НАҚШИ ПАЁМ ДАР РУШДИ ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ

Ғоибназарзода

Ба ҳамагон маълум аст, ки соли 2020 бо паҳншавии вируси COVID-19 назар ба дигар солҳо фарқкунанда буд. Дар соли  сипаришуда мамолики ҷаҳон на барои пештоз будан дар рушди иқтисодиёти ҷаҳонӣ кӯшиш карданд, балки бештар барои он талош намуданд, ки иқтисодиёташон дар буҳрони ҳамагир муфлис нагардад.

 

Бо вуҷуди ин, дар соли 2020 иқтисодиёти қисме аз давлатҳо дар фишанги пандемияи ҷаҳонӣ рӯ ба коҳишёбӣ овард. Ин нуктаро соли ҷорӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми хеш ба Маҷлиси Олӣ хеле хуб шарҳ доданд: “Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ чунин буҳрони шадиду фарогир дар сад соли охир бори аввал ба миён омада, боиси таназзули ҷиддии иқтисодиёти ҷаҳон гардид,” — сароҳатан иброз доштанд Пешвои миллат зимни ироаи Паёми хеш.

 

Ҷумҳурии Тоҷикистон чун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ҳар паёмаде, ки ба мамолики дунё дахл дорад, ҷудо буда наметавонад. Аз ҷумла, дар Тоҷикистон низ вируси ҳамагири COVID-19 дар соли 2020 ба қайд гирифта шуд ва то андозае зарари худро дар рушди иқтисоди миллӣ расонид. Чуноне Сарвари давлат дар Паёмашон изҳор доштанд: “Пайомадҳои пандемия ба иқтисодиёти кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла ба рушди иқтисоди миллӣ, буҷети давлатӣ, гардиши савдои хориҷӣ, қурби асъори миллӣ, инчунин, ба фаъолияти корхонаҳои саноативу муассисаҳои хизматрасонии мо низ таъсири манфии худро расонида истодаанд”.

 

Хушбахтона, давлати мо аз зумраи он давлатҳое нагардид, ки ба буҳрон рӯ ба рӯ гардида, иқтисодиёташ рӯ ба коҳишёбӣ орад. Ҳарчанд баъзе соҳаҳо дар фаъолияти худ ба мушкилӣ дучор гардида бошанд ҳам, бовуҷуди ин сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати Тоҷикистон ба таври бояд тавонист, ки роҳи муфлисшавии корхонаҳоро дар кишвар пешгирӣ намояд: “Яъне мо соли 2020 дар вазъияти бошиддати иқтисодиву молиявии ҷаҳонӣ фаъолият карда, бо вуҷуди мушкилоти пешомада, ҷиҳати пешгирӣ намудани пайомадҳои буҳрон ва ҳифзи амнияти иқтисодии мамлакат як қатор чораҳои фавриро роҳандозӣ кардем,”-изҳор доштанд Пешвои миллат.

 

Таъсири вируси COVID-19-ро аз хурд то калон дар тамоми ҷаҳон эҳсос намуданд. Он ҷомеаи ҷаҳониро ба тарсу ваҳм дучор намуд ва ба бисёре аз соҳаҳои иқтисодиёти ҷаҳонро зарари худро расонид. Пеш аз ҳама паҳни коронавирус мушкилоти иқтисодиро дар ҷаҳон печидатар гардонид. Болои он ҳама ҳодисаҳое, ки ҳамарӯза дар ҷаҳон рух медиҳанд, ин хатар дар иқтисодиёт ва шароити бозори ҳамаи кишварҳо тағйироти ҷиддиро ба бор овард. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ ҳамаи ин мушкилиҳоро зикр намуда, қайд карданд, ки: “Бо вуҷуди таъсири манфии омилҳои зикршуда, дар натиҷаи амалӣ гардидани тадбирҳои таъхирнопазир аз ҷониби Ҳукумати кишвар устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ таъмин гардида, дар самти беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ тамоюлҳои мусбат нигоҳ дошта шуданд”.

