Директори Пажўҳишгоҳ
Тел.:
E-mail:
Маркази тадқиқоти идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ дар сохтори Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ёфта, моҳи январи соли 2009 расман ба фаъолият оғоз кардааст.
Дар асоси тағйир ёфтани мақоми Донишкада ва таҷдиди сохтори он аз моҳи августи соли 2013 Марказ ба Пажўҳишгоҳи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатии Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дода шуд.
Ҳамзамон дар асоси фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №1463 аз 29 феврали соли 2020 Донишкада ба Муассисаи давлатии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дода шуд ва дар назди Пажўҳишгоҳ 4 маркази омўзишии илмӣ-татқиқотӣ таъсис дода шуд:
- Маркази таҳлил ва тадқиқоти идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ
- Маркази муқовимат бо коррупсия ва тадқиқоти сотсиологӣ
- Маркази омўзиши масоили муҳоҷират
- Маркази идоракунии лоиҳаҳо
Пажўҳишгоҳи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ фаъолияти илмӣ, инноватсионӣ ва таҳлилию иттилоотиро амалӣ менамояд.
Самтҳои асосии фаъолияти Пажўҳишгоҳ:
- Амалисозии таҳқиқоти бунёдӣ ва амалӣ дар соҳаи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ;
- Таҳияи тавсияҳо оид ба такмили низоми идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ;
- Ҳамкории байналмилалӣ дар самти таҳқиқоти бунёдӣ ва амалӣ дар соҳаи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ.
- Омўзиши таҷрибаи ҷаҳонии идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ.
- Таҳияи лоиҳаҳои илмӣ – тадқиқотӣ дар мавзўъҳои вобаста ба идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ.
- Ҳамоҳангсозӣ ва назорат аз болои лоиҳаҳои илмӣ-тадқиқотӣ, ки барои арзёбӣ ҷиҳати маблағгузорӣ пешниҳод мешаванд.
- Ҳамкории байналмилалӣ дар самти таҳқиқоти бунёдӣ ва амалӣ дар соҳаи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ.
- Ташкил ва мусоидат барои иштироки омўзгорон ва кормандони илмии Донишкада дар конференсия, симпозиумҳо ва семинарҳои илмӣ-методӣ.
- Таъмини илмӣ ва илмӣ-методии раванди таълим дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Пажўҳишгоҳи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ ҳамчун воҳиди сохтории муҳими Академия дар кори гузаронидани тадқиқотҳои илмӣ дар соҳаи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ ҷиҳати самаранок намудани фаъолияти факултетҳо, магистратура, курсҳои азнавтайёркунӣ ва такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ бо назардошти меъёрҳои байналмилалӣ нақши фаъол дорад.
Вазифаҳои Пажўҳишгоҳ
Барои иҷрои ҳадафҳои худ Пажўҳишгоҳ вазифаҳои зеринро иҷро мекунад:
- Гузаронидани тадқиқотҳои илмӣ дар соҳаи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ;
- Ҳамоҳангсозии фаъолияти илмӣ-тадқиқотии Донишкада бо муассисаҳои илмӣ-тадқиқотӣ, муасисаҳои таълимии олии касбӣ ва иловагии касбӣ, ки барои идоракунии давлатӣ ва соҳаи хизмати давлатӣ мутахассис тайёр мекунанд ва ба азнавтайёркунию такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ машғул мебошанд;
- иштирок дар кори банақшагирии тадқиқоти бунёдии масъалаҳои назариявӣ ва амалииидоракунии давлатӣ ва соҳаи хизмати давлатӣ;
- ташкил, ҳамоҳангсозӣ ва арзёбии тамоми фаъолияти тадқиқоти илмӣ дар Донишкада;
- мувофиқасозӣ ва назорат аз болои иҷрои нақшаҳои инфиродии фаъолияти илмии ҳайати омўзгорониДонишкада;
- гузаронидани назарсанҷиҳо дар байни шунавандагони курсҳои азнавтайёркунӣ ва такмили ихтисоси хизматчиёнидавлатӣ;
- иштирок дар таҳияи созишномаҳо, барномаҳо ва лоиҳаҳои байниидоравӣ ва байналмилалӣ доир ба ҳамкориҳои илмӣ дар идоракунии давлатӣ ва соҳаи хизмати давлатӣ;
таҳияимаълумотномаҳои таҳлилӣ доир ба масъалаҳои гуногунии доракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ барои мақомоти роҳбарикунандаи давлатӣ бо супориши мақомот ва ғайра.