МАҲФИЛИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ БАХШИДА БА 50-СОЛАГИИ УСТОДИ АКАДЕМИЯ МАВЛОНАЗАРОВ СИЛМОН СИЛТОННАЗАРОВИЧ

IMG_1740

Бо ташаббуси кафедраи технологияи иттилоотӣ ва амнияти иттилоотии факултети дипломатия ва сиёсати Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 50-солагии номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Мавлоназаров Силмон Силтонназарович дар мавзӯи “Омӯзиши таҷрибаи илмӣ – назариявӣ дар самти технологияи иттилоотӣ ва амнияти иттилоотӣ” маҳфили илмӣ – назариявӣ баргузор гардид.

 

Чорабиниро декани факултети дипломатия ва сиёсати Академия Қодирзода Далер Сайфулло ифтитоҳ намуда, аз фаъолияти педагогӣ ва таҷрибаи бойи номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Мавлоназаров С.С. дар самти тарбияи шогирдон ёдовар шуданд. Мавсуф иброз дошт, ки: “Мавлоназаров Силмон аз шумули он устодоне мебошанд, ки ҳамеша бо масъулияти баланду дониши фарох барои ҳайати устодон ва шогирдон намуна мебошанд. Мо сарфароз аз онем, ки устод дар доираи мо кору фаъолият доранд ва ба мо тавсия ва роҳнамоиҳои хешро дареғ намедоранд”.

 

Ҳамин тавр, ҳамкорон ва шогирдон устод Силмон Мавлоназаровро ба муносибати 50-умин солгарди умр таҳният гуфта, саломатии комил, рӯзгори беғам, хушнудиҳои беканор, барору муваффақият дар корҳои эҷодию илмиро таманно намуданд.

 

Сипас, муовини декани факултети идоракунии давлатӣ Раҳимзода Фарҳод Ҳасаналиевич, дар мавзӯи “Нақши интернет – ВАО дар ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва давлатӣ”, ассистенти кафедраи технологияи иттилоотӣ ва амнияти иттилоотӣ Одинаев Раҳмоналӣ Саидмухторович дар мавзӯи “Роҳҳои дурусти истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ ва боварӣ ҳосил намудан ба онҳо” ва ассистенти кафедраи технологияи иттилоотӣ ва амнияти иттилоотӣ Холмуродов Раҷалабӣ Маҳмадшарифович дар мавзӯи “Нақши сомона ва сомонасозӣ дар рушди иқтисодиёти кишвар” бо маърузаҳои пурмуҳтаво суханронӣ карданд.

 

Дар фарҷом номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Мавлоназаров С.С. аз мутасаддиён ва иштирокчиёни маҳфил ҷиҳати баргузории чорабинии идона ва изҳори беҳтарин таманниёти нек дар робита ба солгарди милодаш изҳори сипос намуд.

 

Воқеан устод Силмон Мавлоназаров аз зумраи устодони варзида, соҳибтаҷриба, донишманду бозаковат ва соҳиби малакаи баланди касбӣ мебошанд. Мавсуф байни ҳамкорону дӯстон ва шогирдон обрӯю мартабаи хосаро соҳиб буда, ҳамагон бениҳоят эҳтиромаш мекунанд. Хосатан, хислатҳои наҷиб ва рафтори инсондӯстонаи ин марди нек барояш меҳру муҳаббати атрофиёнро насиб гардонидааст.

Похожие записи

Оставьте нам комментарий