 

Натиҷаи сиёсати дурбинона ва хирадмандонаи Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давраи сахти буҳрони ҷаҳонӣ нишон дод, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад, ҳатто дар замони ноамнӣ, хуруҷи бемориҳои мухталиф, пандемияҳо мувозинати иқтисодии худро нигоҳ дорад. Ҳатто дар соли 2020 бо вуҷуди паҳни бемории COVID-19 иқтисодиёти кишвар афзоиш ёфта, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ боло рафтанд. Дар ин бобат Пешвои миллат дар Паёмашон чунин ишора намуданд: “Иқтисодиёти кишвар дар соли 2020-ум 4,5 фоиз афзоиш ёфта, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 82,5 миллиард сомонӣ баробар гардид. Дар ин давра 9,7 фоиз афзоиш ёфтани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, кишоварзӣ 8,8 ва гардиши савдои хориҷӣ 0,8 фоиз, аз ҷумла содирот дар ҳаҷми 19,8 фоиз заминаи рушди иқтисоди кишварро ба вуҷуд овард. Хусусан, истеҳсоли маҳсулоти озуқа нисбат ба соли 2019-ум 28,3 фоиз афзоиш ёфт, ки ба беҳтар таъмин гардидани бозори дохилӣ бо маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ мусоидат намуд. Ба соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллӣ дар ҳаҷми умумии беш аз 5,4 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ, аз ҷумла 1,3 миллиард сомонӣ сармояи мустақими хориҷӣ ҷалб карда шуд”.

 

Таъкидҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш барои нигоҳ доштани иқтисодиёти кишвар ва боло бурдани сатҳи афзоиши он дар давраи сахту душвор роҳнамо ва муршиди тамоми ҷомеаи тоҷикистонӣ мебошад. Пешвои миллат бо назардошти таҳаввулоти босуръати ҷаҳони имрӯза ва таъсири манфии онҳо таъкид карданд: “Дар шароити зудтағйирёбанда ва вазъи шиддатноки ҷаҳони муосир мо бояд, қабл аз ҳама, ба иқтидору имкониятҳои дохилии кишвар такя карда, барои рушди устувори иқтисодӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва ҳимояи саломатии шаҳрвандон боз ҳам бештар талош намоем”. Дар робита ба ин, Сарвари давлат зикр карданд, ки беҳтар гардонидани фазои сармоягузориву соҳибкорӣ ва ҷалби сармояи мустақим барои таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодии мо ба ҳисоб меравад.

 

Бо дарназардошти таъкидҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шиддат гирифтани рақобати тиҷоратӣ миёни кишварҳо моро вазифадор месозад, ки дар самти пешгирии хавфҳо ва коҳиш додани таъсири онҳо ба иқтисоди миллӣ, инчунин, баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ тадбирҳои зарурӣ андешем. Чун дар раванди босуръати ҷаҳонишавӣ соҳаи иқтисодиёти кишварҳо бетаъсир намонда, он аз ҳар давлат рақобати шадидро талаб мекунад.

 

Аз дидгоҳи Роҳбари давлат барои таъмини рушди устувори иқтисоди миллӣ қабл аз ҳама, фаъолият дар самти муқовимат ба таҳдиду буҳронҳо, ташаккули имконияту захираҳои молиявии ба рушд нигаронидашуда, таъмин намудани гуногунсамтии иқтисодиёт, густариши раванди рақамикунонӣ, дастрасии молиявию дастгирии соҳибкорӣ, ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолии кишвар, омодагӣ ба пайомадҳои тағйирёбии иқлим ва гузариш ба иқтисоди “сабз” тақвияти бештар бояд бахшида шавад.

 

Дар маҷмӯъ, дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи иқтисодиёти кишвар назари хоса намуда, ба хотири пешрафти Ватан, ки асоси онро рушди иқтисоди миллӣ ташкил медиҳад, ҳидоятҳои созгор намуданд, ки моро ба ояндаи дурахшон хоҳанд  расонид.

 

Бо боварӣ метавон гуфт, ки дар партави сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Перезиденти кишвар муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон бо татбиқи амалии ҳадафҳои дар Паём пешбинигардида, иқтисодиёти кишвар боз ҳам рушд намуда, ба яке аз давлатҳои мутараққии минтақа табдил меёбад.

Саид ҒОИБНАЗАРЗОДА,

директори Пажӯҳишгоҳи идоракунии давлатӣ

ва хизмати давлатии Академия

Похожие записи