НАҚШИ СОҲИБКОРИИ ЭКОЛОГӢ ДАР РУШДИ БОСУБОТИ  ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ

Ljcbtd

Боиси қаноатмандист, ки солҳои соҳибистиқлолӣ дар кишвар бобати рушди минбаъдаи фаъолияти соҳибкории саноатӣ ва ислоҳоти соҳа, ки маҳз бо мақсади афзоиши мунтазами ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, тавлиди молу маҳсулоти ватанӣ, муҳайё намудани ҷойҳои нави корӣ, истифодаи самараноки захираҳои мавҷуда ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум равона гардидааст, аз ҷониби ҳукумату давлат пайваста тадбирҳои судманд андешида мешавад. 

 

Мавриди зикр аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ташкил ва рушди соҳаи соҳибкории хурду миёна дар бахши экология захираҳои назарраси молиявӣ, истеҳсолӣ ва меҳнатӣ мавҷуд буда, барои инкишофи минбаъдаи он  заминаҳои мусоид фароҳам оварда шудаанд.

 

Зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олии кишвар Пешвои миллат таъкид карданд, ки: “Бо дарназардошти аҳамияти соҳаи саноат дар ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ пешниҳод менамоям, ки саноатикунонии босуръати кишвар ҳадафи чоруми миллӣ эълон карда шавад. Вобаста ба ин, то соли 2030 ҳиссаи соҳаи саноат дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 21 дарсад расонида шавад”, “Мо саноатикунонии босуръатро ҳамчун ҳадафи чоруми стратегии кишвар қабул кардем, зеро рушди саноат барои таъмин намудани устувории иқтисодиёт, ташкили ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани иқтидори содиротии мамлакат ва рақобатнокии он замина мегузорад”.

 

Барои расидан ба ин мақсад нақш ва ҷойгоҳи фаъолияти соҳибкорӣ, махсусан соҳибкории саноатӣ инчунин амалишавии стратегияҳо ва барномаҳои соҳавии солҳои охир қабулгардида, аз ҷумла “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”, “Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”, “Барномаи дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020”, “Барномаи рушди саноати сабук дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2022″, “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020”, “Барномаи давлатии мусоидат ба содирот ва ивазкунандаи воридот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ниҳоят муҳим арзёбӣ ва таъмин гардида истодааст.

 

Дар доираи нишондиҳандаи “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ҳамасола на камтар аз 100 ҳазор ҷойи нави корӣ пешбинӣ шудааст.

 

Аз ин рӯ, масъалаҳои таъмини рушди бемайлони фаъолияти соҳибкории истеҳсолӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ барои ташкил намудани ҷойҳои кории нав ба таври ҳамешагӣ зери диққати давлат ва ҳукумати кишвар қарор дошта, дар ин самт пайваста тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад.

 

Бо дарназардошти ин аз тарафи Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди соҳибкории саноатӣ дар доираи ҳуҷҷатҳои танзимкунандаи имтиёзҳои басо муҳими андозию гумрукӣ муайян гардидаанд. Аз 100 намуд имтиёзҳои андозию гумрукӣ ва сабукиҳои ҷоригардида, зиёда аз 60 намуди онҳо барои дастгирии соҳибкорони саноатӣ пешбинӣ шудааст: аз ҷумла, воридоти техника ва таҷҳизотҳои истеҳсоливу технологӣ ва маснуоти такмили онҳо, воридоти ашёи хоми барои истеҳсолот муҳим, ки дар ҷумҳурӣ истеҳсол карда намешаванд, воридоти молу маҳсулотҳо бевосита барои эҳтиёҷоти худ ва боз даҳҳо имтиёзҳои дигар, ки аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва пардохтҳо ва боҷҳои гумрукӣ озод карда шудаанд.

 

Таҳлили маълумотҳои оморӣ нишон медиҳад, ки шумораи корхонаҳои саноатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2013 то соли 2017 тамоюли афзоишро дар сатҳи аз 104 то 121% ташкил медод.

 

Чунин ҳисобидан бамаврид аст, ки фаъолияти соҳибкорӣ дар бахши муҳити зист ба рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологии маҳалҳо ва минтақаҳо  мусоидат намуда, дар ташкил намудани ҷойҳои нави корӣ  ва беҳтар намудани вазъи экологии минтақаҳои кишвар саҳми арзанда гузошта метавонад.

 

Дар баробари ин, барои беҳтар гардондани вазъи экологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин, бо мақсади такмили заминаҳои ҳуқуқӣ, меъёрӣ ва экологӣ дар раванди гузариши мамлакат ба модели пешбинишудаи рушди устувори экологию иқтисодӣ туфайли санадҳои таҳиягардида ва қабулшудаи меъёрию ҳуқуқӣ дар соҳаи экология ва ҳифзи табиат муваффақиятҳои назаррас ба даст омаданд.

