НАҚШИ ЗАН ДАР ДИПЛОМАТИЯ ДАР ҚАРИНАИ ҶАҲОНИШАВӢ
- Автор apatj
- Категория - Хабарҳои академия
Дар қарни XXI олам дигаргуниҳое амиқеро, ки дар натиҷаи азнавсозии низоми ҷаҳонии бисёрқутбӣ ба вуҷуд омадааст, аз сар гузаронида истодааст. Дар манзараи геополитикии ҷаҳон раванду воқеиятҳои нави сиёсиву иқтисодӣ, технологӣ ва иттилоотӣ ба вуқӯъ омаданд, ки боиси дигаргуншавии низоми муносибатҳои байналхалқӣ хоҳанд гашт.
Ҷараёнҳое, ки дар марҳалаи кунунӣ дар ҷаҳон зуҳур намудаанд, тамоми арсаҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишварҳои ҷаҳонро фаро гирифтаанд. Назаррастарин ҷараёни олами муосир ҷаҳонишавӣ ба табиат ва мазмуни муносибатҳои байналхалқӣ, интихоби самтҳои сиёсати хориҷии давлатҳо ва дипломатияи онҳо таъсири бевосита мерасонад.
Дар ин замина масъалаи мақому манзалати зан дар дипломатия аз шумори мавзӯъҳои муҳимми риштаи дипломатия ба шумор рафта, дар оғози асри XXI аҳамияти актуалии бештар пайдо менамояд.
Агар каме ба таърих рӯ оварем, ба мо маълум мегардад, ки нахустин бор дар таърихи дипломатия дар асри XVII (мутобиқи маълумотҳои Е.Кларк) зан ба вазифаи сафир таъйин гардида буд. Дар соли 1646 зани фаронсавӣ де Гебриани ба ҳайати махсус чун сафир ба Варшава фиристода шуда буд, ки худро чун сафири боғайрат нишон дода, аз уҳдаи вазифаҳои муайянгардида бомуваффақият баромада тавонист. Ҳодисаи дигари таъин шудани зан ба вазифаи сафирӣ то асри XX дар таърихи дипломатия вуҷуд надорад.
Дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико то соли 1932 занҳо дар мақоми сафирӣ фаъолият намекарданд. Хизмати дипломатии Британияи Кабир то Ҷанги дувуми ҷаҳон ба рӯи занон пурра баста буд. Франсия низ то солҳои 60 – уми асри XX занро дар мақоми олии дипломатӣ надошт. Дар Олмон дар солҳои 70 – уми асри XX ҳамагӣ 13 зан мақоми дипломатӣ доштанд. Дар Испания танҳо дар соли 1936 ба занон иҷозат дода шуд, то вазифаи дипломатиро ишғол намоянд, баъдан ин иҷозат бекор шуд ва фақат солҳои 70 – уми асри XX барқарор гардид, вале ба кори дипломатӣ фақат ду зан машғул буданду халос. Дар кишварҳои Скандинавӣ, аз он ҷумла дар Норвегия баъд аз Ҷанги дувуми ҷаҳон занон ба кори дипломатӣ ҷалб гардиданд.
Имрӯз низ дар бисёр кишварҳои ҷаҳон, аз он ҷумла Федератсияи Россия, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Канада, Куба, Олмон, Марроко, Шветсия, Исроил, баъзе давлатҳои Америкаи Лотинӣ занҳоро ба вазифаи сафирӣ хеле кам таъйин мекунанд.
Мутаассифона маълумотҳои дигар дар бораи иштироки занҳо дар дипломатия вуҷуд надоранд. Чунки аз замонҳои қадим фаъолияти дипломатӣ касби мардона ҳисобида мешуд ва то кунун ин яке аз касбҳои камшумор ба ҳисоб меравад, ки дар он шовинизми мардона бештар зоҳир мешавад. Эҳтимол аз ин хотир дар китобҳои классикон Ф. Калер, Г. Николсон, Ж. Камбон дар бораи нақш ва мақоми занҳо дар дипломатия маълумотҳо вуҷуд надоранд.
Ҳамзамон қайд намудан ба маврид аст, ки имрӯз тақрибан дар тамоми сафоратҳои ҷаҳон занон дар кори дипломатӣ хеле кам дучор мешаванд – онҳо асосан ба сифати кормандон – котиб: китобхоначӣ, чопкунанда ва ғайра кор мекунанд. Заноне, ки дипломат мебошанд, одатан, вазифаи котиби дувум ва севуми сафоратро ишғол менамоянд.
Дипломати амрикоӣ У.Макомбер иброз медорад, ки “дар ҳеҷ як касб ҳамсар ба он андозае нақш бозӣ намекунад, ки дар кори дипломатӣ бозӣ мекунад. Одамоне, ки дар бораи дипломатия ақаллан чизе шунидаанд, медонанд, ки занони дипломатҳо чӣ гуна бо ҳамсарони худ дар фаъолияти дипломатиашон мадад мерасонанд”.
