МАҲФИЛИ “МИНОИ ХИРАД” БА ХОТИРИ БУЗУРГДОШТИ МУНОДИИ СУЛҲУ ДӮСТӢ
- Автор apatj
- Категория - Хабарҳои академия
Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори факултети дипломатия ва сиёсат ба муносибати 110-солагии шоири халқӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон, мунодии сулҳу дӯстӣ маҳфили навбатии илмии “Минои хирад” доир гашт.
Дар маҳфил муовини декани факултети дипломатия ва сиёсат оид ба илм Савлатбӣ Изатуллоева, мудири кафедраи забони тоҷикӣ ва ҳуҷҷатнигорӣ н.и.ф., дотсент Додихудоев Р., мудири бахши кор бо занон ва духтарони Академия Давлатова Р., инчунин устодон ва донишҷӯён иштирок доштанд.
Маҳфил бо сухани ифтитоҳии муовини декани факултети дипломатия ва сиёсат оид ба илм Савлатбӣ Изатуллоева оғоз ёфта, мавсуф ҳадафи баргузории чорабиниро шарҳ дод. Баъдан мудири кафедраи забони тоҷикӣ ва ҳуҷҷатнигорӣ н.и.ф., дотсент Додихудоев Р. ба сухан баромада, аз ҷумла зикр кард, ки дар байни фарзандони асили миллат касоне буданд, ки бо истифода аз неруи сухан тамаддуну фарҳанги моро ба ҷаҳониён шиносонданд ва исбот карданд, ки миллати тоҷик ҳамеша муқобили зулму ситам буда, озодихоҳӣ ва сулҳпарвариро дӯст медорад. Дар мисоли ин метавон устод Мирзо Турсунзодаро масал зад, ки то имрӯз хадамот ва кӯмакҳои башардӯстии ӯ дар таърих сабт аст.
Устодону донишҷӯён бо маърузаҳои худ таҳти унвонҳои “Ватан ва ватандӯстӣ дар назми Турсунзода”, “Ҷанбаҳои ҳиссӣ дар ашъори Турсунзода”, “Турсунзода – вассофи сулҳ”, “Васфи Модар-Ватан дар ашъори Мирзо Турсунзода”, “Турсунзода дар ёдҳо” суханронӣ карданд.
Баромадкунандагон зимни ироаи маърузаҳо минҷумла қайд карданд, ки Мирзо Турсунзода Ватан ва ватандӯстиро аз пояҳои асосии худшиносӣ медонист ва онро дар шеърҳояш мудовим тарғибу ташвиқ кардааст.
Устод Мирзо Турсунзодаро барҳақ метавон мунодии сулҳ, вассофи дӯстӣ, беҳтарин намунаи намояндаи мардумӣ донист, ки сазовор ба тамоми ҷоизаву нобелҳои ҷаҳонӣ мебошад. Зеро ҳамаи талошу хидматҳои ин марди адиб барои аз байн бурдани чолишҳову кашмакашҳо ва ноадолатии иҷтимоӣ буданд, ки ҳанӯз ҳам падидаҳои номатлуби он мушоҳида мешаванд.
Мо фарзандони Тоҷикистон ва аҳли башарро зарур аст, то аз дастурот ва роҳнамоиҳои устод Турсунзода кору пайкори худ гирифта, ба хотири шоири бузург, Мирзо Турсунзода, ки роҳи моро дар адабиёт бо нури илҳом ва эъҷозӣ сухан мунаввар кардааст, осори ӯро мутолиа ва ба наслҳои оянда таҳмил диҳем. Зеро имрӯз мо ҳама аҳли сайёра дар деҳкадаи хурди ҷаҳонӣ зиндагӣ ва фаъолият мекунем, ки фазлу мақому манзалат ва меҳру вафову дӯстиву ҳамгироиро бояд қадрдонӣ кард, онро ба чашми хирад нигарист ва сокинонашро озоду ободу ором нигоҳ дошту ҳеҷ гоҳ мардумозорӣ накард.
Дар анҷоми маҳфил аз ашъори шоир мисраъҳо қироат гардида, ду нафар бо туҳфа-китоб ҳавасманд гардонида шуданд.