ОМӮЗИШИ ЗАБОНҲОИ ХОРИҶӢ – МАСЪАЛАИ МЕҲВАРИИ ПАЁМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

53426548470_a809656ff9_k (1)

Дар замони муосир омӯзиши забонҳои хориҷӣ ба яке аз масъалаҳои асосӣ табдил ёфтааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ эътибори ҷиддӣ дода, дар Паёму суханрониҳояшон пайваста омӯзиши забонҳои англисӣ ва русӣ таъкид медоранд.

Ҳамасола Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ бо таҳлилҳои тоза ва ҳидоятҳои нав пешкаши мардум мегардад. Пешвои миллат дар паёмҳои хеш роҳи дар замони соҳибистиқлолӣ тайкардаи Тоҷикистони азизро хеле равшан ва омӯзанда таҳлил карда, вазифаҳои ояндаи Ҳукумати кишварро муайян месозанд.

Яке аз таъкидҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар ҳар Паём садо медиҳад, ин омӯзиши забонҳои хориҷӣ мебошад. Сарвари давлат дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ аз 26.12.2019 иброз дошта буданд, ки: “Забон ойинаест, ки дар он симои пурҷилои миллат равшан инъикос мешавад ва мо бояд ба қадри ин нишонаи ҳастии миллатамон расем ва дар баробари ин, ба омӯзиши забонҳои русиву англисӣ ҳамчун забонҳои муоширати байналмилалӣ эътибори аввалиндараҷа диҳем. Мо омӯзиш ва аз худ кардани забонҳоро на барои худнамоӣ, балки бо мақсади маърифатнок гардонидани ҷомеа густариш медиҳем. Аз ин рӯ, ҳар як фарди бедордил бояд барои ғанӣ гардидани забони модарӣ ва омӯхтани забонҳои хориҷӣ кӯшиш кунад, ба мутолиаи китоб диққати аввалиндараҷа диҳад ва ҷиҳати баланд бардоштани маърифатнокии худ саъю талош намояд”. Дар ҳақиқат барои ҳар миллати мутамаддин пеш бурдани тамоми илмҳои муосир зарур аст. Бахусус омӯхтани забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла забони англисӣ ва русӣ барои имрӯз – дар замони ҷаҳонишавӣ ва пешрафти бесобиқаи илм ва техникаву технология заруру ниҳоят ҳатмист.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” аз 21.12.2021 таъкид доштанд: “Бо вуҷуди он ки раванди таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ ба низоми муайян даромадааст, зарур аст, ки барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, омода кардани кадрҳои баландихтисос, омӯхтани забони давлатӣ, таъриху фарҳанги бостонии халқи тоҷик, боло бурдани завқу рағбати хонандагон ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ, табиӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, махсусан, забонҳои русиву англисӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда шавад. Бо ин мақсад, роҳбарони муассисаҳои таълимиро зарур аст, ки ба масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи дониш ва касбияти омӯзгорон дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, бахусус, омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоиву миёнаи касбӣ, такмили ихтисосу бозомӯзӣ ва тарбияи омӯзгорони ҷавони баландихтисос ва ба талаботи замона ҷавобгӯй дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот эътибори аввалиндараҷа диҳанд. Дар робита ба ин, ба Вазорати маориф ва илм супориш дода мешавад, ки барои омода кардани омӯзгорони фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ бо забонҳои хориҷӣ дар донишгоҳҳои равияи омӯзгорӣ кушодани шуъбаҳои алоҳидаро пешбинӣ намояд. Умуман, зарур аст, ки таълими забонҳои хориҷӣ, махсусан, русиву англисӣ дар тамоми факултаву шуъбаҳои мактабҳои олӣ боз ҳам беҳтар ба роҳ монда шавад”. Дарвоқеъ, бо тақозои замон, имрӯз ҳар як фарди бедордил бояд барои ғанӣ гардидани забони модарӣ ва омӯхтани забонҳои хориҷӣ кӯшиш кунад, ба мутолиаи китоб диққати аввалиндараҷа диҳад ва ҷиҳати баланд бардоштани маърифатнокии худ саъю талош намояд. Бахусус, ба омӯзиши забонҳои англисиву русӣ ҳамчун забонҳои муоширати байналмилалӣ низ эътибори аввлиндараҷа диҳад. Дар ҷаҳони техникаву технология имрӯз забонҳои англисӣ ва русӣ ҳамчун забонҳои ҳукмрон маҳсуб меёбанд. Ҷомеашиносон ба он хулосае омадаанд, ки на танҳо технологияи информатсионӣ, балки аксарияти маълумот ва адабиёти зарурии замони муосирро бо забонҳои англисӣ ва русӣ дастрас кардан мумкин аст.

Дар Паёми навбатии хеш низ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” ба Маҷлиси Олӣ ба ин масъала махсус диққат дода, омӯзиши забонҳои хориҷиро дар тамоми зинаҳои таҳсилот аз вазифаи муҳимтарини роҳбарону масъулини соҳа ва аҳли маориф ҳисобиданд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ таъкид доштанд: “Дар чунин шароит омода кардани кадрҳои баландихтисоси омӯзгорӣ, боз ҳам баланд бардоштани сифати таълим, эътибори ҷиддӣ додан ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар тамоми зинаҳои таҳсилот, илмҳои дақиқ, риёзӣ ва табиӣ вазифаи муҳимтарини роҳбарону масъулини соҳа ва аҳли маориф мебошад”.

Дар партави дастуру ҳидоятҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маркази омӯзиши забонҳои хориҷӣ курсҳои пайвастаи омӯзиши забонҳои хориҷиро ба таври ройгон барои омӯзгорону кормандон ва донишҷӯёну магистрантон ба роҳ мондааст. Имрӯз дар партави дастурҳои Пешвои миллат дар Академия барои забономӯзомӯзӣ тамоми шароитҳо муҳайёст. Моро зарур аст, ки бо истифода аз ин шароитҳо барои мутахассиси хуб ва ҷавобгӯ ба сатҳи ҷаҳонӣ шудан, забонҳои хориҷиро аз худ кунем.

 

Фарангис ГУЛ,

директори Маркази омӯзиши забонҳои хориҷии Академия

Похожие записи