НАҚШИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР СИЁСАТИ ХОРИҶИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Президент в ОООН

Дар раванди таърихии ташаккул ва рушди Тоҷикистон ба ҳайси давлати соҳибихтиёру мустақил сиёсати хориҷии он нақши сазовор дорад. Бояд хотирнишон сохт, ки барқарории равобити хориҷӣ ва шиносонидани Тоҷикистон чун кишвари мустақил яке аз муҳимтарин ва дар айни ҳол мушкилтарин бахшҳои давлатсозӣ дар солҳои аввали истиқлол буд.

 

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 29 сентябри соли 1993 нахустин бор аз минбари Созмони Милали Муттаҳид сухан ронда, ҷомеаи ҷаҳониро бо ҳадафи сиёсии сулҳҷӯёна ва таҳкиму тақвияти ҳамкорӣ бо кишварҳои дӯсту сулҳпарвари ҷаҳон ошно намуд. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо эътироф кардани асноди байналмилалӣ-ҳуқуқӣ, аз ҷумла Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид, Санади хотимавии Ҳелсинкӣ, Баёнияи Париж ва дигар санадҳо зербинои сиёсати дохилӣ ва хориҷии худро бунёд намуда, эълон кард, ки инсон ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои онро, сарфи назар аз мансубияти миллӣ, мазҳабӣ, нажодӣ ва ҷинсӣ арзиши олӣ мешуморад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пешбурди сиёсати хориҷӣ ва тақвияти ҷойгоҳу нуфузи худ дар арсаи ҷаҳонӣ ба комёбиҳои назаррас ноил шуд. Тавсеаи равобит бо кишварҳо ва созмонҳои олам бо ҳифзи манофеи миллӣ ва риояи манфиати шарикон асоси сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил медиҳад.

 

Мусаллам аст, ки обрӯ ва нуфузи имрӯзаи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ самараи талоши пайгирона ва хастагинопазири Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Ӯ бо қабули масъулияти кишвар дар солҳои басо вазнин ва пайгирии ҳадафи олии созандагӣ манфиати умумимиллиро аз манфиатҳои дигар боло гузошта, боварии халқро соҳиб гардид. Корҳое, ки тайи солҳои гузашта анҷом дод, боис шуд, ки дар дохили мамлакат тамоми халқ, махсусан равшанфикрон ва неруҳои ақлонӣ ба нақшаву барномаҳои ояндаи ӯ бо диди умед бингаранд ва бо боварӣ пайрави роҳаш бошанд.

 

Президенти мо ҳанӯз дар рӯзҳои душвор ва печидаи кишвар, дар ташаккули сиёсати хориҷии Тоҷикистон, роҳандозии тамосу равобити дӯстона бо кишварҳои гуногун, созмонҳои байналмилалӣ ва ниҳодҳои молиявии ҷаҳонӣ ва муаррифии кишвару миллат дар ақсои олам нақши созанда ва беназир дорад. Даҳҳо кишвари хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ дар Тоҷикистон намояндагиҳои худро боз намуда, ҳамзамон дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон – аз Осиё то Аврупо ва аз Африқо то Амрико намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Тоҷикистон баҳри таҳкиму густариши ҳамкориҳои ду ва чандҷониба муваффақона фаъолият доранд.

 

Эмомалӣ Раҳмон муаллифи чор ташаббуси бузургест, ки дар сатҳи ҷаҳонӣ амалӣ шудаанд: “Соли байналмилалии оби тоза, 2003”, Даҳсолаи байналмилалии амалиёт “Об барои ҳаёт, 2005-2015”, “Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013” ва Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028”.

 

Бояд гуфт, ташаббусҳо дар соҳаи об, пеш аз ҳама ба таҳкими ҳамкорӣ  ва танзими муносибат дар ин соҳаи ҳаётан муҳим нигаронида шуда, мавзӯи обро аз чаҳорчӯбаи фаҳмиши классикӣ ва куҳнашудаи он раҳо мекунанд ва назари навро дар истифодаи захираҳои обии минтақа талқин менамоянд, ҳадафи истифодаи таҷрибаи пешрафтаи якдигар ва ҷаҳонро дар ҳалли масъалаҳои пурбаҳсу низоъангез, аз ҷумла, идоракунии захираҳои оби дарёҳои сарҳадгузар пайгирӣ мекунанд.

