ОИЛА – ХИШТИ АСОСИИ БУНЁДИ ҶАМЪИЯТ

оила

Ҳамон тарзе, ки иморат аз хиштҳо бунёд мегардад, асоси ҷамъиятро низ оилаҳо ташкил медиҳанд. Аз ин лиҳоз, устуворӣ ва ноустувории давлат ба он вобастагӣ дорад. Чӣ қадаре ки оила мустаҳкам бошад ва волидон фарзандони худро дар руҳияи ватандӯстӣ, инсонгароӣ, хештаншиносӣ тарбия намоянд, ҳамон қадар ҷамъият устувор мегардад ва дар оянда самараи дилхоҳ медиҳад.

 

Коргардони машҳури амрикоӣ Ҷонни Депп бамаврид гуфта буд: “Аз ҳама муҳимтарин чизе, ки дар дунё ҳаст, оила мебошад. Агар шумо оила надоред, чунин ҳисобед, ки чизе надоред. Қавитарин пайвандҳои тамоми ҳаёти мо оила аст”.

 

Оила ҳамчун қадимтарин сохтори иҷтимоии таърихи инсоният дар ташаккули ҷомеаи инсонӣ нақш ва мавқеи муҳимеро дорост. Оила дар ҳар давру замон баҳри пешбурди ҷомеа, муайян намудани сохти иқтисодию сиёсӣ, иҷтимоию фарҳангии ҳар халқу миллат мақом ва аҳамияти хоса дошт. Бесабаб нест, ки бузургон оиларо шаҳсутуни зиндагӣ, асоси давлат, танзимгари рушду нумӯи миллат номидаанд. Тамоми бурду бохти зиндагӣ ҳамчун ҷавҳари ҷамъият ба кори оила робитаи ногусастанӣ дорад.

 

Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд кардаанд, “Оила дар фарҳанги мардуми куҳанбунёди тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф гардидааст, зеро беҳтарин арзишҳои инсонӣ, аз қабили муҳаббату самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароӣ маҳз дар оила ташаккул меёбад.”

 

Воқеан, мафҳуми оилаву хонадорӣ хусусан барои миллати мо намунаҳои шоистаи суннатҳои баландро поя гузоштааст. Бузургони илму адаби таърихи миллати фарҳангсолори мо таҳқиқот, пажӯҳиш ва рисолаҳои мондагору ибратомӯзи зиёди дар мавзӯи оила ва нақши он дар ахлоқу адаб ва худшиносии инсонии ҷомеа ба мерос гузоштаанд, ки маълуму машҳуранд. Хусусан, асарҳои ҷовидонаи адибони классики мо гувоҳи ин гуфтаҳоянд.

 

Дар замони Истиқлоли давлатӣ ва айёми худшиносии миллӣ Пешвои миллат ва Ҳукумати Тоҷикистон бо такя ба ин суннатҳои неки гузаштагон заминаҳои нави имрӯзӣ ва созгор бо замонаро бунёд ниҳодаанд. Хусусан Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, ки лоиҳаи онро Сарвари давлат пешниҳод намудаанд, раҳнамои хубе барои хонаводаҳои имрӯзи кишвар гардидааст ва минбаъд низ беҳтарин раҳнамоӣ ба тарзи солими зиндагӣ ва қадрдонӣ аз муҳити хонаводагиву оиладорӣ буда метавонад.

 

Ҳамин тавр, ободӣ ва солимию маърифатнокии ҷомеа, пешрафти иқтисоду иҷтимоии мамлакат ва бунёди зиндагии солим ба маърифатнокии ҳар аъзои оила вобастагии қавӣ дорад. Агар тарбияи фарзандон дуруст ба роҳ монда шавад, давлат ва ҷамъият ҳам ба мақсаду ҳадафҳои худ ноил мегардад.

 

Соҳила ҒУЛОМШОЕВА,

корманди Академия

 

Похожие записи