МИЗИ МУДАВВАР ТАҲТИ УНВОНИ “ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ – БАРҲАМЗАНАНДАИ АМНУ ОСОИШ”
- Автор apatj
- Категория - Хабарҳои академия
Бо ташаббуси факултети дипломатия ва сиёсати Академия дар якҷоягӣ бо кафедраи забонҳои хориҷӣ мизи мудаввар дар мавзӯи “Терроризм ва экстремизм – барҳамзанандаи амну осоиш” баргузор карда шуд.
Дар мизи мудаввар декани факултети дипломатия ва сиёсат, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Шарифхоҷаева С.А., мудири кафедраи забонҳои хориҷӣ, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Кармишева Б.Н., устодону кормандон ва донишҷӯёни факултет иштирок намуданд.
Чорабиниро декани факултет, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Шарифхоҷаева С.А. оғоз бахшида, қайд намуд, ки дар замони муосир терроризм ва экстремизм аз ҷумлаи муаммоҳои асосии ҷомеа ба шумор рафта, мубориза ва ҳалли мушкилии мазкур аз ҷумлаи вазифаҳои асосии тамоми ҷомев ба ҳисоб меравад.
Дар идомаи чорабинӣ донишҷӯёни факултет оид ба мавзуъҳои гуногуни вобаста ба мубориза ва пешгирии паҳншавии терроризму экстремизм маърузаҳо намуда, фикру ақида ва пешниҳодҳои худро оид ба ин масъала ба ҳозирин иброз намуданд.
Дар фарҷоми чорабинӣ байни иштирокчиён дар бораи роҳҳои пешгирии ифротгароӣ ва хурофотпарастӣ музокира баргузор гардид.