МУАРРИФИИ ҶИЛДҲОИ 4 ВА 5-И КИТОБИ “МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН: МАСЪАЛАҲОИ ТАШАККУЛ ВА РУШД” ДАР АКАДЕМИЯ
- Автор apatj
- Категория - Хабарҳои академия
Имрӯз, 28 марти соли 2023, дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки олимону ходимони давлатӣ ва коршиносони варзидаи ватанӣ ҷилдҳои 4 ва 5-и китоби “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон: масъалаҳои ташаккул ва рушд” муаррифӣ гардид.
Зимни муаррифии китобҳо ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ иброз намуд, китоби “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон: масъалаҳои ташаккул ва рушд” аз тарафи донишмандон ва сиёсатмадорони тоҷик таълиф гардида, таҳти назари Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсен Раҳмон Озода Эмомалӣ нашр гардидааст.
Нашри китоби мазкур дорои аҳамияти бузурги илмӣ ва амалӣ буда, таърихи 30-солаи ташаккул, рушд ва таҳкими як давлати соҳибистиқлолро зери роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаро гирифтааст. Дар таҳия ва таълифи асари мазкур 116 нафар олимону донишмандон ва мутахассисони варзидаи кишвар, аз ҷумла 3 нафар академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, 3 нафар узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, 22 нафар ходимони давлатию ҳизбӣ ва собиқадорони хизмати давлатӣ, 24 нафар докторони илм, профессорон, 50 нафар номзади илм ва дотсентон, 14 нафар ҳайати устодону омӯзгорони Академия саҳм гузоштанд.
Китоби “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон: масъалаҳои ташаккул ва рушд” дар 5 ҷилд чунин таҳия гардидааст;
Ҷилди 1- 4 боб, 27 зербоб, 398 саҳифа;
Ҷилди 2 — 2 боб, 24 зербоб, 430 саҳифа;
Ҷилди 3 — 5 боб, 32 зербоб, 500 саҳифа;
Ҷилди 4 — 5 боб, 36 зербоб, 552 саҳифа;
Ҷилди 5 – 5 боб, 28 зербоб, 480 саҳифа.
Дар китоб аз паёмҳо, суханрониҳо ва осори Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 523 маротиба иқтибосҳо қайд гардида, дар маҷмӯъ зиёда аз 1000 маротиба аз сарчашма ва адабиёти мухталифи илмӣ иқтибос оварда шудааст.
Ҳамзамон дар панҷ ҷилди китоби мазкур зиёда аз 270 сурати ранга аз фаъолияти созандагӣ ва мактаби давлатдории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷой дода шудааст.
Дар маҷмуъ китоби “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон: масъалаҳои ташаккул ва рушд” дар 5 ҷилд бо муаллифии олимону донишмандон, пажӯҳишгарону собиқадорони хизмати давлатӣ, вакилони мардумӣ, олимони ҷавон ва кормандони касбу кори гуногун таълиф ва ба нашр расидааст.
Дар рафти чорабинӣ муаллифон тазаккур доданд, ки китоби мазкур метавонад, хизматҳои шоёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба хонанда ва наслҳои оянда расонад ва дар замири онҳо тафаккури давлатдорию давласозиро ташаккул диҳад.
Гуфта шуд, ки китоби мазкур дар худ таҷрибаи бойи давлатсозӣ ва бунёдкориро инъикос намудааст, ки метавонад, ҳамчун дурнамо дар роҳи рушду тараққиёти ҳамаҷонибаи давлати миллии мо хизмат намояд. Гуфтан мумкин аст, ки ин китоб хотира ва оинаи таърихи даврони соҳибистиқлолии мо мебошад.
Ошно кардани насли ҷавон ба хизматҳои шоёни Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳадафҳои дигари таълифи китоби мазкур мебошад. Ҳамин тавр омӯзиши ҳақиқати таърихӣ ҷавонони моро аз бегонапарастӣ, инкори хидматҳои қаҳрамонони миллат, беэътиборӣ ба равандҳои пешқадами ҷомеа боз медорад ва дар тинати онҳо эҳтиром ва сипосмандиро нисбат ба ашхоси ватанхоҳу ватандӯст бедор месозад.
Бешубҳа, асари мазкур таърихи ҷомеаи Тоҷикистони даврони соҳибистиқлолӣ мебошад, ки бо мактаби давлатдорӣ ва хирадгароии Пешвои миллат пайванди ногусастанӣ дорад.
Китоб барои хизматчиёни давлатӣ, унвонҷӯён, магистрантону донишҷӯён ва доираи васеи хонандагон пешбинӣ гардидааст.
Дар охир ба як қатор муаллифони китоб барои саҳми арзанда, фаъолияти бардавому бенуқсон, рӯҳияи ватандӯстӣ ва дастгирии сиёсати созандаву бунёдкоронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар таҳияи китоби “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон: масъалаҳои ташаккул ва рушд” бо Ифтихорномаи Академия сарфароз гардонида шуданд.