НАҚШИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ТАШАККУЛ ВА РУШДИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

Президент России В.Путин встретился с президентом Таджикистана Э.Рахмоном в Сочи

Пурнур шаҳчароғӣ, эй раҳнамои миллат,

Раҳҷӯи бахти халқӣ, эй раҳкушои миллат.

Дар ҷону дил гирифтӣ аз сидқ дарди миллат,

Гаштӣ табиби миллат, карди давои миллат.

 

Эмомалӣ Раҳмон дар ҳақиқат қаҳрамон аст, қаҳрамоне, ки ният ва маромаш оромии ҳар як хонадон ва мардуми Тоҷикистон мебошад. Дар ӯ сифатҳои зиёди инсонии олию одӣ, меҳрубонию қаҳрамонӣ, матонату ҳалимӣ, дилсӯзию ҷасорат, хоксорию ғурур, дар мизони хирад ва тарозуи манфиати миллату Ватан ба ҳам омадаанд.

 

Дар як ҳадиси ҳазрати Муҳаммад (с) омадааст: “Ҳама корҳо вобаста ба ният аст”. Нияту мароми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки нек буд, ҳама ба некӣ анҷомид.

 

Эмомалӣ Раҳмон, ки бо суханонаш содиқу ба ваъдааш устувор буд ва ба амалаш муҳаббат дошт, тавонист бузургтарин неъмат – умед ва зиндагии миллатро аз пастшавӣ наҷот диҳад. Президенти Ҷумҳурии Белорус Александр Лукашенко дар ин бобат гуфтааст: “Мардуми Тоҷикистони сарбаланду меҳнатдӯст, боистеъдод ва меҳмоннавоз воқеан ҳам бо ҳамватани худ, фарзанди фарзонаи миллаташ Эмомалӣ Раҳмон ифтихор мекунанд”. Ва инро на танҳо шумо қадр мекунед, балки мо ҳама аъзои ИДМ ин хидмати наҷибро қадр мекунем, зеро сулҳу осоиш дар сарзамини шумо – сулҳу осоиш ҳам дар Белоруси мо, ҳам Русия, ҳам дигар давлатҳо мебошад”.

 

Дар хусуси ин сиёсатмадори барҷаста ва ниҳоят меҳрубон, хизматҳои арзандааш ба халқу Ватан, дар дохилу хориҷи кишвар даҳҳо китобу рисола ва маҷмӯи ашъор ба табъ расонидаанд.

 

Мақоми Пешвои миллат, ки бо амри дили мардуми шарифи тоҷик ба Эмомалӣ Раҳмон дода шудааст, нишони эҳтироми хосса ба хидматҳои Сардори давлат, ҳамчунин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, таҳиягари пояҳои ҳуқуқии давлат, эҳёкунандаи арзишҳои миллӣ, фарҳангӣ ва динӣ, зиндакунандаи номи қаҳрамонони таърихӣ, ҳомӣ ва муҳофизи манфиатҳои миллат мебошад.

 

Миллати тоҷик дар таърихи тӯлонӣ садҳо абармардони сиёсату илму адаб парваридааст ва мо имрӯз номи ҳар яке аз он бузургонро бо эҳтиром дар умқи имону виҷдони худ нигоҳ медорем ва бо тааллуқ доштани онҳо ба миллати тоҷик ифтихор мекунем. Аз ҷумлаи онҳо фарзанди фарзонаи миллат, абармарди дунёи сиёсат Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

 

Дар таърихи навини халқи тоҷик Эмомалӣ Раҳмон шахсиятест, ки на танҳо дар ташаккулу таҳаввули таърихи давлатдории соҳибистиқлоли тоҷик ва ҳастии имрўзу фардои Тоҷикистон, балки барои эҳё намудани падидаҳои неку писандида ва арзишҳои волои фарҳангии ниёгонамон хизматҳои барҷаста кардааст. Маҳз ба шарофати Эмомалӣ Раҳмон халқи Тоҷикистон ҳамчун қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас шумурда, таъмини соҳибихтиёрии давлаташро дарк намуда, баробарҳуқуқӣ ва дўстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф карда, дар ҷаҳон мавқею манзалати худро пайдо намуд.

 

Пешвои миллат – Эмомалӣ Раҳмон воқеан шахсест, ки таҳти роҳбариаш илман ва амалияи давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд,дунявӣ ва ягонаи Тоҷикистон бунёд гардида, ба харитаи сиёсии ҷаҳон ворид шуд. Ба қадри ин шахсият расидан, номи ӯро гиромӣ доштан ва роҳи интихобкардаи ӯро ҳифз карда идома додан, эҳтиром аз роҳи таърихии муборизаи қаҳрамононаи халқи тоҷик барои истиқлолият ва озодӣ буда, қадршиносӣ аз давлати ҳуқуқбунёди Тоҷикистон аст.

 

Акнун тоҷикон Пешвои худро доранд. Ифтихорманд ва шарафманд ҳастем, ки бо чунин Пешвои бохирад, оқил, адолатпарвар, ватандӯст, меҳрубон, сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ ба сӯи ояндаи дурахшони Ватани маҳбубамон- Тоҷикистони азизу биҳиштосо қадам мемонем.

 

Ҳамин тавр, ҳар яки моро зарур аст, ки бо дарки масъулияти хосса, вазифагузориҳо ва ҳадафҳои стратегии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ қарор диҳем ва дар пешрафти минбаъдаи Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми худро гузорем.

 

Заррина ОДИЛОВА,

ассистенти кафедраи фалсафа ва

илмҳои гуманитарии Академия

Похожие записи

Оставьте нам комментарий