МАҚОМИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ПЕШБУРДИ СИЁСАТИ ХОРИҶИИ ТОҶИКИСТОН

Аз хизматҳои шоёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣПешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои миллати тоҷик фурӯ нишондани ҷанги шаҳрвандӣ ва таъмини сулҳу ваҳдати мардум аст. Ҳафт маротиба мулоқотҳои сатҳи олӣ бо иштироки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузаштанд, ки албатта, дар раванди музокирот нақши асосӣ доштанд. Бо имзо шудани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар пешрафти кишвар давраи нав шуруъ шуд, ки ба туфайли он дар сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ иқдомҳои ҷиддӣ рӯи кор омаданд.

 

Рушди фарогири кишвар наметавонад аз равандҳои пешрафти тамаддуни ҷаҳонӣ дар ҷудоӣ сурат бигирад. Иштироки нокифоя ё барканор шудани Тоҷикистон аз ин равандҳо метавонад кишвари моро аз маркази инкишофи ҷаҳонӣ фарсахҳо дур андозад. Дар ин ҳол ҷумҳурӣ имкони таъмини самараноки пешрафти иқтисодӣ, расидан ба рушди устувор ва дар маҷмӯъ баланд бардоштани некӯаҳволии халқи худро аз даст хоҳад дод. Бо дарназардошти ин алҳол Тоҷикистон на танҳо аъзои фаъоли созмонҳои иқтисодию амниятӣ, аз қабили Иттиҳоди давлатҳои мустақил (ИДМ), Ҷомеаи иқтисодии АвруОсиё (ЕврАзЭС), Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА), Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ), Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷаъмӣ (СААД), балки худро муваффақона ба ҳайси ташаббускори форматҳои нави муколама дар доираи кишварҳои форсизабон (Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон) ва кишварҳои «Чоргонаи Душанбе» (Тоҷикистон, Россия, Афғонистон, Покистон) муаррифӣ намудааст.

 

Имрӯз вусъати бемайлони таркибҳои пурихтилофи раванди ҷаҳонишавӣ, аз қабили аз байн рафтани сарҳадҳои иттилоотӣ ва ҳамсонсозии арзишҳои фарҳангию маънавӣ барои ҳувияти (айнияти) милливу давлатии бисёр кишварҳои дунё хатари воқеиро эҷод намудааст. Дар ҷавоб, чун аксуламал ба ин зуҳурот дар равандҳои иҷтимоӣ-сиёсии онҳо тамоюлҳои болоравии омилҳои миллӣ ва фарҳанги анъанавӣ мушоҳида мегарданд ва сиёсати сарвари Тоҷикистон ҷиҳати эҳёи арзишҳои анъанавӣ ва худогоҳии миллию мазҳабии халқи тоҷик маҳз дар маҷрои ҳамин таҳавуллот ҷараён гирифтаанд.

 

Алҳол ҷумҳурии мо дар байни дигар кишварҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷои сазовори худро пайдо намуда, ҳамчун узви комилҳуқуқи созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ пазируфта шудааст. То имрӯз истиқлолияти давлатии онро қариб 178 кишвари дунё бо расмият шинохта, бо аксари онҳо муносибатҳои дипломатӣ ва ҳамкориҳои мутақобилан судманди иқтисодӣ ва фарҳангию илмӣ ба роҳ монда шудаанд. Ҳамасола Тоҷикистон бо беш аз 100 кишвари ҷаҳон табодули мол сурат медиҳад.

 

Сарвари давлати тоҷикон аз аввалин суханронии худ аз минбари Созмони Милали Муттаҳид бо таъкиди шиори инсонгароёнаи Саъдӣ бо забони тоҷикӣ ба сиёсати хориҷӣ ва дипломатияи кишвар самти инсондӯстона ва муаррифии арзишҳои фарҳангии миллати тоҷикро дод. Дар ташаббусу пешниҳодҳои Пешвои миллат ҳаллу фасли мушкилоти сайёра ва минтақа, аз ҷумла, проблемаҳои Афғонистон мақоми махсус дорад. Ташаббусҳои Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро роҷеъ ба ҳалли мушкилоти об махсусан таъкид кардан лозим аст. Чун дар ҷалб намудани таваҷҷуҳи ҷаҳониён ба масъалаҳои ҷойдошта нақши муҳим доранд. Соли байналмилалии оби тоза эълон гардидани соли 2003, Даҳсолаи амал «Об барои ҳаёт» 2005-2015, «Соли байналмилалии ҳамкориҳо дар соҳаи об-2013», Даҳсолаи амал об барои рушди устувор 2018-2028 аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ бо якдилӣ қабул гариданд.

 

Масъалаи дигаре, ки ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи Президенти Тоҷикистон муҳатарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад, истифодаи имкониятҳои хориҷӣ барои таъмини пешрафти кишвар ва рушди иқтисоди он мебошад. Вобаста ба мавқеи ҷуғрофӣ, захираҳои табиӣ ва дигар хусусиятҳои хоси худ ҷумҳурӣ баъзе мушкилоте дорад, ки онҳоро тавассути ҷалби маблағгузориҳои бузург ҳал кардан мумкин аст. Миёни мақсаду вазифаҳои зиёд чор ҳадафи стратегӣ – таъмини истиқлолияти энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар аз ҷониби Роҳбари давлат мушаххас шуданд, ки барои тараққиёти минбаъдаи ҷумҳурӣ аҳамияти бузург доранд. Ба хотири амалӣ кардани ин ҳадафҳо Роҳбари давлат тавассути роҳандозӣ намудани дипломатияи фаъоли иқтисодӣ ва гуфтушунидҳо бо ҳамёрони боэътимоди хориҷӣ қарзҳои имтиёзнок ва сармояро ҷалб намуд, ки сохтмони неругоҳҳои барқи обии Сангтӯда-1, Сангтӯда-2, Роғун, хатҳои баландшиддати интиқоли барқ, роҳҳо, пулҳо, нақбҳои мошингузар гувоҳи ин мебошанд. Дар маҷмӯъ, ҷумҳурӣ тадриҷан аз бунбасти коммуникатсионӣ баромада, низоми мустақили энергетикии худро ба вуҷудовард ва таҳкими ин раванд идома дорад.

 

Дар бобати ба вуҷуд овардани асосҳои назариявӣ ва ҳуқуқии сиёсати хориҷӣ кӯшишҳо ба харҷ рафта, он дар Конститутсияи ҷумҳурӣ инъикоси худро ёфт. Қонун «Дар бораи хизмати дипломатӣ», Консепсияи нави сиёсати хориҷии ҶумҳурииТоҷикистон ва дигар санадҳои зарурӣ ба мақсади самаранок ба роҳ мондани фаъолияти мақомоти низоми хизмати дипломатӣ қабул гардиданд. Дар баробари ин, шабакаи васеи намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа ба вуҷуд оварда шуд, ки барои таъмин намудани робитаҳои доимӣ ва пайгирии рафти иҷрои тавофуқҳо бо кишварҳои дӯсту ҳамёр нақши муҳим мебозанд.

 

АЛУЕВ А.С.,

 муаллими калони кафедраи дипломатия

муносибатҳои байналмилалии Академия

Похожие записи

Оставьте нам комментарий