“МАҚОМИ САРВАРӢ ДАР ТАЪЛИМОТИ МУТАФАККИРОНИ ФОРСУ ТОҶИК”

IMG-20211004-WA0031

Таҳти ин унвон имрӯз, 05 октябри соли 2021 дар факултети идоракунии давлатии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфили илмии донишҷӯёни назди кафедраи идоракунии захираҳои инсонӣ доир гардид.

 

Дар маҳфили мазкур донишҷӯён аз осори гаронмояи мутафаккирони Шарқ ва таълимоти онҳо дар мавриди роҳбарӣ, муносибат бо мардум, давлатдорӣ ва адолатгустарӣ маърузаҳо омода ва пешкаши ҳозирин намуданд.

 

Қобили зикр аст, ки доир ба нақши арзандаи роҳбарӣ, давлатдорӣ дар замони муосир, ободкорӣ, шуҷоату мардонагӣ, қавииродагӣ ва меҳанпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳфили илмӣ донишҷӯён бо маъруза баромад карданд.

 

Маҳфил бо саволу ҷавоб ва муҳокимаи маърузаҳо ба охир расид.

Похожие записи

Оставьте нам комментарий