ПЕШНИҲОДҲОИ ҶАҲОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО ВА АҲАММИЯТИ ЭКОЛОГИИ ОНҲО

327726608_1310704163111541_8084022759630028371_n

(Дар партави силсилаташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи обу экология, хусусан, дар ҳошияи ташаббусҳои эълон намудани соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва санаи 21 март — Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо)

 

Маълум аст, ки нақш ва аҳаммияти об барои табиат ва ҳаёти инсон аксиома аст. Аҳаммияти он, пеш аз ҳама, дар гардиши глобалии моддаҳо ва табодули энергия, пайдоиш, ташаккул, такомул ва бақои ҳаёт, сохтори химиявию биологии организмҳо, дар ташаккулёбии боду ҳаво ва иқлим зоҳир мегардад. Аҳаммияти об дар табиат ва хусусан ҳаёти инсон гуногунҷабҳа мебошад, аз ҷумла, аҳамияти экологӣ, кишоварзию энергетикӣ, иқтисодию иҷтимоӣ, табобатию рекреатсионӣ, гигиению санитарӣ ва сайёҳию эстетикии он ва ғайраро фарқ менамоянд. Дар ҳақиқат обро манбаъ ва ё сарчашмаи ҳаёт шуморидан дуруст аст, аммо аз нуқтаи назари амиқи экологӣ мафҳумҳои об ва ҳаёт тавъам ҳастанд ва онҳоро ба таври рамзӣ муродиф шуморидан дуруст аст. Зеро дар он ҷойе, ки об ҳаст, ҳаёт низ ҳаст ва баръакс. Дар манотиқи яхбандиҳои доимӣ ва биёбонҳои тасфон низ ҳаёту об ва ё маҳсули фаъолияти онҳо мавҷуданд. Бинобар ин, об шарти ягонаи ҳастӣ ва бақои табиат, омили асосии сиҳатӣ, замимаи ивазнашавандаи некӯаҳволии инсоният ва меҳвари асосии рушди устувор мебошад. Аз ин ҷост, ки инсон ба об эҳтиёҷоти рӯзафзун дорад ва онро муъҷиза, муқаддас ва асоси ҳаёт мешуморад.

Об моддаи бисёртарин дар табиат аст ва он дар се ҳолати агрегатӣ – моеъ, сахт ва буғшакл дида мешавад. Об ба туфайли доштани пайвасти гидрогенӣ (Н-О-Н) дар ҳудуди зиёди ҳарорат дар ҳолати агрегатии моеъ қарор мегирад ва ин сабаби ба таври васеъ паҳн шудани он дар табиат мебошад. Ҳамагӣ дар гидросфера 1,39 млн км³ об мавҷуд аст. Гидросфераро ба Уқёнуси ҷаҳонӣ, обҳои континенталӣ – сатҳизаминиӣ ва зеризаминӣ ҷудо менамоянд. Қабате, ки дар дохили гидросфера ҳамаи обҳои дар ҳолати сахтбударо (пиряхҳо, барфҳо ва яхҳои доимии рӯизаминӣ ва зеризаминӣ) дар бар мегирад, криосфера (аз юн. kryos — хунук, ях) меноманд. Уқёнуси ҷаҳонӣ 71%-и сатҳи масоҳати Заминро инғол менамояд. Ба таври дигар, аз 510 млн км² масоҳати Замин манбаъҳои асосии обӣ (уқёнусҳо, баҳрҳо, кӯлҳо, дарёҳо ва яхҳо) масоҳати 361,13 млн км²-ро ишғол менамоянд. Қисми аъзами онҳоро Уқёнуси ҷаҳонӣ (96,4%) ташкил медиҳад, ки оби он аз сабаби муддати мадид ором будан ва дар он тадриҷан ҷамъшавии намакҳои мухталиф дар дараҷаҳои гуногун шӯр аст ва барои истеъмоли инсон ва кишоварзӣ ношоям аст. Ба ҳисоби миёна дар 1 литр оби уқёнус 35 грам намак мавҷуд аст, ки 3,5%-ро ташкил медиҳад. Обҳои аз лиҳози экологӣ тоза ба пиряхҳо (1,86%), обҳои зеризаминӣ (қариб 1,68%) ва қисми ками он (0,02%) ба обҳои сатҳизаминӣ рост меоянд. Обҳои сатҳизаминӣ кам бошанд ҳам, аммо барои биосфера ва ҷомеаи инсон нақши аввалиндараҷа доранд ва сарчашмаи асосии обтаъминкунӣ ва обёрӣ мебошанд. Гарчанде об моддаи аз ҳама бисёртарин дар сайёраи мо бошад ҳам, вале аз сабаби нобаробар тақсимшавии манбаъҳои он дар манотиқи ҷаҳон ва барои истеъмол ношоям (шӯр, ифлос, ғализ) будан, норасоии он ҳамоно чун масъалаи муҳимтарини ҷаҳонӣ боқӣ мемонад. Аз тамоми сарватҳои обии ҷаҳон тақрибан ҳудуди 2,5%-и (35 млн км3) он оби аз ҷиҳати экологӣ тоза ва қобили истеъмол мебошад.

