МАШЪАЛИ МЕҲРИ ТУ АНДАР ҚАЛБҲО ТОБАНДА БОД!

омузгор

Саҳифаҳои заррини таърих бо тарбияи дурахшони устодон то имрӯз давом ёфта, ба худ нақши абадӣ касб кардаанд. Ва бо донишу малакаи худ пайкори муқаддаси хеш ҳамосаҳои шукӯҳманд ва ҷовидро дар созандагии инсон мутааҳҳид ба вуҷуд оварданд ва кохи баланди пояи илм ва фазилатро бино ниҳодаанд. Ногуфта намонад, ки маҳз ба шарофати муаллимон парчами тавҳиду ягонагӣ барафрошта гардидааст.

 

Ҳамасола 5 октябр зиёда аз сад давлат Рӯзи умумиҷаҳонии омӯзгорро ҷашн мегирад. Ин як иди касбӣ барои ҳама омӯзгорон ва кормандони соҳаи маориф аст, ки дар он нақш ва меҳнати омӯзгор дар раванди таълими босифати ҳамаи самтҳо ва саҳми бебаҳои онҳо дар рушди ҷомеа қайд карда мешавад. Конфронси махсуси байниҳукуматӣ оид ба мақоми омӯзгорон 5 октябри соли 1966 дар шаҳри Парижи Фаронса баргузор гардид, ки дар он таърихи ҷашни “Рӯзи муаллимон” эътироф гардид. Дар натиҷа, намояндагони ЮНЕСКО ва Созмони байналмилалии меҳнат санади тавсияҳоро оид ба “Мақоми омӯзгор” ба имзо расониданд. Аввалин маротиба 5 октябри соли 1994 Рӯзи умумиҷаҳонии омӯзгор ҷашн гирифта шуд ва аз он вақт инҷониб ин ҷашни бузург дар ҳамин рӯз ба рукни анъана даромадааст.

 

Тоҷикистони азизи мо низ дар қатори дигар мамолики дунё ба омӯзгорон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, шанбеи аввали моҳи октябр ин иди фараҳмандро ҷашн мегирад.

 

Вақте омӯзгор мегӯем, пеши назар чеҳраи нуронии шахсе намудор мегардад, ки тамоми ҳаёти хешро баҳри тарбияи насли наврас бахшидааст. Агар барои аз хоби ноз бедор сохтани табиат баҳор лозим бошад, пас баҳри саводнок шудану ба роҳи рост рафтани инсоният муаллим нақши калон дорад. Ҳеҷ кас аз батни модар оқилу донишманд ба дунё наомадааст. Хизмати муаллим аст, ки устод Рӯдакиро чун шоири шоирон, ҳаким Фирдавсиро чун муаллифи асари безаволи “Шоҳнома”, Айнӣ, Лоиқ, Турсунзода ва дигар адибони ҷовидонро ба камол расонид.

 

Муаллим касби пурифтихор ва бошарафтарин аст. Муаллим барои соҳибмаърифатии аҳли ҷомеа, соҳибтамаддунӣ, худшиносӣ, худогоҳӣ хизмат кардааст. Муаллим бо ақл, бо хирад ва таҳаммул муносибат мекунад. Бурдбор аст, сабур аст ва заҳмат ба харҷ медиҳад, то наслҳои инсониро ба камол расонад. Насли одӣ не, насли созанда, бунёдкор, дурандеш, худшинос, худогоҳ ва ҷомеасоз. Он ҷое, ки муаллим қадам мегузорад, эҳсос карда мешавад, ки пешорӯйи ӯ дастаи нур равон аст. Ин нур нури хирад, нури маърифат, нури дониш, нури солимии тафаккур аст. Ва он ҷое, ки нур аст, шароиту имконияте аст, ки мардум аз он баҳраманд шаванд. Муаллим ғарқи дарёи дониш, муаллим ғарқи анбуҳи китоб, муаллим шабзиндадор, муаллим ҳамқадаму ҳамнафаси қаламу дафтару китоб аст. Муаллим кӯшиш ба харҷ медиҳад, солҳои тӯлонӣ меомӯзад, то баҳри ҷомеа насли созандаву бунёдкорро ба воя расонад. Муаллим соҳиби андеша, соҳиби андарз, соҳиби панду ҳикмат аст. Калиди ҳамагуна дастоварду пешравӣ ва истиқлолияти фикрӣ муаллим – омӯзгор ва хазинаи маънавию илмии ӯ ба шумор меравад.

 

Ҷаҳони муосир, ки пур аз тазоду асрорҳои нуҳуфта аст, дар ҷустуҷӯи муҳассилинест, ки бояд сифатҳои ташаббускорӣ, навоварӣ, амалигардонӣ, тағйирпазирӣ, уҳдабаро, масъулиятшиносӣ ва созандагию бунёдкориро дошта бошанд. Онҳо бояд шахсони бомаърифат аз ҷиҳати маънавӣ – ахлоқӣ устувор ва кордоне бошанд, ки роҳҳои дастрас кардани ахбор (маълумот)-ро тавассути воситаҳои гуногун интихоб намуда, онро таҳлилу таркиб ва арзёбӣ намуда, масъалаҳои мураккаби олами атрофро дарк кунанд, мушкилиҳои гуногуни таълимию ҳаётиро пешгӯӣ ва ҳал карда тавонанд. Табиист, ки барои ташаккули ин сифатҳо маҳз мутахассисон, муҳаққиқони соҳаи маориф, омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ, ки бо дониш мусаллаҳанд, заминаи мусоид фароҳам оварда метавонанд. Мақоми устод, маснади муаллим, волотар аз он аст, ки мо имрӯз медонему дарк мекунем. Мехостам дар зер мисраи шеърие аз эҷоди собиқ мудири шуъбаи морифи ноҳияи Ишкошим устоди гиромиқадр Қадамалиев Айдибек биёрам, ки омӯзгорро чунин тавсиф кардааст:

 

Иди касбиат, муаллим, ҷовидон фархунда бод,

Обрӯят барқарору касби ту поянда бод.

Фахри халқу ифтихори миллатат бошӣ мудом,

Эй зиёи ақлу дониш, ҷои ту дар дида бод.

Ҳар якеро дар замираш меҳри ному касби туст,

Машъали меҳри ту андар қалбҳо тобанда бод.

То ки бошад дар баландиҳо туро доим мақом,

Миллати тоҷикро тахту фари арзанда бод.

Ҳастӣ доим нерубахши тору пуди рӯзгор,

Ё илоҳо, номи пурфахри ту доим зинда бод.

Чашмаи пояндаи илм, маҳзани фарҳангӣ ту,

Фонуси ирфони ту андар ҷаҳон рахшанда бод.

Тоҷу тахти миллати тоҷикро ҳастӣ нигин,

Ин нигин он тоҷро хоҳам мудом зебанда бод!

 

Панҷшанбе НАЗАРШОЕВ,

унвонҷӯи Академия

Похожие записи

Оставьте нам комментарий