Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • Alfa
  • Тамос бо мо
  • Харитаи сомона
  • RU
  • EN
Ҷустуҷӯ
  • Академия
      • Ректор
      • Ноиби якум, ноиби ректор оид ба таълим
      • Ноиби ректор оид ба илм ва инноватсия
      • Ноиби ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ
      • Ноиби ректор оид ба идеология, тарбия ва робита бо ҷомеа
      • Ноиби ректор оид ба иқтисод ва хоҷагидорӣ
      • Сардори котибот ва ёвари ректор
      • Раёсати таълим
      • Раёсати илм ва инноватсия
      • Раёсати робитаҳои байналмилалӣ
      • Раёсати корҳои тарбиявӣ
      • Раёсати молия ва баҳисобгирӣ
      • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва корҳои махсус
      • Шӯрои олимон
      • Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ
      • Шурои диссертатсионӣ
  • Пажӯҳишгоҳҳо
    • Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомўзии хизматчиёни давлатӣ
    • Пажўҳишгоҳи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ
    • Пажўҳишгоҳи равандҳои сиёсӣ, дипломатия ва масоили ҷаҳонишавӣ
    • Маркази омўзиши «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон»
  • ФАКУЛТЕТҲО
    • Факултети идоракунии давлатӣ
      • Кафедраи идоракунии давлатӣ ва ҳуқуқи иқтисодӣ
      • Кафедраи идоракунии захираҳои инсонӣ
      • Кафедраи идоракунии молияи давлатӣ
      • Кафедраи менеҷмент
      • Кафедраи илмҳои табиатшиносӣ ва риёзӣ
      • Кафедраи психология ва сотсиологияи идоракунӣ
      • Кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва хизмати давлатӣ
      • Кафедраи идораи давлатӣ ва иқтисоди миллӣ
    • Факултети дипломатия ва сиёсат
      • Кафедраи дипломатия ва муносибатҳои байналмилалӣ
      • Кафедраи забони тоҷикӣ ва ҳуҷҷатнигорӣ
      • Кафедраи забонҳои хориҷӣ
      • Кафедраи сиёсатшиносӣ ва робита бо ҷомеа
      • Кафедраи технологияи иттилоотӣ ва амнияти иттилоотӣсӣ
      • Кафедраи фалсафа ва илмҳои гуманитарӣ
      • Кафедраи ҳуқуқ ва ҳуқуқшиносии муқоисавӣ
      • Кафедраи ҳуқуқи байналмилалӣ
    • Факултети таҳсилоти фосилавӣ ва таҳсилоти дуюми олии касбӣ
    • Шуъбаи магистратура
    • Шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ
  • ҲАМКОРИҲО
    • Лоиҳаи DECIDE
    • Фонди Ханнс Зайдел
    • Татбиқи стандартҳои байналмилалии сифат дар таҳсилоти хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
    • Лоиҳаи PDV
  • Ба донишҷӯ
    • Ба донишҷӯён
      • Экзаменационные тесты для студентов
      • Тестҳои санҷишҳои фосилавӣ
      • Курсҳои ғоибона
    • Ба магистрон
      • Экзаменационные тесты для магистрантов
    • Маълумоти олии дуюм
      • Экзаменационные тесты для второго образования
    • Барои аспирантон
  • Ба довталаб
    • Комиссияи қабул
    • Барои довталаб
    • Маълумоти олии дуюм
      • Ихтисисосҳо ва нархҳо
      • Қоидаҳои қабул
    • Ба магистр
    • Ба аспирант
  • ХИЗМАТРАСОНИҲО
    • Парки технологӣ
      • Меҳмонхона
    • Китобхонаи илмӣ
    • Бунгоҳи тиббӣ
    • Шуъбаи фарҳанг ва рушди истеъдодҳои ҷавон
    • Шуъбаи ТИК ва автоматикунонии низоми таълим
    • Шуъбаи хизматрасонии техникӣ ва коммуникатсионӣ
    • Шуъбаи тестӣ
    • Шуъбаи дуюм
    • Эълонҳо
    • Вакансияҳо
  • ТАБЪУ НАШР
    • Шуъбаи таҳрир ва табъу нашр
    • Маҷалла
    • Рӯзнома
    • ВАО
  • Шуъбаи магистратура
  • Шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ
  • Шуъбаи дуюм
  • Шуъбаи фарҳанг ва рушди истеъдодҳои ҷавон
  • Шуъбаи ТИК ва автоматикунонии низоми таълим
  • Шуъбаи тестӣ

Раҷабзода Маҳмадулло,

Сардори шуъба

Тел.: (+992) 988-89-26-33

E-mail :rmg-2013@mail.ru

 

 

 

Шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ яке аз сохторҳои асосии тайёр намудани кадрҳои баландихтисос ва илмию педагогӣ мебошад, ки фаъолияташро дар ин самт амалӣ мегардонад.

Шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ фаъолияти худро дар сохтори раёсати илм ва инноватсияи Академия  дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармоиш ва дастурҳои вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи шуъба, Оинномаи Муассисаи давлатии «Академияи  идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», фармоишҳои ректори Академия, супоришҳои ноиби ректор оид ба илм ва инноватсия ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф ва илм ба роҳ мондааст.

Мақсади асосии фаъолияти шуъба ташкил, ҳамоҳангсозӣ, назорат ва амалисозии чорабиниҳо оид ба омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогии дараҷаи олӣ дар Академия  мувофиқи талаботҳои амалкунанда мебошад.

Айни замон дар шуъба докторантони доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯйи ихтисос аз рӯи ихтисосҳои гуногун таҳсил менамоянд. Ҳамчунин унвонҷӯёни зиёде дар Академия вобаста шудаанд, ки аз рӯйи ихтисосҳои гуногун корҳои илмӣ-таҳқиқотии худро пеш бурда истодаанд. Дар шуъба се нафар корманд фаъолият менамоянд.

Дар шуъба аз рӯйи зинаи докторантура 9 ихтисос амал мекунад:

т/р Номгӯи ихтисосҳо Рамз
1. Идоракунии давлатӣ ва маҳаллӣ 6D051000
2. Муносибатҳои байналмилалӣ 6D020200
3. Методҳо ва системаҳои ҳифзи иттилоот ва амнияти иттилоотӣ 6D060200
4. Ҳуқуқи конститутсионӣ; мурофиаи судии конститутсионӣ 6D030100
5. Ҳуқуқи маъмурӣ; мурофиаи маъмурӣ 6D030100
6. Проблемаҳои сиёсии муносибатҳои байналмилалӣ, инкишофи глобалӣ ва минтақавӣ 6D050200
7. Иқтисодиёт 6D050600
8. Идоракунӣ дар системаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ 6D051100
9. Бизнес – мудирияти соҳибкорӣ 6D052000

 

Таҳсил дар докторантура – доктори фалсафа PhD, доктор аз рӯйи ихтисос барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳрвандони хориҷӣ дар шакли рӯзона сурат мегирад.

Ба докторантура – доктори фалсафа PhD, доктор аз рӯйи ихтисос дар шакли таҳсили рӯзона довталабоне қабул карда мешаванд:

– дараҷаи академии магистр доранд;

– яке аз забонҳои хориҷӣ (англисӣ, немисӣ, фаронсавӣ ва ѓайра)-ро медонанд. Бо ин мақсад довталабони докторантура дар баробари имтиҳонҳои дохилшавӣ аз ихтисос, ҳамчунин аз як забони хориҷӣ имтиҳони дохилшавӣ месупоранд.

Шаҳрвандони хориҷие, ки ба зинаи докторантура – доктори фалсафа PhD, доктор аз рӯйи ихтисос дохил мешаванд, иловатан аз фанни забони тоҷикӣ имтиҳони дохилшавӣ месупоранд.

Имтиҳони дохилшавӣ аз рӯйи як забони хориҷӣ дар ҳаҷми барномае, ки барои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (дараҷаи магистратура) муайян карда шудааст, гузаронида мешавад.

Имтиҳон аз рӯйи фанҳои махсус дар ҳаҷми барномаи таҳсилоти олии касбӣ (дараҷаи магистратура) дар шакли хаттӣ, шифоҳӣ ва ё тестӣ гузаронида мешавад.

Шаҳрвандони хориҷӣ ба зинаи докторантура – доктори фалсафа PhD, доктор аз рӯйи ихтисос дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи пулакӣ қабул карда мешаванд.

Тартиби қабул ба докторантура – доктори фалсафа PhD, доктор аз рӯйи ихтисос барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи ройгон ва пулакӣ муайян карда мешавад.