Хушбахтона, Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги сарватҳои обии тоза мебошад. Бояд тазаккур дод, ки дар кишвари офтобрӯяи мо ба ғайр аз 947 дарёи дарозиашон аз 10 км зиёд, 1300 кӯл ва 11 обанбори калон, инчунин, мувофиқи арзёбии олимон, зиёда аз 14 ҳазор пиряхҳои хурду бузург мавҷуданд. Бо вуҷуди ин, дар баъзе манотиқи кишвари мо низ масъалаҳои экологии вобаста ба об, истифодаи оқилона ва ҳифзи манобеи он, бахусус обшавии пиряхҳо хеле ташвишовар мебошанд. Дар даҳсолаҳои охир 1000 адад пиряхҳои ҳудуди Тоҷикистон дар натиҷаи обшавӣ аз байн рафтаанд.

Машҳуртарин дарёҳои Тоҷикистон – Панҷ, Вахш, Амударё, Қофарниҳон, Сирдарё, Зарафшон… асосан аз пиряхҳо маншаъ мегиранд. Ба туфайли хусусиятҳои орографӣ ва иқлимӣ, яъне наздик будан ба бузургтарин ва баландтарин системаи қаторкӯҳҳои ҷаҳон — Ҳимолой Тоҷикистон маркази калони яхбандии минтақаи Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад. Тибқи хулосаҳои коршиносон пиряхҳо ва барфҳои доимӣ нозуктарин ва ҳассостарин объекти табиӣ буда, ҳамчун нишондиҳандаи табиӣ (индикитор) барои арзёбии пайомадҳои таъсири манфии тағйирёбии глобалии иқлим хизмат мекунанд. Пиряхҳои ҳудуди Тоҷикистон боигарии бебаҳо ва беназири миллати мо мебошанд, зеро онҳо на фақат манбаи калонтарини оби тоза, балки танзимкунандаи оби дарёҳо, обу ҳаво ва иқлими минтақа ба шумор мераванд. Пиряхҳо ва барфҳои доимии Тоҷикистон барои ташаккулёбии оби тозаи калонтарин дарёи Осиёи Марказӣ – Амударё, ҳавзаи баҳри Арал, ки аз ҳавзаҳои Амударё ва Сирдарё иборат аст, сарчашмаи асосӣ ва ивазнашаванда мебошанд. Масоҳати умумии пиряхҳои Тоҷикистон 8,4 ҳ. км2 буда, қариб 6%-и масоҳати кишварро ташкил медиҳанд ва асосан дар минтақаи Помир ҷойгиранд. Зиёда аз 60%-и захираҳои оби кишварҳои Осиёи Марказӣ маҳз аз ҳудуди Тоҷикистон ташаккул меёбанд, ки танҳо қариб 10%-и онҳо барои қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти ҷумҳурӣ истифода мешаванд. Муқаррар карда шудааст, ки аз қаламрави Тоҷикистон дар як сол 72 км3 оби равон ҷорӣ мешавад. Ҳамзамон, 60%-и бузургтарин захираҳои обии минтақаи мазкур, яъне пиряхҳо низ дар ҳудуди Тоҷикистон ҷойгир мебошанд. Миёни давлатҳои Осиёи Марказӣ — ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон, ки кишварҳои баландкӯҳ ҳастанд, аз ҷиҳати боигарии захираҳои об, мутаносибан, дар ҷойҳои аввал ва дуюм мавқеъ гирифта, давлатҳои «болооб» ва боқимонда давлатҳои «поёноб» ба ҳисоб мераванд. Ин гуна таснифот барои он аст, ки захираҳои оби минтақа дар кишварҳои болооб ташаккул меёбанд ва истеъмолкунандаи асосӣ кишварҳои поёноб ба шумор мераванд. Зимнан, бояд қайд намуд, ки кишвари мо аз рӯйи ҳаҷми захираҳои гидроэнергетикӣ дар ҷаҳон мақоми ҳаштум ва аз рӯйи ҳаҷми қиёсии захираҳои об нисбат ба ҳар сари аҳолӣ ва ба ҳар 1 км ҳудуд, мутаносибан, ҷойҳои аввалу дуюмро инғол менамояд. Инчунин, Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷиҳати боигариҳои об дар байни давлатҳои ИДМ ҷойи дуюм (баъди Федератсияи Россия) ва дар Осиёи Марказӣ ҷойи аввалро ишғол менамояд. Ин гуна нишондодҳо дар арсаи ҷаҳон беназир аст.

