МУШКИЛОТ ВА ДУРНАМОИ ИНКИШОФИ САЙЁҲӢ ДАР КИШВАРҲОИ СҲШ

1

Таҳти ин унвон 28 сентябри соли ҷорӣ Маркази дипломатияи мардумии СҲШ дар Ӯзбекистон дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи байналмилалии сайёҳии “Роҳи абрешим” конфронси байналмилалӣ дар шакли ҳузурӣ ва онлайнӣ доир намуд. Ҳадафи ташкилу баргузории чорабинии мазкурро ҷалб ва коркарди пешниҳодҳо оид ба рушди соҳаи сайёҳӣ ташкил медод.

 

Чорабинии болозикр бо иштирок ва суханронии муовини сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон, вазири сайёҳӣ ва варзиши Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Директори Маркази дӯстӣ ва ҳамкории СҲШ дар Тоҷикистон, муовини Котиби Генералии Форуми иқтисодии Авруосиёгӣ, консули сафорати Ҳиндустон дар Ӯзбекистон, Президенти Донишкадаи покистонии сулҳ ва дипломатия, профессорон ва ҳайати устодони донишгоҳу донишкадаҳои кишварҳои узви СҲШ доир гардид.

 

Директори Маркази дӯстӣ ва ҳамкории СҲШ дар Тоҷикистон Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ бо мақсади саҳм гузоштан дар рушди соҳаи сайёҳии мамлакат дар доираи “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар Тоҷикистон бо истифода аз имконоти Созмони ҳамкории Шанхай таҳти унвони “Сайёҳӣ ҳамчун воситаи рушди дипломатияи мардумӣ” тариқи онлайнӣ маърузаи пурмуҳтаво намуданд.

 

Ғафурзода А.Д. дар маърузаи хеш иброз доштанд, ки рушди инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ дар доираи имконоти ин созмони минтақавӣ амали саривақтӣ дар доираи “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар Тоҷикистон мебошад. Ин имкон медиҳад, то ки муносибатҳо миёни кишварҳои узви СҲШ натанҳо дар доираи самтҳои иқтисодиву иҷтимоиву сиёсӣ, балки дар соҳаи сайёҳӣ низ густариш дода шаванд ва фарҳангу тамаддуни бойи ҳар як давлати узв мавриди омӯзиш дар шакли дастрасии озод қарор гирад.

 

Директори Маркази дӯстӣ ва ҳамкории СҲШ дар Тоҷикистон дар баромади хеш пешниҳод намуд, ки Маркази захиравию иттилоотии сайёҳӣ таъсис дода шавад.

Похожие записи