НАҚШ ВА МАВҚЕИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ

Президент России В.Путин встретился с президентом Таджикистана Э.Рахмоном в Сочи

Дар саҳифаҳои таърихи инсоният номи шахсиятҳое дарҷ мегардад, ки хизматҳои арзандаеро барои ҷомеаи инсонӣ анҷом додаанд. Сарчашмаҳои таърихї гувоҳӣ медиҳанд, ки барои сабти номи хештан дар замири башарият, ҷонфидої ва сарсупурдагӣ лозим аст. Аммо на ҳама тавони чунин фидокориҳоро доранд, ки ин ҳам барои манфиати ҷомеа бошад. Дар таърихи башарият на ҳар як роҳбаре қобилияти идора кардани гуруҳеро ё қавмеро дошт, ҳатто ин масъулиятро бар дӯши хеш намегирифтанд.  Аммо кӯшишу ғайрат ва далерию ҷасорати шахсоне, ки барои рушду пешравии кишвар, рифоҳи мардум ва густариши тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа равона мегардад, аз саҳафоти таърих дур намемонад.

 

Раванди касби истиқлоли давлатии тоҷикон, паёмадҳои он дар шакли ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва хатари нобудии миллат ба саҳна нафареро овард, ки бешак масъулияти он рӯзу фардои миллатро ба зимма гирифта, худро дар қатори пешвоёни бузурги таърихӣ ҷой дод. Пешвои миллати тоҷикон, фарзанди фарзона ва масъули он Эмомалӣ Раҳмон низ аз қабили пешвоёни машҳури ҷаҳон мебошад.

 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷасурӣ ва далерию нотарсии худ тавонист давлатро аз вартаи нестӣ раҳоӣ бахшида, баъди ҳазорсолаҳо боз ба арсаи сиёсати ҷаҳонӣ ворид намояд. Яъне шинохт ва мавқеи давлатро дар раванди геополитикӣ боло бурд. Маҳз туфайли чунин талошу заҳматҳо тавонист чи дар хориҷи кишвар ва чи дар дохил ба баландтарин унвонҳои фахрии ҷаҳонӣ сазовор гардад. Яке аз чунин унвонҳои олӣ “Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат” аст, ки таҷассумгари нақши бориз доштани ин марди сиёсат дар эҳёи давлатдории миллӣ мебошад.

 

Тавре маълум аст, на ҳар сарвари кишвар Пешво буда метавонад. Пешвои миллат дорои махсусиятест, ки мақоми ӯро дар баробари дигарон муайян ва ҳифз месозад. Маҳз ин махсусият боиси маҳбубияти онҳо миёни мардум ва эътироф аз ҷониби ҷаҳониён ва дар маҷмуъ, таърих мегардад. Бинобар фардияти махсус ин нафарон на дар соҳаҳои алоҳида, балки тамоми ҷанбаҳои ҳаёти ҷомеаро дарк намуда, дар ҳалли масоили асосии он муваффақ мегарданд.

 

Аслан сарварони давлатҳо дар лаҳзаҳои ҷангу хунрезӣ, танҳо барои сулҳу оромӣ кӯшиш мекунанд. Шояд иқтидори зеҳнии онҳо бо ҳамин маҳдуд мегардад. Аммо дар чунин лаҳзаҳои ҳассосу тақдирсоз андешидани чораҳои зарурӣ барои самтҳои иҷтимоию иқтисодӣ, аз доштани дониши баланди маъмурии роҳбарон дарак медиҳанд. Чунин фаъолиятҳо дар сиёсати ҷаҳонӣ кам ба назар мерасад.

 

Дар саҳнаи сиёсати ҷаҳонӣ пайдо кардани мавқеи муносиб ва муаррифии кишвари хеш ба зӯри силоҳ, бо иқтисоди пешрафта ё ба туфайли потенсиали махсусе амалӣ мегардад. Дар натиҷаи ҷанги шаҳрвандӣ 35723 хона вайрон гашта, даҳ миллиард хисороти пулӣ расид, 25000 бесаробон, 53000 бепадар, 150000 — 200000 маҳкуми марг шуданд. Гузашта аз ин, 60000 ба Афғонистону 195 ҳазор шаҳрванд ба давлатҳои собиқ Шӯравӣ фирорӣ шуданд. Яъне дар марҳилаҳои аввали соҳибистиқлолӣ Сарвари мо масъулиятеро бар дӯш дошт, ки бе ҳеҷ гуна потенсиали махсусе кишварро дар ҷаҳон муаррифӣ менамуд. Дар ин бора Собиқ Президенти Ҷумҳурии Молдова 2001-2009 – Владимир Воронин чунин мегуяд: “ Эмомалӣ Раҳмон –сиёсатмадори боистеъдод ва собитқадам аст. Ин сифатҳо ӯро ҳамчун Сарвари давлат на танҳо дар Ватани худаш, балки дар хориҷи он низ мавриди эътибор гардонидаанд”.

