ПЕШГИРИИ ШОМИЛШАВИИ ҶАВОНОН БА ГУРУҲҲОИ ТЕРРОРИСТӢ ВА ЭКСТРЕМИСТӢ

терроризм 3

Ҷумҳурии Тоҷикистон бар асоси муқаррароти Конститутсияи кишвар давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эълон гардидааст. Аз ин рӯ, рушди ниҳодҳои демократӣ, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафолати озодии виҷдон, таъмини амнияти миллии кишвар, таъмини суботи ҷомеа ва дар маҷмӯъ ба амал баровардани рушду инкишофи мамлакат ҳадафҳои олии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбанд. Мутаассифона, дар радифи имкониятҳо ва шароитҳои дар амал татбиқ намудани стратегияҳои мазкур, инчунин як қатор омилҳо ва хафву хатарҳое арзи ҳастӣ менамоянд, ки ба амнияти миллии кишвар ва дар маҷмӯъ ба сохтори конститутсионии давлат таҳдиди воқеӣ ба шумор мераванд. Дар миёни онҳо терроризм ва ифротгароӣ яке аз омилҳои хатарзо ва зуҳуроти манфие мебошад, ки дар таҳкими давлатдории миллӣ ба таври ҷиддӣ халал мерасонад.

 

Терроризм – ҳамсафари доимии башарият буда, яке аз падидаҳои хатарноки замони муосир мебошад ва то ин давра шаклҳои гуногун пайдо намуда, хавфаш оламгир гаштааст. Амалҳои террористӣ боиси талафоти зиёди одамон мегардад, ба мардум фишори шадиди равонӣ меорад, боиси аз байн рафтани сарватҳои моддӣ ва маънавӣ мегардад, ки баъзан барқарор кардани он ғайриимкон аст. Дар байни давлатҳо адоват мепошад, ҷангҳо, нобоварӣ ва бадбиниро дар байни гуруҳҳои иҷтимоӣ ва миллӣ бармеангезад, ки дар баъзе ҳолатҳо як насл онро бартараф карда наметавонад. Амалиёти террористӣ барои ба даст овардани таъсири муайян тарҳрезӣ карда мешавад, аз ҷумла, ба ҷамъият, доираи васеи одамон таҳдид, тарсу ҳарос, эҷод мекунад. Ҳамаи давлатҳо ва халқҳои дунё дар мубориза бо терроризм муттаҳид шудаанд, зеро ки ин падида яке аз мушкилоти ҷаҳонии асри XXI мебошад.

Аз ин ҷост, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 21 декабри соли 2021 дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштанд, ки “Дар оғози солҳои навадуми асри гузашта – замоне, ки давлати соҳибистиқлоли мо аввалин қадамҳои худро мегузошт, Тоҷикистон бо фитнаву дасисаи неруҳои ифротгарои дохилӣ ва хориҷии онҳо ба гирдоби мухолифати шадиди сиёсӣ ва баъдан ба оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашида шуд, ки он боиси қурбониҳои зиёди ҷонӣ ва хисороти бузурги моддиву маънавӣ гардид”.

Дар паёмҳои қаблии худ низ Сарвари давлат аз рақобатҳои носолими бархе аз кишварҳо, ки боиси афзоиши ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористидошта ба вусъат ёфтани терроризми байналмилалӣ, фаъолшавии унсурҳои тундраву ифротгаро, ҷалби ҷавонон ба сафи созмонҳои экстремистиву террористӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ мусоидат менамояд, изҳори нигаронӣ намуда, мунтазам мардуми шарифи Тоҷикистонро ба ҳушёриву зиракии сиёсӣ, эҳтиром гузоштан ба таъриху тамаддуни аҷдодӣ ва ҳифз намудани сулҳу ваҳдати миллӣ  даъват менамоянд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори кишварҳои дигари минтақа таҳдидҳои афзояндаи экстремизм ва терроризмро ба амнияти миллӣ ва рушди босуботи худ эҳсос менамояд. Таҳдидҳои террористӣ шаклу усулҳои тозаро касб карда, доманаи онҳо васеъ гардида, тарзҳои содир намудани ҳамлаҳои террористӣ ва ҳадафҳои онҳо тағйирёбандаанд. Интиқоли ҷангиён-террористон аз минтақаи Ироқу Сурия ба минтақаҳои дигар ва дар ин замина тақвият ёфтани мавқеи ташкилоти террористии “Давлати исломӣ” дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон барои кишварҳои Осиёи Марказӣ хавфи зиёдро ба миён овардааст. Созмонҳои экстремистию террористӣ ҷиҳати ба сафҳои худ ҷалб намудани ҷавонон, аз ҷумла тавассути ҷустуҷӯи аъзои нав бо истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ фаъолияти густурдаи ташвиқотию тарғиботӣ мебаранд.

