НАМЕГУЗОРЕМ, КИ ХОИНОН БА МАҚСАД БИРАСАНД

Мардуми Тоҷикистони азиз шоҳиди сол то сол ободу хуррам шудани сарзамини худ буда, дар пайи ободиву шукуфоии кишвари хеш ҳастанд. Доимо дар пайи тарбияи насли наврасу ҷавони умедбахши кишвар мебошанд. Бо дастгириҳои хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари азизамон рӯз то рӯз обуду шукуфон шуда истодааст.

 

Дар шароити кунунии ҷаҳони муосир гурӯҳҳои мухталифе пайдо шудаанд, ки ояндаи дурахшони мардуми Тоҷикистони азизамонро нахоста, баҳри ноором гардонидани ин сарзамину аз байн бурдани ин миллати фарҳангпарвар ба ҳар амали нопок даст мезананд. Муқобили сиёсати созандаи Пешвои миллат баромада, ба ватану миллати хеш хиёнат мекунанд. Онҳо барои ба ҳадафҳои нопоки худ ноил шудан ҷавононро бо ҳар роҳу восита фирефтаи худ гардонида, ояндаи дурахшони онҳоро барбод додан мехоҳанд.

 

Имрӯз мо, ҷавонони кишвар пайваста аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шукргузорӣ намуда, пайваста ба муқобили он нафароне, ки нуфузи кишвари моро дар арсаи ҷаҳонӣ коҳиш доданианд, мубориза хоҳем бурд. Нақшаҳои ғаразноке, ки ин хоинони миллат дар сари пучашон доранд, ҳеҷ гоҳ амалӣ нахоҳад гашт, зеро имрӯз миллати сарбаланди тоҷик дар зери сиёсати хирадмандонаву дурандешонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид шуда, Тоҷикистонро ба биҳишти рӯи дунё табдил додаанд. Мо, насли замони истиқлол ҳаргиз намегузорем, ки ин хоинони миллат ба мақсадҳои ифлосашон расанду оромии кишвари азизамонро халалдор созанд.

Заррина ОДИЛОВА ,
корманди Академия

Похожие записи