МАҲФИЛИ ИНФИРОДИИ ПРОФЕССОР ҒАФУРЗОДА АБДУХАЛИЛ ДАВЛАТАЛӢ БАРГУЗОР ГАРДИД

1

Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфили инфиродии профессор Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ дар мавзӯи “Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳуриии Тоҷикистон ҳамчун дастоварди идоранамоии сиёсии замони соҳибистиқлолӣ” баргузор карда шуд. Дар маҳфили инфиродӣ донишҷӯён, магистрантон, унвонҷӯён ва омӯзгорони Академия иштирок намуданд.

 

Ифтитоҳи маҳфил бо суханронии декани факултети дипломатия ва сиёсат, номзади илми ҳуқуқ, дотсент Қодирзода Д.С. сурат гирифт. Мавсуф зимни суханронии хеш иброз намуд, ки мақсад аз ташкил ва гузаронидани ин маҳфил омӯзиши устодони ҷавон ва донишҷӯёну магистрантон аз таҷрибаи устодони соҳибмактаб буда, баҳри такмил ва тақвияти донишу малакаи онҳо нақши калонро доро мебошад.

 

Сипас, баҳри пешниҳод намудани маъруза ба минбар ассистенти кафедраи сиёсатшиносӣ ва робита бо ҷомеа, раиси Шӯрои олимон ва муҳаққиқони ҷавони факултети дипломатия ва сиёсат Абдуллоев Нуралӣ даъват гардида, доир ба мавзӯи баррасишавандаи маҳфил “Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун дастоварди идоранамоии сиёсии замони соҳибистиқлолӣ” баромад намуд.

Похожие записи