Маълум, ки ҳамсари сафир дар сафорат зани нисбатан бонуфузтар аст. Дар фарҳанги дипломатии Британияи Кабир таъкид шудааст, ки ҳамсари сафир ҳеҷ гоҳ набояд фаромӯш кунад, ки вай монанди сафир, пеш аз ҳама, намояндаи кишвари худ мебошад. Баъзан қароргоҳи сафирро меҳмонон чун меҳмонхонаи расмӣ қабул мекунанд, ки дар онҷо ҳуқуқи истеъмоли таом, машрубот, ҳуқуқи баҳрамандшавӣ аз меҳмондории мизбон, махсусан, муомилаи хуши соҳибхоназанро доранд ва ҳамсари сафир дар чунин мавридҳо ба менеҷери кордони меҳмонхона монанд мебошад.
Ба ҳамсари сафир одатан ҳам дипломатҳои сафорат, ҳам занони онҳо ва меҳмонон, ки сафир онҳоро даъват менамояд, талаботи баланд ба миён мегузоранд. Меҳмонон ба ҳар як сухани вайро бодиққат гӯш карда, рафтори ӯро назорат менамоянд. Дар маҳфилҳои қабули умумӣ (зиёфатҳо) таваҷҷуҳ ба вай аз таваҷҷуҳ ба сафир камтар нест. Шоистагии вай, рафтори хуби вай ва ҳам иштибоҳи вай зуд ба назари атрофиён аён мешавад. Вай бояд боназокат, хушмуомила буда, фаросати сиёсӣ дошта бошад. Ӯ бояд дар бораи кишваре, ки ҳамсараш дар онҷо хизмат менамояд, дар бораи анъанаю урфу одат, тарзи рафтори мардуми онҷо тасаввуроти кофӣ дошта бошад. Дар баъзе давлатҳо барои ҳамсарони сафирон курсҳои махсуси то якмоҳа аз рӯи барномаи хос ташкил карда мешаванд.
Вазифаи асосӣ ва нақши давлатии ҳамсари сафир аз он иборат аст, ки ба шавҳари худ ҷиҳати барқарор кардани равобити дипломатӣ ёрӣ расонад, тавре рафтор намояд, ки барои шиносҳои шавҳараш на танҳо мулоқот бо дипломатҳо, балки мулоқот бо вай низ мароқовар бошад, яъне ҳамсари сафир ҳамчунин бояд мусоҳиби хуб бошад.
Албатта, ин вазифаи мушкил аст ва ба он бояд ҳанӯз вақти дар кишвари худ будан, тайёрӣ ҷиддӣ дид. Масалан, ҳамсари дипломати тоҷик бояд ватани худ – таърих, фарҳанг, ҳунар, шаҳрҳои онро хуб донад ва дар бораи кишвари худ, урфу одат, расму оин, занону духтарони он, тарзи либоспӯшии онҳо ва проблемаҳои онҳо бо забони хориҷӣ суҳбати мароқангез карда тавонад.
Аз таърихи сиёсати хориҷии кишварамон маълум аст, ки дар соли 1993 дар дастгоҳи марказӣ ҳамагӣ 8 зан фаъолият дошт. Ҳоло тақрибан 40 дарсади кормандони вазоратро бонувон ташкил медиҳанд. Бархе аз онҳо дар сафоратхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар ва қисмати дигаре дар дастгоҳи марказӣ ҳамарӯза фаъолият доранд. Боиси тазаккур аст, ки қисмати зиёди бонувонро ҷавондухтарон ташкил медиҳанд. Дастгоҳи марказии вазорат барои фаъолияти бонувони дипломат ҷиҳати баланд бардоштани имиҷи кишвари азизи мо – Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ ҳама шароитро фароҳам оварда, онҳоро дар ин кори мушкил ва пуршараф дастгирӣ мекунад. Аз ҷумла, шӯрои занҳои дипломат дар назди вазорат амал мекунад, ки он пешниҳодҳои ҳамарӯзаи бонувонро мавриди баррасӣ қарор дода, дар баланд бардоштани мавқеи онҳо дар дохили сохтор ва берун аз он саҳми назаррас дорад.
Имрӯз дипломатҳо имкони таҳсил дар Академияи дипломатии Россия ва давлатҳои Аврупову Амрикоро доранд. Бо ифтихор гуфта метавонем, ки бонувони мо дар ташаккулу такомули мактаби дипломатияи тоҷик саҳмгузоранд. Китоби “Асосҳои хизмати дипломатӣ”, ки аз ҷониби Рухшона Раҳмонова таълиф шуд ва ҳамчун дастури рӯимизии дипломатҳои ҷавон барои корбарӣ истифода мешавад, мисоли равшани ин гуфтаҳост. Зан — дипломати тоҷик имрӯз пешбарандаи сиёсати дуҷониба ва бисёрҷонибаи давлат аст.
Бешак, занҳои тоҷик дар пешбурди сиёсати дохилию хориҷии кишвари маҳбубамон саҳмгузор буда, барои таҳкими сулҳ, ваҳдат, ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва муаррифии шоистаи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ бо дили нарм ва азми қавӣ дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кӯшиш ба харҷ дода, минбаъд низ ҳиссаи худро хоҳанд гузошт.
Махфирати ДИЛОВАРШО,
ассистенти кафедраи дипломатия ва
муносибатҳои байналмилалии факултети
дипломатия ва сиёсати Академия