 

Бояд зикр намуд, ки ташаккули соҳибкории экологии замонавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз омилҳои муҳимтарини барномаҳои рушди устувори иқтисодии мамлакат буда метавонад. Истеҳсоли маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза, кор ва хизматрасониҳои таъиноти ҳифзи табиатдошта самти асосии фаъолияти соҳибкории экологӣ мебошад.

 

Омўзиши таҷрибаи мамлакатҳои хориҷа оид ба рушди соҳибкории экологӣ шаҳодат аз он медиҳад, ки соҳибкории экологӣ дорои иқтидори баланд буда, имкони истифодаи механизмҳои худташаккулёбии соҳаро дар бахши экология, хусусан, агар дар ин маврид аз тарафи давлат дастгирии босамар ёбад, ба вуҷуд меорад.

 

Соҳибкории экологие, ки аз ҷониби давлат дастгирӣ карда мешавад, на танҳо тиҷорати бонуфуз, балки фоидаовар низ мебошад. Тибқи  нишондиҳандаҳои оморӣ ҳаҷми маҳсулоти дар бозори экологӣ истеҳсолшаванда аз 600 то 2 триллион долларро ташкил медиҳад ва суръати афзоиш аз 5,5 то 7 % дар як солро ташкил медиҳад. Саҳми тиҷорати экологӣ ба ММД-и кишварҳои  Иттиҳоди Аврупо, ИМА ва Ҷопон аз 10 то 24 % -ро ташкил медиҳад. Бозори дохилии ИМА барои истеҳсоли маҳсулот ва хидматҳои экологӣ ҳамасола 37 миллиард доллар, Ҷопон – 30 миллиард доллар, Олмон – 20 миллиард доллар, Фаронса – 10 миллиард долларро ташкил медиҳад. Дар кишварҳои Аврупои Шарқӣ, аз ҷумла ИДМ, истеҳсоли маҳсулот ва хизматрасониҳои экологӣ ҳамасола 20 миллиард долларро ташкил медиҳад.

 

Барои ташкил ва рушди соҳибкории экологӣ дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва  дар  амал  татбиқ  намудани  ҳадафҳои  соҳибкороне,  ки  ба  ин  ҷода  қадам  мениҳанд, нақши бозори кору хадамоти экологӣ ва бозори маҳсулоти экологӣ  ниҳоят муҳим аст. Илова бар ин, оид ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва ба кор таъмин намудани шаҳрвандон чӣ дар доираи соҳибкорӣ ва чӣ дар бозорҳои  кору  хадамоти экологӣ қадамҳои устувор ба шумор меравад.

 

Оид ба ин масъала дар кишварҳои абарқудрати хориҷӣ ҳанӯз дар нимаи дуюми қарни гузашта чораандешӣ намуда, фаъолияти соҳибкории экологӣ ва бозори хизматрасониҳои экологиро роҳандозӣ намуда буданд.

 

Масалан, дар Федератсияи Русия ҳанӯз то соли 1991 шумораи соҳибкории  экологӣ аз 17  ҳазор  зиёд  гардида буд,  ки  40%  аз  шумораи  онҳо ба  фаъолияти  хадамоти миёнаравии  фурӯши захираҳои  табиӣ машғул  буданд. Бозори кор ва хадамоти экологиро дар Федератсияи Русия як қатор бонкҳои тиҷоратӣ аз  қабили бонки  ҳифзи  муҳити  зисти  Поволже (Экобанк – Волга),  Экопромбанки  шаҳри  Пермь, бонки  саҳҳомии  миллии  ҳифзи муҳити зист (Эконацбанк), инчунин, биржаҳои махсусгардонидашуда дастгирӣ намуда, барои соҳибкорони  равияи  экологӣ шароити  сазовор  фароҳам овардаанд.

 

Мавриди зикр аст, ки бо назардошти таҷрибаи пешқадами мамолики хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бояд бонкҳои тиҷоратӣ ва давлатӣ бо соҳибкороне, ки дар бахши экология фаъолият менамоянд, ҳамкориро мустаҳкам намуда, дар пиёда намудани сиёсати давлатӣ оид ба ҳифзи муҳити зист саҳми арзандаи хешро гузоранд.

 

Хулоса, қайд намудан зарур аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол ташкил намудани соҳибкории экологӣ бамаврид буда, дар рушди иқтисодиёти инноватсионии кишвар саҳми муносиб гузошта метавонад.

 

Соҳибкории экологӣ бошад, ба танзим ва дастгирии давлатӣ зарурати объективӣ дорад. Дар ҳолати танзим ва дастгирии давлатӣ дурнамои тараққии ояндаи соҳибкории экологӣ  вобаста буда, метавонад бо истифода аз  захираҳои табиӣ ва имкониятҳои мавҷуда  маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза ва ба бозори ҷаҳонӣ ҷавобгӯ истеҳсол намуда, бо ин васила дар рушди иқтисодиёти инноватсионии кишвар саҳми муносиб гузорад.

 

Маҳмадшоҳ ДОСТИЕВ,

мудири кафедраи идоракунии молияи давлатии Академия,

 номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент

Похожие записи

Оставьте нам комментарий