ПАЁМ – РОҲКУШОИ ҶАВОНОН

50877057537_80106e5487_o

Мо ба ҷавонон эътимоди комил дорем, дастгирии самимонаи онҳоро аз сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумат қадрдонӣ мекунем ва нақши арзишмандашонро дар ҳамаи ҷанбаҳои ҳаёти кишвар эҳсос менамоем. Эмомалӣ Раҳмон

 

Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақому мавқеи ҷавонон дар ҷомеа ба маротиб баланд гардида, ҷалби бештари онҳо ба корҳои ҷамъиятиву идоракунӣ саҳми ин қишри фаъоли ҷамъиятро дар пешрафту ободии мамлакат бештар намуд. Ҳамин аст, ки имрӯз чӣ дар сатҳи вазорату идораҳои давлатӣ ва чӣ дар корҳои муҳими ҷамъиятӣ ҷавонон нақши пешбарро доранд ва дар пешрафти соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи мамлакат саҳми арзанда мегузоранд.

Кишваре, ки дар он барои сабзишу инкишоф ва рушду нумӯи ҷавонон имконоту шароити мусоид фароҳам оварда мешавад ва иқдому ташаббусҳои онҳо мавриди пазириши насли бузург мегардад, бешак, роҳаш мунаввар ва фардояш дурахшон аст. Дар таърихи давлатдории халқиятҳои дунё собит гардидааст, ки таваҷҷуҳ ба ҷавонон ва дастгирии афкору рӯи кор овардани нақшаҳои созандаи онҳо самараи назаррас ба бор оварда, ҳам барои пешрафту тараққиёти давлату миллат ва ҳам барои шахсиятсозии ҷавонон муҳим арзёбӣ гардидааст.

Қайд намудан ба маврид аст, ки ҳамасола аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Призиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар ва мардуми шарифи Тоҷикистон Паём ироа мегардад, ки дар он масъалаҳои мубрамми рӯз дарҷ мегарданд.

Дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 26 январи соли 2021 дар баробари дигар самтҳои ҳаёти имрӯза, ҳамчунин ба масъалаи ҷавонон диққати махсус доданд.

Татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ дар меҳвари фаъолияти Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад. Аксарияти аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки онҳо давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, неруи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса ояндаи миллат ва давлат мебошанд.

Дар ҷомеаи имрӯза дар кори пешбурди соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллӣ мавқеи ҷавонон хеле муҳим аст, чунки ин қишри ҷомеа дорои афкори тозаю нав, нерӯи муҳими пешбарандаи иқтисод буда, истифодаи васеи технологияи муосирро дар истеҳсолот метавонад ба хубӣ таъмин созад.

Ҳадафи Роҳбари давлат аз ин ташаббусҳо баланд бардоштани сатҳи саводу маърифатнокии мардум ва дар навбати аввал, наврасону ҷавонон, тақвияти ҳисси миллӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ, ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ва омӯхтани забон, таърих, фарҳанги бостонии тоҷикон, тавсеаи доираи донишу ҷаҳонбинии илмиву техникӣ ва рушди илмҳои дақиқу табиӣ дар кишвар мебошад.

Таҳсили ҷавонон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии кишварҳои хориҷӣ яке аз ибтикороти муҳимми Ҳукумати мамлакат дар самти рушди илму маориф маҳсуб меёбад.

Президенти мамлакат доир ба масъалаи стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон», барномаҳои байналмилалӣ ва дигар имконоти мавҷуда таҳсили ҷавонони боистеъдодро дар хориҷи мамлакат суханронӣ намуданд.

Вобаста ба ин, ба Вазорати маориф ва илм, Академияи миллии илмҳо ва Вазорати рушди иқтисод ва савдо супориш дода шуд, ки ҷиҳати ҳарчӣ бештар ба хориҷи кишвар фиристодани ҷавонони боистеъдоду лаёқатманд аз рӯи равияи илмҳои дақиқ, риёзӣ ва табиӣ «Барномаи тайёр кардани кадрҳои ҷавони илмӣ барои солҳои 2021 – 2030»–ро таҳия карда, дар муддати се моҳ ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.

Сарвари давлат қайд намуданд: “Агар соли 1991 дар зинаи аспирантураи Академияи миллии илмҳо ҳамагӣ 148 нафар ҷавонон таҳсил карда бошанд, соли 2020 шумораи онҳо ба 1200 нафар расида, қариб 8 баробар зиёд шудааст”

Пешвои муаззами миллат саҳми бисёр арзишманди ҷавонони кишварро дар рушди тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии мамлакат  арзёбӣ намуда, нақши онҳоро дар иштирок ва бунёди иншооти азими мамлакат то хизмати содиқона дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ – ҳифзи сарҳади давлатӣ, суботу оромии давлат ва ҳаёти осоиштаи мардуми Тоҷикистон арзандаи таҳсин ва боиси ифтихор донистанд.

