НАТИҶАГИРИИ ФАЪОЛИЯТИ ШАШМОҲАИ АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ

IMG_9098

 Имрӯз, 7 июли соли 2023, фаъолияти шашмоҳаи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки ректори Академия, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ, мудири шуъбаи кадрҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Мурод, омӯзгорон ва кормандони Академия натиҷагирӣ карда шуд.

 

Қабл аз шуруи ҷаласаи ҳисоботӣ ректори Академия, профессор  Ғафурзода Абдухалил ва мудири шуъбаи кадрҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Мурод аз Маркази ҳуқуқҳои кӯдак, Маркази барномаи глобалии роҳбарӣ дар озмоишгоҳҳо ва Маркази такмили ихтисоси кормандони мақомоти муқовиматкунанда бо коррупсия дидан намуданд.

Ректори Академия, профессор Ғафурзода А.Д. зимни ифтитоҳи ҷаласа қайд намуд, ки шашмоҳаи аввали соли 2023 барои ҳайати профессорону омӯзгорони Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бобарор, хотирмон ва фаромӯшнашаванда сипарӣ гардид. Дар шаш моҳи  аввали соли  равон ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар амал татбиқ намудани барномаҳои давлатӣ дар Академия корҳои назаррас анҷом дода шуд.

Гуфта шуд, ки ҳадафи асосии раёсати Академия, ин фаъолияти бомаром ба мақсади баланд бардоштани сатҳи касбият, истифодаи барномаҳои муосири таълимӣ, шаклу усулҳои ташкили раванди таълим ба рушди сармояи касбӣ, инчунин, эҷодиёти коммуникативӣ ва омодагии мутахассисони оянда ба муоширати пурраи касбӣ бо забонҳои хориҷӣ дар соҳаи сиёсӣ ва хизмати давлатӣ мебошад.

Дар идома ректори Академия вобаста ба ҳамаи паҳлуҳои фаъолияти корҳои таълимию методӣ, илмӣ, тарбиявӣ, равобити байналмилалӣ ва молиявию хоҷагидорӣ бо рӯнамо иттилооти зарурӣ пешниҳод намуд.

Дар фарҷом мудири шуъбаи кадрҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Мурод миннатдории Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба раёсати Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иштироки фаъолона дар чорабиниҳои муҳимми сиёсӣ ва дастовардҳои назаррас расонид.

Таъкид гардид, ки Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни муассисаҳои олии кишвар яке аз фаъолтарин ва пешқадамтарин муассисаҳо ба ҳисоб рафта, омӯзгорону кормандони он дар рушди илму маориф, татбиқи сиёсати давлатӣ ва дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми назаррас доранд.

Намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди шунидани ҳисоботи шашмоҳаи Академия фаъолияти онро қаноатманд арзёбӣ намуд.

Похожие записи