Захираҳои оби Тоҷикистон барои соҳаҳои таъминоти оби нушокӣ, кишоварзӣ, гидроэнергетика ва соҳаҳои саноатии ба онҳо алоқаманди ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ аҳаммияти калидӣ доранд. Захираҳои оби Тоҷикистон, ки пиряхҳо асоси онҳо мебошанд, сарчашмаи нерӯи барқароршаванда ё худ «нерӯи сабз» барои минтақаи Осиёи Марказӣ ва шафати он ба шумор мераванд. Зимнан бояд ёдовар шуд, ки кишвари мо аз лиҳози истеҳсоли «нерӯи сабз», ки ба муҳити зист таъсири манфии назарррас намерасонад, дар қатори 6 давлати дар ин самт пешсафи дунё қарор дорад. Минбаъд бо баробари бунёди дигар нерӯгоҳҳои обии барқӣ кишвари мо боз ҳам метавонад дар ин самт мақоми пештарро ишғол намояд. Дар ин замина, 98%-и нерӯи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза аз нерӯгоҳҳои обии барқӣ истеҳсол мегарданд ва кишвари мо яке аз татбиқкунандаи пешсафи «нерӯи сабз» дар ҷаҳон мебошад. Доштани ин гуна инконият ва мақом на ба ҳар давлати дигар мушарраф мегардад, ки ин бояд боиси сарфарозӣ ва ифтихори миллии мо бошад.

Дар умум, истифодаи оқилонаи манбаъҳои об барои ҳифзи хок, мазраъ, растаниҳои мазруъ, флора ва фауна, бахусус навъҳои нодири онҳо, рушди кишоварзӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ, ҳифзи мувозинат ва таъмини амнияти экологӣ мусоидат намуда, барои иҷрои вазифаҳо ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои рушди устувор нақши калидӣ доранд. Бояд гуфт, ки рушди устувор ин рушди иқтисодии бо назардошти манфиатҳои наслҳои имрӯза ва оянда, бо табиат, хусусан бо масоили экологӣ ва дурнамои онҳо, низоми муносибатҳои оқилонаи ҷамъият-табиат ҳамоҳангшуда мебошад, ки таъминкунандаи амнияти экологӣ ва зиндагии шоистаи наслҳои ҳозира ва минбаъда ба шумор меравад. Амнияти экологӣ ҷузъи муҳими амнияти миллӣ мебошад.

Мутаассифона, солҳои охир пайомадҳои тағйирёбии глобалии иқлим ба пиряхҳо, ки осебпазиртарин ҷузъи даври гидрологӣ маҳсуб меёбанд, таъсири манфӣ расонида истодаанд. Тамоюли гармшавии иқлим аз ҳисоби таъсири гармхонагӣ (парниковый эффект), ки аз сабаби афзудани газҳои гулхонагӣ дар ҳаво дар натиҷаи фаъолияти нодурусти хоҷагидории инсон (омили антропогенӣ) ва дигар сабабҳо ба амал меояд, ба амал омада истодааст. Мувофиқи арзёбиҳо ҳарорати миёнаи Замин тақрибан ба 15 дараҷа расидааст, ки баландтарин нишондод дар таърих аст. Мувофиқи пешгӯии марказҳои обуҳавосанҷӣ то солҳои 2030-2050, эҳтимол, ҳарорати миёнаи Замин аз 1 то 3 дараҷа баланд гардад. Коршиносон ҳадс мезананд, ки агар дар саросари ҷаҳон партоби газҳои гулхонагӣ кам карда нашавад, чунин нишондод шояд то охири асри XXI то 6 дараҷа баланд гардад. Баландшавии ҳарорат боиси тезу тунд ва муташанниҷ шудани равандҳои обшавии пиряхҳо, обхезӣ, хушксолӣ, биёбоншавӣ, шӯразоршавӣ гашта, буҳрони экологиро ба вуҷуд меорад ва дастрасӣ ба обро мушкилтар мегардонад.

Аз васоити ахбори омма маълум аст, ки мо имрӯзҳо шоҳиди босуръат об шудани пиряхҳо дар Арктика, Антарктида, Гренландия ва ғайра ҳастем. Ҳамчунин, чунин тағйироти ҷиддӣ дар пиряхҳои воқеъ дар хушкӣ, бухусус қуллаҳои баланд низ ба амал омада истодааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйи шумораи пиряхҳо дар Осиёи Марказӣ пешсаф аст. Аз ин лиҳоз, кишвари мо, ҳамчун ҷузъи ҷудонопазири ҷомеаи ҷаҳонӣ, ба таври яқин аз пайомадҳои равандҳои умумиҷаҳонӣ истисно нест. Гармшавии иқлим, ки бахусус дар фасли гармо бештар ҳис карда мешавад, дар манотиқи баландкӯҳи Тоҷикистон – Помир, Зарафшон, Ҳисору Олой ва ғ. низ сабаби обшавии босуръати захираҳои пиряхҳо гашта истодааст. Мувофиқи маълумоти илмӣ арзёбии умумии таъсири тағйирёбии иқлим ба пиряхҳои Тоҷикистон нишон медиҳад, ки аз соли 1930 то ҳол масоҳати умумии яхбандии кишвар аз 1/3 ҳисса кам шудааст. Тағйирёбии иқлим нақши пиряхҳоро ҷиҳати батанзимдарории оби ҳавзаҳои дарёҳои минтақа халалдор менамояд, ки дар натиҷа дастрасии аҳолӣ ба манбаъҳои об мушкил мегардад ва ҳатто метавонад боиси муҳоҷирати экологии аҳолӣ гардад. Имрