Исматуллозода Фаридун
Сардори шуъба
Тел.: (+992) 918-15-95-30
E-mail:
Шуъбаи магистратура яке аз самтҳои асосии фаъолияти Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, дар он ҷараёни таълиму тарбия аз рӯйи низоми таҳсили кредитӣ ба роҳ монда шудааст.
Магистратура зинаи таҳсилоти олии касбӣ буда, дар он шахсоне, ки дипломи зинаи бакалавр ва ё мутахассис доранд, ба муҳлати ду сол аз рӯйи ихтисосҳои зерин ба таҳсил фаро гирифта мешаванд:
– 1-260101 – «Идораи давлатӣ»;
– 1-980101 – «Амнияти иттилоотӣ»;
– 1-230101 – «Муносибатҳои байналмилалӣ»;
– 1-230106-0103 – «Сиёсат ва идораи давлатӣ»;
– 1-230106-0301 – «Менеҷменти сиёсӣ»;
– 1-260103 – «Идораи давлатӣ ва иқтисодиёт»;
– 1-26020201 – «Менеҷменти молиявӣ»;
– 1-26010101 – «Идораи мақомоти маҳаллӣ»;
– 1-26020212 – «Идораи ҳайати кадрӣ»;
– 1-240101 – «Ҳуқуқи байналмилалӣ”
Шуъбаи магистратура ба сифатан омада намудани кадрҳои баландихтисоси соҳаи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ, афзудани неруи зеҳнӣ ва рушди сармояи инсонӣ дар хизмати давлатӣ, баланд бардоштани самараноки вазифаҳои мақомоти давлатӣ ва мақомоти маҳаллӣ, таҳким бахшидани сатҳу сифати идоракунӣ дар мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, такмили омодагии касбии хизматчиёни давлатӣ ва шахсони мансабдори мақомоти худидоракунии маҳаллӣ мусоидат хоҳад кард.
Дар зинаи магистратура тањсил пурра тавассути низоми электронии худидора ба роҳ монда шуда, бо мақсади дар сатҳи талаботи байналмилалӣ ба роҳ мондани таҳсил омӯзгорони соҳибтаҷриба-профессорону дотсентони Академияи идоракунии давлатӣ ва њамчунин аз мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва марказҳои илмию таҳқиқотӣ оид ба соҳаҳои идоракунии давлатӣ, муносибатҳои байналмилалӣ, ҳуқуқ, илмҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, молиявӣ ва ғайра ҷалб кара шудаанд.