 

Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои ташаккулёбӣ ва тараққиёти давлати озод худро ҳамчун шахси дурандеш ва ақидаи устувордошта нишон дод. Он солҳо ӯ бевосита худ ба гӯшаҳои дурдасттарини кишвар рафта, бо вазъият шахсан ошно мегардиду бо мардуми ҷангзада мулоқот мегузаронд. Пешвои миллати мо худ аз халқ аст ва бинобар ин мушкилоти зиндагӣ ва ҳиссиёти халқи оддиро ба хубӣ дарк мекунад.

 

Пешниҳод ва татбиқи ҳадафҳои стратегӣ дар кишвар, ояндабинии боъэтимод баҳри инкишофи иқтисодиву иҷтимоӣ, пешбурди муносибатҳои дипломатии бо эътимод бо кишварҳои шарик, ташаббус дар ҳалли масъалаҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ, устувор гардонидани давлатдории дунявӣ дар асоси принсипҳои демократӣ ва дигар ташаббусҳои муҳими сиёсатмадори волоназар – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон тоҷиконро ҳамчун миллати тамаддунофар дар ҷаҳон муаррифӣ карда, минбаъд низ ҷойгоҳи шоистаи Тоҷикистонро дар ҷаҳони муосир таъмин менамояд.

 

Дар чунин дунёи пурталотум сиёсати хориҷии мустақил ва озод, ки тавассути Пешвои миллат роҳандозӣ ва ҳидоят мешавад, ба Тоҷикистон имкон медиҳад, ки бо чанд маркази муҳимми қудрат ва бозигарони асосии ҷаҳон ва минтақа муносибати ботавозун ва баробар дошта бошад.

 

Умумияти ҳадафу вазифаҳое, ки дар назди давлатҳои мо қарор доранд, зарурати рушду таҳкими муносибатҳои байниҳамдигарии онҳоро бар пояи дӯстӣ, эътимод ва ҳамкории судманд, аз ҷумла дар арсаи тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ ва иҷтимоиёт таъкид менамоянд. Бо такя ба ин усул мо метавонем ҳамкориро дар соҳаи амният низ густариш бахшида, ҳамроҳ бар зидди таҳдиду хатарҳои глобалии муосир дар минтақа муқовимат ва истодагарӣ намоем.

 

Дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳким ва густариши муносибатҳои дуҷонибаи босубот ва дарозмуддат бо кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мавқеъ ва моҳияти хос дорад. Вобаста ба ин, кишвари мо пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки заминаи ҳарчи мусоидро барои густариши муносибатҳои гуногунҷанба ва судманд дар фазои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил фароҳам оварад.

 

Бояд гуфт, ҷомеаи ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон ва азму иродаи давлати он, бавижа ташаббусҳо ва пешниҳодоти  созандаву  некбинонаи  Эмомалӣ Раҳмон дар ҷодаи ободию осоиштагии на танҳо Тоҷикистон, балки минтақа ва ҷаҳон нигоҳи боэътимоду хайрхоҳона дорад. Бешак, ин навъи нигариш ба Тоҷикистон, роҳро барои барқарории равобити созанда бо кишвару созмонҳои байналмилалӣ ва нақшофарии мамлакати мо дар арсаи минтақаву ҷаҳон дар оянда низ ҳамвор месозад.

 

Миллати мо тӯли солҳои истиқлол рӯзҳои сангинро паси сар кард ва аз онҳо барои ояндаи худ таҷрибаи арзишманд бардошт, ба гирдоби офату сахтиҳо гирифтор шуд, вале бо тадбиру хирадмандиву дурандешии Пешвои маҳбуби худ аз миёни амвоҷи пурталотуми ҳаводис солим берун омад. Инак, Тоҷикистон ба оромтарину босуботтарин кишвари минтақа табдил ёфта, бо азму иродаи матин ба сӯйи ояндаи шукуфон роҳ мепаймояд.

 

Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҷаҳон чун кишвари ташаббускор дар ҳалли масоили глобалӣ ва таъсиргузор дар танзими равандҳои сиёсии минтақа мешиносанд. Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон қадамҳои устувор гузошта, бо пешбурди сиёсати мантиқӣ ва пешниҳодҳои созандааш мавқеи худро истеҳком бахшид ва дар оянда низ бо қадамҳои устувортар дар паҳнои олам нақшофарӣ хоҳад кард.

 

Қудратулло САИДОВ,

ассиссенти кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ

ва хизмати давлатии Академия

Похожие записи