ПАЁМ – РОҲНАМОИ СИЁСАТИ ДОХИЛИЮ ХОРИҶӢ

321716141_553675866639463_8285797444114216496_n

Паёмҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастури муҳимми стратегие ба шумор мераванд, ки барои ҳар як шаҳрванд ва рушди ҷомеаи мо муҳимияти хосcа доранд. Паёмҳои Пешвои миллат дар худ масоили татбиқи сиёсати дохилию хориҷӣ ва таъмини амнияти миллиро додаанд.

 

Гуфтан мумкин аст, ки паёмҳои Сарвари давлат ҳамчун роҳнамо дар татбиқ ва таъмини масоили ҳаётии мо нақши калидӣ доранд. Зеро, тамоми дастовардҳои соҳаҳои хоҷагии халқ, сиёсати дохилию хориҷӣ ва масъалаҳои таъмини амният, сулҳу субот, ваҳдату ягонагӣ, пешрафт ва рушди устувори Тоҷикистон дар паёмҳои солонаи Пешвои миллат дарҷ мегарданд.

Паёмҳои ҳамасолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хусусиятҳои таҳлилӣ ва самтгирии муайяни соҳаҳои мухталиф фарқкунанда буда, ҳамчун раҳнамои стратегӣ ба мардуми шарафманди тоҷик хизмат менамояд. Паёми имсолаи Пешвои миллат низ барои миллати шарафманди тоҷик як қатор навгониҳоро пешкаш намуд. Маҳз дар заминаи ироаи Паёми Пешвои миллат, ки ҳуҷҷати муҳимми барномавӣ ба шумор меравад, самтҳои фаъолияти ҳамарӯза мушаххас ва аниқ гардиданд.

Яке аз масъалаҳои асосие, ки зимни ироаи ин Паём садо дод, ин дастгирӣ ёфтани ташаббуси навбатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳифзи пиряхҳо мебошад. Ба ҳамагон маълум аст, ки 14 декабр Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зимни иҷлосияи 77-уми худ қатъномаи “Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”-ро, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд, бо иттифоқи оро қабул кард. Он яке аз қатъномаҳои нодир ба ҳисоб меравад, зеро дар он ҳам эълони Рӯзи байналмилалӣ ва ҳам Соли байналмилалӣ дарҷ гардидааст. Ин иқдоми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо пуштибонии 153 кишвари узви СММ пазируфта шуд. Вобаста ба қабул шудани ин қатънома Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш иброз намуданд, ки: “Мо ҷонибдори ҳалли масъалаҳои байналмилалӣ ва низоъҳои минтақавӣ бо роҳи муколама ҳастем ва аз тақвияти нақши калидии Созмони Милали Муттаҳид дар ин раванд пуштибонӣ мекунем. Боиси қаноатмандист, ки Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун кишвари ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои марбут ба обу иқлим эътироф шудааст. 14-уми декабри соли ҷорӣ Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” эълон кардани соли 2025 ва 21-уми март ҳамчун “Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо”, ки аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳод шуда буд, якдилона қарор қабул кард. Мувофиқи ин қатънома дар чаҳорчӯби Созмони Милали Муттаҳид Фонди мақсадноки байналмилалӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо таъсис ёфта, вобаста ба ин мавзӯъ соли 2025 дар шаҳри Душанбе конфронси сатҳи баланди Созмони Милали Муттаҳид баргузор мегардад. Мояи ифтихор ва сарфарозии ҳамаи мост, ки панҷумин ибтикори ҷаҳонии кишвари мо оид ба масъалаҳои об ва иқлим дар миқёси сайёра амалӣ хоҳад шуд”.

Сарвари давлат таъкид доштанд, ки қабули ин қатънома дар миқёси ҷаҳон иқдоми муҳим ва таърихӣ буда, тавассути он ҷомеаи ҷаҳонӣ имкон пайдо мекунад, ки барои ҳифзи бузургтарин манбаъҳои оби ошомиданӣ тадбирҳои муштараки зарурӣ андешад.

Бояд гуфт дар натиҷаи татбиқи сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон бо зиёда 180 давлати дунё муносибатҳои дипломатӣ барқарор карда, узви комилҳуқуқ ва фаъоли Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони ҳамкории исломӣ ва дигар сохторҳои бонуфузи глобалӣ ва минтақавӣ мебошад. Кишвари мо ҳоло дар ҳалли мушкилоти ҷаҳон ва минтақа, аз ҷумла дар масъалаҳои вобаста ба об ва тағйирёбии иқлим, мубориза бо терроризму ифротгароӣ, қочоқи маводди мухаддир ва ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ саҳми арзишманд дорад. Бори дигар Пешвои миллат дар Паёми худ қайд намуданд, ки: “Тоҷикистон дар оянда низ дар ҳалли масъалаҳои мубрами ҷомеаи байналмилалӣ, аз қабили мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, қочоқи силоҳ ва маводди мухаддир, ҷиноятҳои киберӣ, ҳамчунин, мутобиқшавӣ ба пайомадҳои тағйирёбии иқлим ва рафъи оқибатҳои он саҳми босазо хоҳад дошт”.

Хуллас, агар мо мазмун ва муҳтавои нуктаҳои Паёми Пешвои миллатро назар андозем ва онро таҳлилу таҳқиқ намоем, мебинем, ки он ҳамчун барномаи таҳрезишуда дар пешбурди сиёсати дохилию хориҷии кишвар саҳми бузург дорад.

 

Исматзода САИДШОҲ,

магистранти “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон”

Аксҳо

Похожие записи