НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР РУШДИ ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ

51193880629_e9e629e132_k

Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ба як қатор мушкилотҳои назарраси иқтисодию иҷтимоӣ дучор гардида, иқтисоди миллӣ қариб, ки дар ҳолати нестшавӣ қарор дошт. Тавре, ки аз таҳлилҳои мутахассисону коршиносон ва олимони иқтисоддон бармеояд, ҷанги шаҳрвандӣ ба иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 10 млрд. доллари ИМА хисороти моддӣ оварда ва зиёда аз 700 ҳазор нафар мутахассисони баландихтисоси касбу кори гуногун ба хориҷа рафтанд. Инчунин, гусасташавии риштаҳои ҳамкории шарикӣ миёни давлатҳои собиқ Иттиҳоди Шўравӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар шароити бумбасти коммуникатсионӣ қарор дод.

 

Дар натиҷа пастравии иқтисодиёт ва тезу тунд гардидани вазъият дар давоми солҳои 1991-1996 бештар мушоҳида шуда, миёни кишварҳои пасошӯравӣ ягон мамлакат ба чунин мушкилоти сахти иқтисодӣ дучор нагардида буд. Дар ин давра сатҳи бекорӣ ва таваррум ба сатҳи ниҳоии худ расид ва сатҳи камбизоатӣ беш аз 80 фисадро ташкил дод, ки хеле ҳолати ногуворро дар иқтисоди миллӣ ба вуҷуд овард. Ғайр аз ин, дар ин давра пастравии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) ба чашм мерасид. Дар соли 1996 ММД – и Тоҷикистон нисбат ба соли 1991 ба андозаи 70% кам гардида, истеҳсоли аксар молҳои саноатӣ ба маротиб коҳиш ёфт. Ҳукумати Тоҷикистон ба хубӣ дарк менамуд, ки идома ёфтани чунин раванд ба оқибатҳои ногувори иҷтимоию иқтисодӣ оварда мерасонад ва бояд тадбирҳое андешида мешуданд, ки иқтисоди миллӣ аз ин ҳолат ҳарчи зудтар бароварда шавад.

 

Дар баробари ба сари ҳокимият омадани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои азими бунёдкориву созандагӣ шурӯъ гардида, ислоҳоти амиқи иқтисодиву иҷтимоӣ оғоз гардид, ки дар ин самт, як қатор стратегия ва барномаҳои давлатӣ қабул гардиданд: Стратегияи милли рушд барои соли 2015, Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ, Стратегияи баланд бардоштани сатҳи некӯаҳолии мардум барои солҳои 2013-2015, Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020, Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, ва ғ. Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муяссар гардид, ки бо роҳи амалӣ гардидани стратегияҳои дар боло зикргардида ва барномаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар ба дастовардҳои бузург ноил гардад. Аз ҷумла, паст кардани сатҳи камбизоатӣ аз 81%-и соли 1999 то 26,3% дар соли 2020, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани мамлакат, афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 6167,2 млн. сомонии соли 2004 ба 82543 млн. сомонӣ дар соли 2020, таъсиси ҷойҳои кории нав ва марҳила ба марҳила зиёд гардидани музди маош ва ғ. Яке аз муҳимтарин нишондиҳандаи иқтисодиёт, ки натиҷаи ниҳоии фаъолияти истеҳсолӣ ва рушди иқтисоди миллиро тавсиф менамояд, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ мебошад.

 

Тибқи омори расмии кишвар агар маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар дар соли 2013-ум -40524,5 млн. сомонӣ ва дар соли 2015-ум- 48401,6 млн. сомониро ташкил дода бошад, дар соли 2018 – 68844 млн. сомонӣ, дар соли 2019 – 78212,5 млн. сомонӣ ва дар соли 2020 – 82543 млн. сомониро ташкил додааст. Ба ғайр аз ин, агар дар соли 2002-ум маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сари аҳолӣ 524,1 сомонӣ (190 доллари ИМА) иборат бошад, дар соли 2020 он то 8740 сомонӣ (қариб 800 доллари ИМА) расидааст. Ҳамзамон, қобили қайд аст, ки соли 1997 ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 518,4 млн. сомониро ташкил мекард, ки он ба ҳар сари аҳолӣ 89,0- сомонӣ рост меомад, дар натиҷаи дар ҳамаи бахшҳои иқтисоди кишвар самаранок ҷорӣ намудани ислоҳотҳои сохторӣ ва амалӣ гардидани барномаҳои мақсадноки давлатӣ ин нишондиҳанда ба таври назаррас афзоиш ёфта дар соли 2020 82543 млн. сомониро ташкил намуд. Яъне дар соли 2020 нисбат ба соли 1997 ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ – 160,5 маротиба ё ба маблағи 82024,6 млн. сомонӣ ва ба ҳар сари аҳолӣ 98,2 маротиба ё ба маблағи 8651,2 сомонӣ зиёд гардида аст.

