои давлатии соҳавӣ, сафоратҳои кишварҳои дӯсту шарик ва созмонҳои байналмилалии соҳавӣ, шарикони хориҷии Академия ва дигар муассисаҳои илмию таълимии ҷумҳурӣ тариқи усули онлайнӣ ва анъанавӣ ширкат варзиданд.

 

Ректори Академия профессор Ғафурзода А.Д. конференсияро ҳусни ифтитоҳ бахшида, аз ҷумла иброз дошт, ки дар ҷаҳони муосир, масъалаҳои экологӣ беш аз пеш мавзӯи муҳокимаи олимон, сиёсатмадорон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ мегарданд. Ҷомеаи ҷаҳонӣ мехоҳад пайдоиши мушкилоти экологиро дарёфт намуда, роҳҳои ҳалли онҳоро пайдо кунад. Тоҷикистон тавассути кӯшишҳои хирадмандонаю пайгиронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри расидан ба ормонҳои миллӣ, муаррифии кишвар ва устувор гардонидани мавқеи хеш дар арсаи байналмилалӣ дар самтҳои дипломатия сабз, масъалаҳои экологӣ ва энержии сабз ба ҷаҳониён ташаббусҳои беназир пешниҳод намудааст. Бинобар ин, ташвиқу тарғиб намудани ин ташаббусҳои аҳамияти умумибашаридошта тавассути амалинамоии чорабиниҳои мухталифи илмиву амалӣ бевосита нақши босазои Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуда, диққати онҳоро баҳри ҳалли дастаҷамъонаи мушкилоти экологии имрӯза ҷалб менамояд.

 

Дар идомаи конференсия гуфта шуд, ки айни замон тибқи арзёбиҳои институтҳои СММ  ҳудуди нуҳсад миллион нафар аҳолии сайёра аз нарасидани оби нӯшокӣ танқисӣ кашида, қариб  се миллиард нафар аҳолии сайёра ба беҳдошти зиндагии замони муосир дастрасӣ надорад. Аз шаш як ҳиссаи аҳолии ҷаҳон ба маҳсулоти ғизоӣ дастрасии кофӣ надорад ва соли 2030 тақрибан 47% аҳолии ҷаҳон дар минтақаҳое, ки таҳти фишори шадиди нарасоии об қарор доранд, зиндагӣ хоҳанд кард. Дар соли 2050 аҳолии ҷаҳон то 9 хоҳад расид ва бо дарназардошти афзоиши босуръати аҳолӣ, олимону коршиносон то соли 2030  мушкилоти норасоии обро барои қариб 40%-и аҳолии ҷаҳон арзёбӣ менамоянд.

 

Маҳз ҳамин мушкилоти умумибашариро ба назар гирифта, бори аввал дар оғози асри ХХI дар сатҳи байналмиллалӣ масъалаи истифодабарӣ ва ҳифзи захираҳои об аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таваҷҷуҳи давлатдорони олам гузошта шуд ва ҷомеаи ҷаҳонӣ дар симои СММ ба сиёсати созандаву хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тафовуқ омада, ташаббусҳои пешниҳоднамудаи Роҳбарияти сиёсии Тоҷикистонро роҷеъ ба об хушнудона истиқбол намуд.

 

Иқдомҳои Сарвари давлати ба ҷунбиши нави сатҳи глобалӣ ҷиҳати андешидани чораҳои зарурии дастҷамъона ва татбиқи амалҳо ба хотири ҳифзи пиряхҳо аз обшавии босуръат ва нобудшавӣ такони ҷиддӣ хоҳанд дод.

 

Зимни ирои маърузаҳо аз ҷониби иштирокдорони конференсия таъкид гашт, ки ташаббус ва иқдомҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти расидан ба истиқлолияти энергетикӣ тавассути сохтмони неругоҳҳои хурду бузурги обӣ, бешубҳа риояи қоидаҳои байналмилалии дипломатияи сабз ва таъмини нигоҳдошти амнияти экологӣ дар минтақа ба ҳисоб мераванд. Дар ин замина, ҳалли муштараки масъалаҳои об барои ноил шудан ба рушди устувори минтақаи мо бояд яке аз ҷойгоҳҳои асосии муносибатҳои байнидавлатиро ишғол намояд. Танҳо ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории ҳамаҷонибаи кишварҳои минтақа дар истифодаи оқилонаи об, энергетика ва дигар захираҳои табиӣ метавонанд ба рушди устувори Осиёи Марказӣ мусоидат намуда, дар ҳалли мушкилоти энергетикӣ, озуқаворӣ ва экологӣ, ки мустақиман аз истифодаи оқилонаи ин захираҳо бармеоянд, саҳмгузор бошанд.

 

Дар фарҷоми конференсия ҷиҳати ҳалли мушкилоти минтақавию байнидавлатӣ дар ин соҳа аз ҷониби иштирокдорон пешниҳодҳо баён гаштанд, ки амалинамоии онҳо дар оянда дар рафъи мушкилоту ҳалли муаммоҳои ҷойдошта то андозае мусоидат хоҳад кард.

Похожие записи