НАГУЗОРЕМ, КИ НОХАЛАФОН СУЛҲУ СУБОТ, ВАҲДАТУ ЯГОНАГИИ ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛРО ХАЛАЛДОР СОЗАНД

Тафаккури ифротӣ, гурӯҳҳои ифротгарои динӣ ва созмонҳои террористӣ ҳамчун як хатари бузурги минтақавӣ ва ҷаҳонӣ имрӯз амният ва мавҷудияти аксар кишварҳои минтақаро зери таҳдиди ҷиддӣ қарор додаанд. Таҳдиди ин зуҳуроти харобиовар акнун аз сатҳи миллӣ ва минтақавӣ фаротар рафта, хусусияти глобалӣ ё умумиҷаҳонӣ гирифтааст. Бинобар ин, дар шароити пешомада танҳо сафарбарсозии тамоми имкониятҳои моддию маънавӣ ва ба роҳ гузоштани як набарди умумимиллӣ метавонад, роҳи дурусти мубориза бо ин тафаккур ва ин хатар бошад.

 

Раванди ба гурӯҳҳои ифротӣ пайвастани ҷавонон дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон нишон медиҳад, ки насли нави ифротгароёни динӣ, хусусан, пайравони гурӯҳҳои террористии ба ном «Давлати исломӣ» ва ташкилоти экстремистию террористии ҳизби наҳзати исломӣ роҳҳои наву пуртаъсири таблиғу ташвиқи андешаҳои худро дар байни ҷавонон ба роҳ мондаанд. Маҳз ҳамин равиши таблиғотии содаву таъсирнок ва истифодаи васеъ аз воситаҳои муосири иттилоотӣ, расонаҳои электронӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ яке аз омилҳои ташаккул ёфтани ин гурӯҳҳо гардидааст.

 

Бояд қайд намуд, ки гурӯҳҳои ифротгароии динӣ ва созмонҳои террористӣ мехоҳанд давлат, миллат, фарҳанг, зиндагии ободу осудаи мо ва осудагии шахсии ҳар яки моро ҳадафи таҳдиди бераҳмонаи худ қарор диҳанд.

 

Албатта, ҳар як шаҳрванди ватандӯст ва баору номус дар муқобили ҳама гуна хатаре, ки ба давлат ва ватани ӯ таҳдид мекунад, мавқеи мухолиф дорад ва ба муқобили он мубориза мебарад. Вале дар масъалаи гурӯҳҳои ифротию террористӣ бояд гуфт, ки хатари он натанҳо ба Ҳукумат ва сохтори сиёсӣ, балки бевосита ба ҳар як нафари мо равона шудааст. Мувофиқи тафаккур ва таълимоти гурӯҳҳои ифротии динии имрӯза ягон давлати мусулмоннишин бояд ҳамчун давлати мустақил вуҷуд надошта бошад.

 

Душманони миллат, асирони хочагони хориҷӣ худ намефаҳманд, ки хатои бузург карда истодаанд ва дигар роҳи бозгашт ба Ватан, ба Тоҷикистони азизу биҳиштосоро  надоранд. Суботу амният, устувории ҷойгоҳи Тоҷикистон ва амнияту осудагии марзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мо як арзиши калидӣ аст. Махсусан, амнияти сарҳади давлатии мо бо дигар сарҳадҳои ҳамсоя.

 

Ҳамон гунае ки дар даврони Ҷанги Бузурги Ватанӣ тамоми кишвар дар муқобили даҳшати фашизм ба муборизаи фикрию ҷисмонӣ бархоста буданд, имрӯз низ бояд тамоми мардуми Тоҷикистон дар мубориза ба муқобили ин вабои аср истодагарӣ кунанд. Нагузоранд, ки он нохалафон сулҳу субот, ваҳдату ягонагӣ, бародарию баробарӣ ва якпорчагии Тоҷикистони соҳибистиқлолро халалдор созанд.

 

Зулфия АҲМАДЗОДА,

ноиби ректор оид ба корҳои тарбия,

идеология ва робита бо ҷомеа

Аксҳо

Похожие записи

Оставьте нам комментарий