ПЕШВОИ ВАҲДАТОФАР ВА ХАЛҚИ ВАҲДАТСАРО

48657484056_c7534b8051_o

Ҳар миллат чеҳраҳои дурахшоне дорад, ки бо нури ақлу хирад саҳифаҳои китоби зиндагии инсонҳоро равшан кардаанд, тамсилаш Пешвои миллати мост, ки зиндагиаш майдони талошу ҷаҳду кӯшиш ва фидокорӣ барои миллат аст.

 

Пешвои миллат ин шоистагиро бо ҳазорон далелу бурҳонҳо, бо амалу таҷрибаҳои созанда ва ибратбахши худ ба исбот расонидаанд.

 

Барои мо, миллати тоҷик, шахсияти Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон сазовори ҳама гуна таҳсину офарин аст. Роҳи пешгирифтаи ин абармарди майдони сиёсат, ки тоҷиконро дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ намуд, аз рӯи ҳақиқатхоҳии ӯ маҷро мегирад. Шоистаи сарфарозӣ ва ифтихор аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси парчамбардори сазовори нангу номуси миллати хешро аз парешонӣ наҷот додаанд. Нидои нарми пирони хирад аз аъмоқи асрҳо моро ҳушдор медиҳад:

 

Худо он миллатеро сарварӣ дод,

Ки тақдираш ба дасти хеш бинвишт.

Ба он миллат сару коре надорад,

Ки деҳқонаш барои дигарон кишт.

 

Имрӯз ба таърихи гузашта мебояд рӯ овардан, зеро он барои маърифату худшиносии мардум зарур аст. Аз гузашта сабақ бояд бигирем. Халқи азияткашидаи мо пайи ҳам аз имтиҳони хатарноки қисмат мегузарад. Орзуи чандасраи мардум озодӣ, соҳибихтиёрӣ, истиқлол буд . Онро ба даст оварда, лек ин ниҳоли орзуро табъи дил парваридану ҷовидон сохтан мебояд.

 

Акнун танҳо ваҳдати миллӣ, даст задан ба корҳои хайр, ривоҷу равнақи истеҳсолот, илму фарҳанг метавонанд ба захму дардҳои мардуми мо шифо бахшанд, пояи давлат ва истиқлолро мустаҳкам намоянд.

 

Имрӯз вазифаи ҷонии ҳар яки мост, ки ҳиссиёти ғализи маҳаллу маҳаллгароиро дар вуҷуди худ саркӯб карда, бо авкори мусбату андешаи воло насли ояндаро аз амалу кирдорҳои ноҷо, аз оқибати низоъҳои бемаънӣ ҳушдор диҳем.

 

Кишвари мо дар солҳои сипаригашта мушкилиҳои зиёди иқтисодию сиёсиро паси сар кард. Ба Президенти кишвар лозим омад барои барқарории сулҳ, ташкили сохтори нави давлати демократӣ, пойдории тартиботу қонун, наздик намудани замони рушди иқтисодӣ ва некӯаҳволии мардум монеаҳои гӯшношунидро паси сар кунад.

 

Он чи дар як замони кӯтоҳи таърихӣ Президенти мо кард, ба каси дигар муяссар нашуда буд ва акнун мо метавонем осудаву ором ба ин роҳи тайкардаи кишвари худ бингарем. Мо ба ояндаи неки худ шак надорем ва дигар аз бозгашти нооромиву бесомонӣ наметарсем. Мамлакат инак неруву иқтидор дорад ва ба сӯи офтобу баҳор ва шукуфоиву эҳёи миллат гомҳои боварибахш мегузорад.

 

Нигоҳи ҳақиқатбинона ба ростои таърих, зиндагӣ, ба кору пайкори падарон ба мо имкон медиҳад, ки дар кори эъмори давлати худ ба камбудиву каҷравиҳо роҳ надиҳем. Ман бовар дорам , ки ин гуна бинишу фаҳмиш дар зиндагӣ ба мо комёбӣ меорад.

 

Оре, боди самуми ҷанги шаҳрвандӣ дарахти умри чӣ қадар фарзандони миллатро решакан намуд, чӣ қадар хонаҳои ободро вайрон, модаронро аз фарзанд, фарзандонро аз падар ва занонро аз шавҳар ҷудо кард. Мардум намедонад, ки мазори фарзандонаш куҷост?

 

Ин сафҳаҳои таърихро кӯр кардан, фаромӯш намудан ё нагуфтан мумкин нест. Онҳо бозгӯи онанд, ки чӣ гуна мо то ба имрӯз расидаем ва акнун метавонем сарнавишти миллату кишварамонро бо дасти худ бисозем.

 

Имрӯз вазифаи ҷонии мо насли калонсол, ки даҳшату ваҳшати ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузаронидем, он аст, ки шебу фарози зиндагии гузаштаро матраҳ намуда, ба ин васила дар ботини насли имрӯза ва фардо эҳсоси волои ватандорӣ, ифтихорӣ миллӣ, арҷгузорӣ ба забони модарӣ, ҳисси донишандӯзӣ, шукргузорӣ аз сулҳу субот, талқини ахлоқи ҳамида ва фаъолияти созандаро бедор намоем.

 

Вақте ки аз таълимоти асили гузаштагон ва панди бузургон истифода барем, дар ҳаёт онҳоро амалӣ намоем, яқин аст, ки ба худшиносии миллӣ ва ҳам ба рӯзгори босаодату писандида ноил мегардем. Маҳз ноогоҳиву ғафлат боис мешавад, ки сабаби нооромии миллӣ гардад. Солҳо мегузаранд, таърих воқеоти худро дар сафҳаи худ сабт менамояд, аммо корномаи қаҳрамонии фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қалбҳо боқӣ хоҳад монд.

 

Дар яке аз суханрониҳояшон Пешвои миллат тазаккур додаанд, ки: “Таъкид кардан бамаврид аст, ки барои пирӯзии сулҳ дар Тоҷикистон, пеш аз ҳама хизмати таърихии худи миллати тоҷик, ки хоку гилаш аз сулҳпарварию инсондӯстӣ сиришта шудааст, басо бузург мебошад”.

 

Аз ин хотир, ҷашни ҳамасолаи Ваҳдати миллӣ барои мардуми мо бояд ҳамеша муқаддас ва гиромӣ бошад ва онро дар радифи беҳтарин дастоварди миллӣ – Истиқлоли давлатӣ барои фардои дурахшони халқамон ҳатман ҳифз намоему пос дорем.

 

Ф.ҲОҶИЕВА,

дотсенти кафедраи психология

ва сотсиология

 

Похожие записи