МУҲОКИМАИ РИСОЛАИ ДОКТОРИИ АЛИЗОДА Б.П ДАР ҶАЛАСАИ ВАСЕИ КАФЕДРАИ ФАЛСАФА ВА ИЛМҲОИ ГУМАНИТАРӢ

IMG_5538(1)

24 майи соли 2021 ҷаласаи кафедраи фалсафа ва илмҳои гуманитарии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки олимони таърихшиноси Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ ва олимони Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид. Масъалаи асосии ҷаласаи кафедра  муҳокимаи рисолаи доктори н.и.ф, дотсент Ализода Б.П. дар мавзӯи  “Ташаккул ва рушди идоракунии давлатӣ дар Тоҷикистон дар солҳои 1917-2015” буд.

 

Дар ҷаласаи мазкур доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Ғафурзода А.Д., докторони илмҳои таърих, профессорон Мирзоев Н.М., Искандаров Қ., Ҳусайнов А.Қ., докторони илмҳои филологӣ, профессорон Мухторов З.М., Раҳмонова Н.Ш. ва номзадони илми таърих, дотсентон Бобозода Ф.Т, Нуриддинов Ҳ., Ҷобиров Р.Ф., Мусоев Ё.Ш., Қодиров Д.С. ва омӯзгорони кафедра Имомназарова М.И., Раҷабов Т. ва Одилова З.Р. иштирок намуданд.

Дар оғози ҷаласа Ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳуриии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Ғафурзода А.Д. суханронӣ намуда, олимони даъватшударо ба Академия хайрамақдам гуфтанд ва ба диссертант таманниёти худро иброз намуданд.

 

Идомаи муҳокимаи рисолаи доктории Ализода Б.П тибқи талаботи низомномаи КОА-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати доктори илми таърих, профессор Ҳусайнов Аҳмад Қурбонович доир гардид.

 

Дар оғози раванди муҳокима котиби ҷаласа мудири кафедра, дотсент Ҷобиров Р.Ф. иштирокчиёнро оид ба фаъолияти илмӣ-педагогии Ализода Б.П. шинос намуд. Қайд  гардид, ки рисолаи доктории Ализода Б.П дар мавзӯи “Ташаккул ва рушди идоракунии давлатӣ дар Тоҷикистон дар солҳои 1917-2015” дар назди кафедраи илмҳои гуманитарии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кафедраи илмҳои иҷтимоӣ-гуманитарии филиали дар  ш. Владимир будаи Академияи хоҷагии халқ ва хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россия (РАНХиГС) иҷро гардидааст.

 

Дар муҳокимаи рисолаи доктории мазкур олимони варзидаи илми таърихшиносии ватанӣ докторони илми таърих, профессорон Мирзоев Н.М, Искандаров Қ., Ҳусейнов А. Қ., Раҳмонова Н.Ш., Мухторов З.М. ва номзадонии илми таърих, дотсентон Бобозода Ф.Т., Нуриддинов Ҳ., Ҷобиров Р.Ф., ва Мусоев Ё.Ш. иштирок намуда, барои такмили минбаъдаи рисолаи доктории мазкур пешниҳодҳои мушаххас намуданд.

 

Дар асоси овоздиҳии кушодаи олимон рисолаи доктории Ализода Б.П дар мавзуи “Ташаккул ва рушди идоракунии давлатӣ дар Тоҷикистон дар солҳои 1917-2015” якдилона барои такмил, муҳокимаи минбаъда ва ҳимоя пешниҳод гардид.

 

Дар охир унвонҷӯ Ализода Б.П.  ба саволҳои олимон ҷавоб дода, ба ҳамаи иштирокчиёни муҳокимаи рисолаи докториаш изҳори сипос намуд.

 

Ҳамзамон, ӯ ба роҳбарияти Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии мунтазам дар таҳияи рисолаи докторӣ изҳори миннатдорӣ намуд.

 

Ализода Б.П дар охир инчунин ба роҳбарияти филиали дар шаҳри Владимир будаи АХХваХД назди Президенти Федератсияи Россия, ки бо Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳуриии Тоҷикистон ҳамкории судманди тарафайн дорад, барои дастгирӣ ва муҳайё кардани шароити зарурӣ барои фаъолияти илми-таҳқиқотӣ дар давраи сафари хизматӣ аз моҳи ноябри соли 2019 то моҳи июни соли 2020 ва таҳияи рисолаи докторӣ изҳорӣ ташаккур намуд.

 

Аксҳо

Похожие записи