НАВРӮЗ – ҶАШНИ ЭҲЁИ ТАБИАТ ВА ИСТИҚРОРИ ВАҲДАТ

245522390_2227803727383503_2069192239734587317_n

Аз сарчашмаҳои таърихӣ маълум гардидааст, ки Наврӯз қадимтарин, зеботарин ва пуршукӯҳтарин ҷашни ориёиҳо мебошад. Дар ин рӯз табиат ва рӯҳияи инсонҳо аз нав бедор ва ҷавон мегарданд. Чуноне Ҳофизи Шерозии лисонулғайб гуфтааст:

Нафаси боди сабо мушкфишон хоҳад шуд,

Олами пир дигарбора ҷавон хоҳад шуд.

Наврӯз дар фарҳанги мо, тоҷикон рӯзи нав, рӯзи оғози  зиндагии нав, рӯзи шодӣ, рӯзи адлу эътидол, рӯзи мағфирати гуноҳҳои якдигар, рӯзи оштӣ ва ҳамдилӣ аст. Дар ин рӯз баъзе мардум ба аёдати беморон мераванд, меҳмони азизи ҳамдигар мешаванд, гузаштагонро ёд мекунанд ва ба сари қабри онҳо мераванд. Барои сазовор пешвоз гирифтани ин ҷашн мардуми тоҷик интизор шуда, тайёрии пешакӣ мебинанд. Пеш аз ҳама, маҳал, кӯча ва хонаҳои худро тоза мекунанд, деворҳоро рангу бор менамоянд, гандумро дар зарфе месабзонанд ва аз он хӯриши пурлаззати суманак мепазанд. Дар вақти пухтани суманак асосан занону духтарон бо кафгири калон дегро то саҳар мекобанд, дар гирди дег сурудхонӣ ва рақсу бозӣ мекунанд. Бештар дубайтиҳо, рубоиҳои лирикӣ ва баҳорияҳо суруда мешаванд. Дар баробари тоза кардани хонаю ҳавлӣ мардум дастархони идона ороста, дар рӯйи он бо ҳавасу орзу нозу неъмати зиёд мегузоранд. Дар рӯйи дастархони идона одатан ҳафтшину ҳафтсин низ мегузоранд.

Дар рӯзҳои Наврӯз ҳунарҳои гуногунро мардум нишон медиҳанд, аз ҷумла, байтбарак, шеърхонӣ, чистонгӯӣ, дорбозӣ, гуштингирӣ, аспакбозӣ, дойразанӣ, кабкҷанг, бандкашӣ, тухмбозӣ ва монанди инҳо, ки тамошобинон аз он шоду мамнун мегарданд. Дар айёми Наврӯз ҳама хурсандӣ мекунанд, гулдухтарон аз навдаҳои бед кокул мебофанд ва рақсу сурудхонӣ мекунанд. Ҳамсояҳо бо хушнудӣ ба хонаи ҳамдигар медароянд, ҳамдигарро табрик мекунанд.

Дар чашни Наврӯз мардум либосҳои рангаи миллӣ ба бар менамоянд, вале як қисми онҳо ба либоси рангаш сафед афзалият медиҳанд, зеро дар гузашта ин рангро рамзи покӣ, сулҳу осоиштагӣ, осмони соф ва кушоишу барори кор меҳисобиданд.

Ҳамин тавр, дар вақти таҷлили ҷашни бошукӯҳи Наврӯз, ки расму маросимҳои пурасрор дорад, мардуми навоҳии мухталифи кишвари мо бо хусусиятҳои ба худ хос онро ҷашн мегиранд.

Ҷашни Наврӯз айёми баробар шудани шабу рӯз аст, яъне асоси астрономӣ дорад ва тавъам ба қонуниятҳои Олам аст, мавсими эҳёи табиат ва оғози киштукори баҳорӣ аст. Деҳқон ба фаъолият оғоз менамояд, ки аз файзу баракати меҳнати он амнияти озуқаворӣ ва некӯаҳволию мо таъмин мегардад.

Баъд аз соҳибистиклол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сарзамини бостонии мо ҷашну маросимҳои қадимаамон эҳё гардиданд ва бо шарофати онҳо дӯстию рафоқати байни шаҳрвандон густариш ёфт.

Дар суханронии хеш бахшида ба Рӯзи байналмилалии Наврӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд: “Бузургдошти Наврӯз, умуман, бузургдошти таърих ва тамаддуни башарист, ки дар тули садсолаҳо арзишҳои неки инсониро дар худ таҷассум кардааст.

Наврӯз таърихи беш аз шашҳазорсола дошта, ҷашни оғози баҳор ва соли нави мардуми тоҷику форс ва дигар халқҳои ҷаҳон буда, аз замонҳои қадим ҳамчун мавсими бунёдкорӣ ва дустию бародарӣ таҷлил карда мешавад. Номи ин ҷашн низ калимаи тоҷикӣ буда, ба тамоми забонҳои олам ҳамин тавр талаффуз карда мешавад.

Ҳамин тавр, дар давраи соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯз умри дубора дида, бо ҳама шукӯҳаш ботантана гузаронида мешавад. Ба муносибати пешвозгирии ин ҷашн ҳар сол дар мамлакат тадбирҳои зиёди ободкорӣ андешида мешаванд. Пеш аз ҳама, барои баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии аҳолӣ иншооти иҷтимоӣ ва корхонаҳои истеҳсолӣ бунёд гардида, гулзору кабудизор кардани ноҳияю шаҳрҳо, дар сатҳи ҷумҳуриявӣ гузаронидани мусобиқаҳои варзишӣ, инчунин, эҳё намудан ва рушди навъҳои қадимаи варзиш ва анъанаҳои миллии ниёгонамон барин чорабиниҳо ба роҳ монда мешаванд.

Боиси хушҳолист, ки Наврӯз дар зодбум ва Ватани аслии худ, яъне Тоҷикистони офтобрӯя ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва азму талошҳои пайгиронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо тамоми ғановату рангорангиаш эҳё гардид. Имрӯзҳо он ба рамзи худшиносиву ифтихори миллӣ, ваҳдату ҳамдилии мардум ва пайвандгари наслҳо табдил ёфтааст. Иқдоми хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат буд, ки ин ҷашн мақоми байналмилалӣ гирифт ва дар ҷаҳон ҳамчун муаррифкунандаи фарҳанги деринаю оламшумули миллати тоҷик шинохта шудааст.

 

Муродалӣ МИРЗОРАҲИМОВ,

мудири кафедраи илмҳои табиатшиносӣ ва риёзии Академия

номзади илмҳои физикаю математика, дотсент,

Похожие записи