Дар Паёми имсола Пешвои миллат саҳми ҷавононро  дар рушди варзиш ва оммавигардонии он ва тарғиби тарзи ҳаёти солим дар миёни аҳли ҷомеа назаррас иброз намуданд. Чуноне, ки: “Агар то соли 1991 дар мамлакат ҳамагӣ қариб ҳазор иншооти варзиш фаъолият дошта бошад, пас соли 2020 шумораи онҳо ба 10220 расонида шуд. Яъне шумораи иншооти варзиш дар даврони соҳибистиқлолӣ беш аз нӯҳ баробар зиёд гардидааст. Танҳо соли 2020, яъне соли пандемия ва шароити мушкили иқтисодиву молиявӣ барои наврасону ҷавонон дар шаҳру ноҳияҳои кишвар 147 иншооти варзиш бо харҷи 1 миллиарду 63 миллион сомонӣ сохта, ба истифода дода шудааст. Мо ба хотири ҳавасманд намудани варзишгарон соли 2015 Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи варзиш таъсис додем, ки то имрӯз қариб 200 нафар варзишгарони ҷавон соҳиби он гардидаанд”.

Вобаста ба ин масъала Сарвари давлат қайд намуданд, ки ба рушди соҳаи варзиш, оммавигардонии он, ташаккули тарзи ҳаёти солим ва ҷалби боз ҳам бештари ҷавонон ба ҳаёти сиёсии ҷомеа, баланд бардоштани майлу рағбати онҳо ба илмомӯзиву навоварӣ, дарёфту дастгирӣ кардани истеъдодҳои ҷавон ва бунёди инфрасохтори замонавии муҷаҳҳаз бо лавозимоти зарурӣ барои ҷавонон диққати аввалиндараҷа дода мешавад.

Дигар масъалаи дар Паём дарҷгардида ин оид ба созмонҳои террористиву экстремистӣ, ки  барои ноором сохтани вазъият дар ҷомеа ва тафриқаандозиву барангехтани низоъҳои диниву мазҳабӣ кӯшиш карда, барои гумроҳ сохтани сокинони мамлакат, бахусус, ҷавонон ва ба созмонҳои манъшуда ҷалб намудани онҳо аз шабакаҳои интернетӣ васеъ истифода мебаранд, буд. Сарвари давлат таъкид сохтанд, ки мардуми шарифи Тоҷикистон, махсусан ҷавонони бонангу номуси кишварро зарур аст, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, ҳамеша ҳушёру  зирак бошанд.

Роҳбари оқилу фарзона ва ҷавонпарвари кишвар дар Паёми имсола иброз намуданд, ки “Ман ба неруи созандаи тамоми мардуми шарифи мамлакат, аз ҷумла ҷавонони боғайрат ва занону бонувони ватандӯсту соҳибмаърифат эътимоди комил дорам ва дилпурона изҳор менамоям, ки мо ҳама якҷо бо заҳмати содиқонаву аҳлонаи худ то ҷашни мубораку муқаддаси сисолагии истиқлолу озодии Тоҷикистони маҳбубамон симои Ватани азизамонро то дурдасттарин гӯшаву канори он боз ҳам ободу зебо мегардонем”.

Ҷавононро ҳамчун ояндасозони давлату миллат, қувваи пешбаранда ва неруи ҳаракатдиҳандаи ҷомеа эътироф кардани Сарвари давлат боиси болидаруҳӣ ва ифтихори миллии ин қишри ояндасоз гардида, эътимоди онҳоро ба фардои дурахшон қавӣ ва масъулияташонро баҳри ҳифзи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ дучанд менамояд.

Ҳамин тариқ, ҷавонони имрӯзаи Тоҷикистон, пеш аз ҳама, бо ҳисси баланди миллӣ, ватандӯстӣ, эҳтиром  нисбат ба забону фарҳанги худ бояд доимо ҳушёру зирак бошанд. Дар баробари ин, ҷавонони моро зарур аст, ки имрӯз маърифату ҷаҳонбинӣ, сатҳи тафаккур, одобу ахлоқи худро боз ҳам аз ҳарвақта дида бештар ривоҷу равнақ бахшанд.

 

Робия САИДОВА

мутахассиси Маркази омӯзиши

“Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон”

Похожие записи