ОБОДОНИЮ ХУРРАМГАРДОНӢ ДАР АКАДЕМИЯ

IMG_0185

Дар доираи иҷроиши дастуру ҳидоятҳо ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барои ободу зебо гардонидани маҳалҳо, ҳифз намудани табиат, тозаю озода нигоҳ доштани кӯчаву хиёбонҳои шаҳр, гулгашти майдонҳо ва ҷиҳати сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30 – солагии Истиқлоли давлатӣ ва ҷашни зебои — Наврӯз, дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шанбегӣ баргузор гардид.

 

Дар шанбегӣ устодону кормандон ва донишҷӯёни Академия фаъолона иштирок намуда, бехи дарахтонро нарм карда, гирду атроф, саҳни ҳавлии бинои таълимии Академия, аз гардиши роҳи кӯчаи Саид Носир то охири бинои нави Академия (кӯчаи Л.Толстой) ва утоқҳои кориро тозаву озода намуданд.

 

Ҳадаф аз баргузор намудани чунин шанбегиҳо аз як тараф сазовор ҷашн гирифтани 30 – солагии Истиқлоли давлатӣ ва ҷашни зебои — Наврӯз бошад, аз ҷониби дигар воситаи хуби тарбияи ватандӯстӣ ҷавонон ва баланд бардоштани ҳисси эҳтиром ба Ватану меҳан арзёбӣ мегардад.

 

Устодону кормандон ва донишҷӯёни Академия минбаъд низ кӯшиш менамоянд, ки дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати ободонию хуррамгардонӣ ва ба “шаҳри сабз” табдил додани пойтахти азизамон ва дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани 30 – солагии Истиқлоли давлатӣ дар ободонию хуррамгардонии Ватани биҳиштосоямон саҳмгузор бошанд.

Аксҳо

Похожие записи