МУҲОКИМАИ РИСОЛАИ ДОКТОРИИ ҒОИБНАЗАРЗОДА САИД МУҲАММАДНАЗАР ДАР АКАДЕМИЯ

1

Дар ҷаласаи муштараки кафедраҳои идоракунии молияи давлатӣ ва идоракунии давлатӣ ва иқтисоди миллии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки олимони иқтисодшинос, аз ҷумла профессорон Бобоев Олимҷон Бобоевич, Низомова Туҳфамоҳ Давлатовна, Мирсаидов Аврор Бобоевич, Ашуров Ихтиёр Саидович ва дигарон муҳокимаи рисолаи доктории Ғоибназарзода Саид Муҳаммадназар, номзади илмҳои иқтисодӣ, директори Пажӯҳишгоҳи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатии Академия доир гардид.

 

Ғоибназарзода Саид Муҳаммадназар рисолаи доктории худро дар мавзӯи “Хусусиятҳои фаъолияти бозори меҳнат дар шароити гузариши муносибатҳои иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷиҷикистон (назария, методология ва амалия)” бо роҳбарии Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба анҷом расонидааст.

 

Ғоибназарзода С.М. дар таҳқиқоти дисертатсионии худ хусусияти асосноки бозори меҳнат дар шароити Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба инобат гирифтааст. Масъалаи мазкур ҳамчун таҳиқиқоти мукаммал дар раванди инкишофи навини иқтисоди миллии мамлакат нақши калидӣ дорад.

 

Ғоибназарзода С.М. зимни баромади хеш қайд намуд, ки: “Муҳиммияти мавзӯи мазкур дар таҳлил ва татбиқкунии фаъолияти асосноки бозори меҳнат бо назардошти ҳамаи хусусиятҳо дар шароити ҷаҳонишавӣ ва зоҳир гаштани муносибатҳои нави иқтисодӣ-иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Бо далелҳо дар таҳқиқоти анҷомдодаи хеш собит намудем, ки самти асосии баланд бардоштани зиндагии шоистаи мардум пеш аз ҳама таъмини аҳолӣ ба ҷои кори муносиб ва ҳалли масъалаҳои шуғли доимӣ ва бекорӣ мебошад. Вобаста ба масъалаҳои мазкур роҳҳои ҳалро низ пешбинӣ намудем.

Похожие записи

Оставьте нам комментарий