 

Албатта ин ҳама шукуфоӣ, ободонӣ, сулҳу осоиштагӣ далели ин гуфтаҳост. Тоҷикистон ба баракати сиёсати сулҳҷӯёна ва ваҳдатофари Эмомалӣ Раҳмон, аз тарафи шарикони хориҷии мо кишваре шинохта мешавад, ки ояндаи босубот ва сиёсати устувор дорад. Ин навъи нигариш, бешубҳа, роҳро барои ҳамкориҳои оянда ва сармоягузориҳои дарозмуддат боз намуда, заминасози рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва нақшофарии бештари Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақа ва ҷаҳон хоҳад буд.

 

Масъулияти ояндаи кишвари парокандаро ба дӯши хеш гирифтан, Ватани азизро чун кишвари дорои иқдомҳои ҷаҳонӣ муаррифӣ кардан инчунин муҳаббат ба Ватан-Модар ва иқдомҳои шоиста ба нафъи миллату давлат дар роҳи тараққиёти ҳама соҳаҳои мамлакат — чун ойини меҳанпарварии Эмомалӣ Раҳмон шинохта шудаст. Президенти Бонки рушди Осиё Такехико Накао дар ин маврид чунин мегӯяд:

 

Талошҳои пайвастаи Сарвари тоҷикон ба беҳтар сохтани вазъи зиндагонии сокинони Тоҷикистон ва умуман ҷомеаи ҷаҳонӣ нигаронида шуда, ҳамаи ин далели сиёсати хирадмандона ва башардӯстонаи Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

 

Ҳатто дар лаҳзаҳои ҷангу хунрезӣ ва мусолиҳа бо душман Сарвари давлат хайрхоҳи халқ буд ва дар такя бо мардум иқдомҳои бузургро пеша намуданд. Бо чунин хислатҳои наҷибонаю дурандешона дар миёни ҷомеа мавқеи намоёнеро ба худ касб кард. Пас аз баргаштани ҳайати ҳукуматии Тоҷикистон ба Душанбе, шодравон Аҳмадшоҳи Масъуд — вазири мудофиаи Афғонистон, дар мулоқот бо хабарнигорон аз хусуси мавқеи гуманистӣ ва ватандӯстона доштани Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда чунин гуфт: “Раҳбари Тоҷикистонро ман ҳамчун шахсияте дарёфтам, ки халқи кишвараш миллати тоҷикро, ватанаш Тоҷикистонро хеле амиқ ва самимона дӯст медорад. Барои беҳбудии халқу марзу бумаш омодааст ҷонбозиҳо кунад. Бо чунин Раис тоҷикон ҳатман ба сулҳу оштӣ даст хоҳанд ёфт”.

 

Бо такя ба суханони Қаҳрамони миллии Афғонистон қайд кардан бамаврид аст, ки Эмомалӣ Раҳмон таҷрибаи нодири сулҳофариро ба ҷаҳониён пешкаш намуд. Чунин мактаби сулҳофарӣ ва давлатдории Сарвари давлат имрӯз ҳамчун модели ҳалли низоъ аз тарафи ҷаҳониён мавриди омӯзиш қарор гирифтааст. Дар ин маврид Кофи Аннан собиқ Дабири кулли СММ чунин ибрози андеша менамояд: “Президенти Тоҷикистон намунаи шоистаи бартараф намудани шаклҳои хушунатомези ҳалли низои дохилиро нишон дод. Тоҷикистон дар дигар кишварҳо намунаи беҳамтои ҳалли низои дохилиро нишон дод. Фикр мекунам, ки ин саҳми Тоҷикистон дар таърихи ҳифзи сулҳ аст”.

 

Ҳамчунин В.В.Путин зимни суханрониҳояш заҳматҳои Э.Раҳмонро баиси таҳсин хонда, иброз медорад, ки ин намунаи омӯзиш барои ҷаҳониён мебошад.

 

Собиқ Президенти Афғонистон Ҳ.Карзай низ аз эҳтироми мардуми афғон нисбати Эмомалӣ Раҳмон сухан гуфта қайд менамояд, дар лаҳзаҳои ҳассос ва муташанниҷ, ки толибон сари қудрат омада буданд, маҳз ин шахсият аз минбарҳои баланди ҷаҳонӣ сухан намуда, таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба Афғонистон ҷалб намуд. Туфайли чунин ташаббусҳо дар Афғонистон аллакай раванди сулҳу музокирот оғоз гардида буд. Бояд қайд кард, ки аввалин ташаббуси Президенти кишварамон дар арсаи ҷаҳонӣ, ин ташкил намудани “Камарбанди амниятӣ дар атрофи Афғонистон” буд.

 

Нақши бориз доштан дар ба даст омадани ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот дар кишвар, мубориза алайҳи ҷинояту ҷинояткорӣ, Ватани азизро чун кишвари дорои иқдомҳои ҷаҳонӣ муаррифӣ кардан, дасти сахо доштан дар роҳи инсондӯстию раиятпарварӣ, эътибор додан ва кӯшиши амалӣ намудани арзишҳои давлати демократӣ, соҳибихтиёр, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона- Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун сарвари дурандеш, равшанзамир, ҷаҳондон ва саховатманд машҳури ҷаҳон гардонидааст.

 

Саидаҳтам ТАЛБАКОВ,

ассистенти кафедраи дипломатия ва

муносибатҳои байналмилалии Академия

Похожие записи