Новобаста ба ин, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муқовимат ба экстремизм ва терроризм мавқеи устувор дошта, таҷрибаи ғанӣ касб намудааст ва дар солҳои соҳибистиқлолӣ бо мақсади мубориза алайҳи ин амалҳои номатлуб дар кишвари мо заминаҳои меъёрии ҳуқуқии мусоид фароҳам оварда шудааст. Дар ин давра самтҳои асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи таъмини амнияти миллӣ ва мубориза бо терроризму ифротгароӣ, пеш аз ҳама ташаккули заминаҳои меъёрӣ–ҳуқуқии пешгирӣ ва муқовимат бо ин омилҳои номатлуби ҷомеаро фаро мегирад.

Ҳанӯз аз оғози ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон хатари ин зуҳуроти даҳшатафкан эҳсос гардида буд. Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд менамоянд, “Дар он айём ниҳодҳои терроризми байналмилалӣ ва ифротгароён кишвари моро ба саҳнаи озмоиши қудрати маргбори худ ва ҳадафи ғаразҳои зиддиинсонӣ табдил дода буданд. Дар натиҷаи бесарусомониҳо ва ҷанги шаҳрвандии таҳмилӣ садҳо ҳазор нафар шаҳрвандони мо кушта шуда, беш аз як миллион нафар мардуми осоишта бехонумону фирорӣ гардиданд. Бо вуҷуди ин, мо дар асоси имконоти тамаддун ва фарҳанги қадимаи хеш тавонистем, ки муколамаи васеъро ба роҳ монда, сулҳу субот ва ваҳдати миллиро таъмин кунем”.

Тоҷикистон  дар арсаи мубориза бар зидди терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, маводи мухаддир, киберҷинояткорӣ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ шарики табиии давлатҳо ва созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ мебошад. Азбаски дар шароити муосир терроризм ва ифротгароӣ хусусияти трансмиллиро гирифтаанд, мубориза бо ин аъмоли номатлуб танҳо бо роҳи ҳамкориҳои байналмилалии зиддитеррористӣ имконпазир аст. Аз ҳамин лиҳоз Ҷумҳурии Тоҷикистон меъёрҳои санадҳои ҳуқуқии миллиро бо санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамуда мутобиқ гардонидааст.

Дар шароити кунунӣ асосҳои ҳуқуқии мубориза бар зидди терроризму ифротгароиро дар Тоҷикистон ташкил медиҳанд:

– Конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди терроризм” аз 16 ноябри соли 1999 № 845;

– Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)” аз 8 декабри соли 2003№ 69;

– Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом” аз 25 марти соли 2011 № 684;

– Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 ноябри соли 2016, №776   тасдиқ карда шудааст;

– Консепсияи миллии муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом барои солҳои 2018-2025, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 марти соли 2018 № 1033 тасдиқ шудааст.