Шахсоне, ки таҳсилоти олии касбии «мутахассис» (ба ѓайр аз ихтисосҳои тиббии клиникӣ) доранд, танҳо баъди хатми магистратура ба докторантура – доктори фалсафа PhD, доктор аз рӯйи ихтисос қабул карда мешаванд.

Муддати таҳсил дар докторантура – доктори фалсафа PhD, доктор аз рӯйи ихтисос 3 сол мебошад.

Номгӯи ҳуҷҷатҳое, ки барои дохилшавӣ ба докторантура аз рӯйи ихтисос пешниҳод мешаванд:

– ариза ба номи Ректори Академия, бо розигии мудири кафедра ва декани факултет (ихтисос ва кафедра нишон дода шавад);

-анкетаи дохилшаванда ба докторантура;

-нусхаи нотариалии тасдиқкардашудаи дипломҳои таҳсилоти олӣ ва баъдидипломӣ ва замимаҳои онҳо (дипломи бакалавр ва магистр);

-варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо;

-нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ, ки аз тарафи шуъбаи кадрҳо тасдиқ карда шудааст (ҳангоми доштани собиқаи корӣ);

-сетификати супурдани имтиҳонҳои иловагӣ аз забони хориҷӣ, дар сурати мавҷуд будан (TOEFL ва ѓайра);

-мактуби тавсиявӣ (бо тасдиқи муҳри ташкилот);

-рӯйхати чопи мақолаҳои илмӣ ва корҳои таълимӣ-методӣ (дар ҳолати надоштан пешниҳод намудани реферат аз рӯйи ихтисос бо тақризи на камтар аз ду мутахассиси соҳа);

-асосномаи таҳқиқоти диссертатсионии банақшагирифташуда дар мувофиқа бо мушовири илмии ватанӣ ё хориҷӣ (тибқи дархости муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмӣ);

-нусхаи шиноснома;

-маълумотномаи тиббӣ (шакли 038);

-6 дона расми андозаи 3х4;

-ҷузвдон (папка-файл).

Барои қабул шудан ба ҳайси унвонҷӯ аз довталаб ҳуҷҷатҳои зерин қабул карда мешаванд:

-ариза ба номи ректори Академия бо розигии мудири кафедра ва декани факултет (ихтисос ва кафедра нишон дода шавад);

-варақаи шахсӣ бо ду дона расми андозаи 3х4;

-тарҷумаи ҳол;

-тавсифнома аз ҷойи кор;

-нусхаи дипломи таҳсилоти олии касбӣ (барои шахсоне, ки муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварҳои дигарро хатм кардаанд, шаҳодатномаи баробарарзиши ҳуҷҷатҳо оид ба таҳсилот);

-нусхаи дипломи дараҷаи илмӣ (барои унвонҷӯёни дараҷаи илмии доктори илм);

-шаҳодатнома дар бораи супоридани имтиҳонҳои минимуми номзадӣ (барои шахсоне, ки имтиҳонҳои номзадиро супоридаанд, муҳлати супоридани онҳо набояд аз панҷ сол зиёд бошад);

-маълумотномаи тиббӣ (шакли 038);

-нусхаи шиноснома;

-ҷузвдон (папка-файл).

Маълумоти иловагиро оид ба қабули докторантура – доктори фалсафа PhD, доктор аз рӯйи ихтисос ва унвонҷӯӣ аз раёсати илм ва инноватсияи Академия дарёфт кардан мумкин аст.

Маълумот барои тамос

  • 734003, Республика Таджикистан, г.Душанбе ул. Саид Носир, 33

  • Телефон+992 (37) 224-17-86

  • Факс (37) 224-17-86

  • email info@apa.tj

RSS Хабарҳои пойтахт

  • «МУДРОСТИ ЗАРИ СИЯНЬЕ – КНИГА». В 2023 году для проведения конкурса и поощрения победителей будет выделено около 4-х миллионов сомони 2023-02-03
  • В Технологическом университете Таджикистана были введены две новые специальности — «искусственный интеллект» и «бухгалтерский учет, анализ и аудит в промышленности» 2023-02-03
  • Делегация Таджикистана приняла участие во втором заседании председателей парламентских комитетов государств-членов Организации Договора о коллективной безопасности 2023-02-03

Тақвими соли 2020

Февраль 2023
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728  
« Янв    
Погода в Душанбе
Погода
Погода в Душанбе на 2 недели

________________________

©2020 DID | support Five Peaks Group

Мы в соцсетях