 

Бо ҳидояту дастгириҳои пайвастаи Пешвои хирадманд муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати боз ҳам вусъат бахшидани корҳои созандагӣ, кам кардани сатҳи камбизоатӣ ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии халқ Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 таҳия гардида мавриди амал қарор дорад. Стратегияи мазкур барои ноил гардидани Ҳадафҳои рушди ҳазорсола ва афзалятҳои дар Стратегияи миллии рушд муайянгардида равона шудааст. Дар асоси амалӣ гардидани ин стратегия то соли 2030 бояд ҳамасола афзоиши ММД 7-8%-ро ташкил диҳад, ҳаҷми ММД дар давраи пешбинишуда 3 маротиба ва аз ин зиёд афзоиш меёбад ва ҳаҷми он ба ҳар сари аҳолӣ 2,5 маротиба зиёд мешавад. Инчунин, то соли 2030 сатҳи таваррум дар доираи 7% нигоҳ дошта шуда ва сатҳи камбизоатӣ то 15% паст карда мешавад.

 

Бояд тазаккур дод, ки дар таъмини рушди устувории иқтисодиёт ва дастрасӣ ба афзалятҳое, ки дар Стратегияи миллии рушд оварда шудааст, нақши низоми бонкии кишвар хеле калон мебошад. Таҷрибаи давлатҳои рушдкарда нишон медиҳанд, ки рушди босуботи бахши воқеии иқтисодиёти давлат аксаран аз иштироки фаъоли бонкҳо дар ҷараёни сармоягузорӣ вобаста мебошад.

 

Ҳамин тариқ дар татбиқи сиёсати иқтисодию иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикситон ва рушди устувори иқтисдиёти мамлакат, махсусан соҳаҳои воқеии он, рушди низоми бонкӣ ҷои намоёнро ишғол менамояд. Дар 30-соли истиқлол низоми бонкии кишвар дар ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалии молиявӣ ба монанди Бонки исломии рушд, Бонки рушди Осиё, Бонки рушд ва таҷдиди Аврупо муваффақиятҳои муҳимро ба даст овард. Созмонҳои молиявии мазкур дар низоми бонкии кишвар барои дастгирии соҳибкории хурду миёна, рушди соҳаҳои маориф, тандурустӣ, нақлиёт, энергетика ва дигар соҳаҳо саҳми муҳим гузоштанд. Дар соли 2020 аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ ба соҳаҳои гуногуни иқтисоди кишвар қариб 10 миллиард сомонӣ қарз дода шуд, ки нисбат ба соли 2019-ум 4,6 фоиз зиёд мебошад.

 

Дар натиҷаи ба роҳ мондани сиёсати дурусти низоми бонкӣ дороиҳои низоми бонкии кишвар аз 311 млн. сомонии соли 2000-ум ба беш аз 26 млрд. сомонӣ дар соли 2020 расонида шуд.

 

Бо шарофати ба даст овардани Истиқлол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дуруст ба роҳ мондани низоми молиявии кишвар қисми даромади буҷети давлатӣ сол то сол зиёд шуда истодааст. Бояд қайд намуд, ки ҳаҷми умумии буҷети давлатӣ бар ҳар сари аҳолии кишвар дар соли 1997 танҳо 19,8 сомонӣ ташкил мекард ва дар натиҷаи ислоҳоти молиявӣ ин нишондиҳанда дар соли 2020 то 2484 сомонӣ расидааст.

 

Бояд қайд намуд, ки иқтисодиёти воқеӣ сарчашмаи асосии қисми даромади беҷети давлатӣ ба шумор меравад. Ҳаҷми умумии даромади буҷети давлатӣ аз 14,6 миллиард сомонии соли 2014 то 23,6 миллиард сомонӣ дар соли 2020 афзоиш ёфт.

 

Нишондиҳандаҳои дар боло зикршуда аз он дарак медиҳанд, ки рӯз то рӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сатҳу сифати зиндагии мардум хубтару беҳтар шуда истодааст. Сиёсати иҷтимоии хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат ин баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум, кам намудани сатҳи бекорӣ ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад. Дар робита ба ин, баҳри амалӣ гардидани ин сиёсат дар солҳои 2009-2020 музди маоши кормандони ташкилотҳои буҷетӣ аз 10% то 40% зиёд гардонида шуд.

 

Бо дарназардошти дастовардҳое, ки дар боло овардашудаанд, дар тамоми соҳаҳои дигар низ пешравиҳои иқтисодию иҷтимоии назаррас ба таври аъло дида мешаванд.

 

Моро зарур аст, ки сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, барои амалӣ шудани ҳадафҳои стратегии кишвар саҳми худро гузошта, аз як гиребон сар бароварда, баҳри таъмини рушди устувори Тоҷикистони азиз тамоми қувваю дониши худро сарф намоем, то кишвари мо ба як давлати пешрафтаи минтақа табдил ёфта, обрӯю манзалати хешро дар арсаи ҷаҳонӣ боз ҳам баланд бардорад.

 

Гулмо ҚОДИРОВА,

мудири кафедраи менеҷменти

Академия

Похожие записи