Бояд қайд намуд, ки санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии дар боло зикр гардида, асосҳои ташкилӣ ва ҳуқуқии муқовимат ба экстремизм ва терроризмро бо мақсади ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, асосҳои сохтори конститутсионӣ, таъмини соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзӣ ва амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон пешгирӣ ва мубориза бар зидди терроризмро ҳамчун вазифаи муҳимтарини таъмини амнияти миллии худ ва тамоми ҷаҳониён зери таваҷҷуҳи махсус қарор дода, барои тақвияти минбаъдаи ҳамкориҳои муштарак дар ин самт чораҳои таъхирнопазир меандешад. Аммо масъалае, ки имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистонро нигарон намудааст ин шомилшавии ҷавонон ба гуруҳҳои террористӣ ва экстримистӣ мебошад. Файласуфи машҳури англис Антони Гидденс навишта буд, ки “мо акнун дар асри (замони) хатару таваккал зиндагӣ дорем”. Дар ин маврид ҷавононе, ки дар зиндагӣ роҳи дурусти худро намеёбанд ё ноком мегарданд, раҳоӣ аз онро дар шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ мебинанд. Дар ин ҳолат, шомил шудани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундга бештар хусусияти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, ахлоқӣ ва маънавӣ дошта, баъзе аз онҳо фирефтаи тарғиботи ҷалбкунандаи ин гуна ҳаракатҳо мешаванд ва мушкилоти худро бо ин роҳу васила ҳал кардан мехоҳанд.

Пешгирии шомилшавии гуруҳе аз ҷавонони кишвар ба созмонҳои хусусияти террористӣ ва ифротидошта вазифаи танҳо давлат набуда, дар ин самт ҳар як аъзои ҷомеа бояд саҳмгузор бошад. Дар ин самт чорабиниҳои мухталиф ҷиҳати тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ, эҳтиром ба арзишҳои волои инсонӣ, боло бурдани рӯҳияи таҳаммулпазирии онҳо, рушди тафаккури ҳуқуқӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва дигар чораҳои ба ин монанд дар раванди пешгирии ифротгароӣ ва терроризм мувофиқи мақсад хоҳад буд.

Ҷавонони мо бояд ба ғамхорӣ ва дастгириҳои давлату Ҳукумат ва хусусан Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арҷ гузоранд. Қобили зикр аст, ки масъалаи сиёсати давлатии ҷавонон, нақш ва иштироки бевоситаи онҳо дар ҳаёти ҷомеа, яке аз масъалаҳои асосӣ дар Паёми ҳарсолаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ буда, ба ин мавзуъ ҳамчун яке аз масъалаҳои асосии давлатдорӣ ва манбаи муҳимтарини ташаккули захираҳои инсонии кишвар таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир мегардад. Дар асоси паёмҳои Роҳбари давлат, дигар суханрониҳо ва дастуру супоришҳое, ки дар иртибот ба тарбияи насли наврас ва ҷавонони кишвар мунтазам дода мешаванд, рушди пайгиронаи соҳаи маориф таъмин гардида, мактаб ва илму маориф, инчунин рушди инсонӣ дар сиёсати кунунии давлату Ҳукумат ба сатҳи масъалаи аввалиндараҷа бардошта шуд. Ба хотири таъмини шароити донишомӯзии ҷавонон солҳои охир аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ҷиҳати сохтмони муассисаҳои нави замонавӣ, компютеркунии муассисаҳои таълимӣ, инчунин барои рушди китобхонаҳо аҳамияти зарурӣ зоҳир гардида истодааст.

Ҳамин тавр, солҳои охир зиёда аз сад кишвари ҷаҳон ҳадафи амалҳои террористии гуруҳҳои манфиатхоҳ қарор гирифтааст ва садҳо ҳазор нафар макони зистро тарк намудаанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ҳадафи амалҳои тахрибкоронаи террористону ифротгароён қарор гирифт. Хушбахтона, бо талошҳои пайгирона ва ҷонбозиҳои бемисли Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нестшавӣ ва миллати тоҷик аз парокандагӣ раҳо ёфт. Имрӯз беш аз ҳарвақта зарур аст, ки тамоми саъю кӯшишро ба он равона созем, ки шомилшавии ҷавонон ба гуруҳҳои ифротӣ пешгирӣ гардад ва ҳам тавонем онҳоро ба вусъати корҳои ободониву созандагӣ, ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва таҳкими истиқлолияти давлатӣ сафарбар намоем.

 ҚОДИРОВА Г.Т.,

мудири кафедраи менеҷменти Академия,

номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент

Похожие записи