ОҒОЗИ КУРСИ ТАКМИЛИ ИХТИСОС АЗ РӮИ БАРНОМАИ “ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ ДАР ЗАМОНИ МУОСИР”

IMG_3256

Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои раисони вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо, масъули самти маҳал ва роҳбарияти мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ аз рӯи барномаи “Идоракунии давлатӣ дар замони муосир” курси такмили ихтисос оғоз гардид.

 

Имрӯз, 28 апрел зимни ифтитоҳи расмии он Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ- ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, Давлатов Ҷумъа Маҳмадалиевич – директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қосим Роҳбар – раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.

 

Дар ифтитоҳи курс Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ шунавандагони курси такмили ихтисосро ба Академия бо камоли эҳтиром хайрамақдам гуфта, иброз дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони соҳибистиқлолӣ таҳти роҳбарии оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми соҳаҳои ҳаёти хоҷагии халқи мамлакат, аз ҷумла соҳаи хизмати давлатӣ ба дастовардҳои назаррас мушарраф гардид. Пешвои муаззами миллат соҳаи хизмати давлатиро самти афзалиятнок эълон карда, онро барҳақ омили муҳимтарини таҳкими идоракунии самараноки давлат номидаанд. Курси такмили ихтисоси мазкур дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори слуҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ифтитоҳи бинои Академия роҳандозӣ гардида, дар он коршиносон ва мутахассисони варзида оид ба нозукиҳои идоракунии давлат ба шунавандагон маълумот хоҳанд дод.

 

Қосим Роҳбар – раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар навбати хеш қайд кард, ки бо мақсади рушди маҳал ва идоракунии самараноки он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чандин консепсияву барномаҳои давлатӣ қабул гардида, баҳри амалигардонии онҳо тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд. Эълон гардидани солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” яке аз омилҳои таконбахши рушди маҳал маҳсуб ёфта, дар ин росто дар шаҳру деҳот инфрасохтори муҳимми иҷтимоию иқтисодӣ бунёд гардида истодаанд.

 

Баъд аз ифтитоҳи расмии курс машғулияти аввал бо иштироки Давлатов Ҷумъа Маҳмадалиевич – директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи “Заминаҳои ҳуқуқии хизмати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид.

 

Ҳамин тавр, курси зикршуда то 30 апрел идома ёфта, тибқи барномаи таълимӣ барои шунавандагони курс машғулиятҳо вобаста ба нақш ва мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди давлатсозии навини тоҷикон, муқаррароти Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, хизматрасонии электронӣ дар иқтисоди рақамӣ, мушкилот ва пешниҳодҳо вобаста ба таҳия ва рафти иҷрои барномаҳои рушди иқтисодию иқтимоии шаҳру ноҳияҳо, техникаи таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: масъалаҳои назариявӣ ва амалӣ, сиёсати давлатӣ оид ба саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарварӣ дар низоми идоракунии давлатӣ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ”, нақши хизматчии давлатӣ дар пешгирии гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ ва пешгирии стресс дар раванди идоракунӣ омӯзонида мешаванд.

 

Дар анҷоми курс бо иштироки Ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, д.и.ҳ., профессор Ғафурзода А.Д., директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатов Ҷ.М., раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қосим Роҳбар, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадҷонзода О.О., раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода А.Қ., раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонзода Ҳ.Ҷ., директори Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатӣ, н.и.п., дотсент Ғанизода И.Ғ. дар мавзӯи “Идоракунии давлатӣ дар замони муосир: ҳолат ва дурнамо” баргузории мизи мудаввар пешбинӣ гардидааст.

 

Аксҳо

Похожие записи

Оставьте нам комментарий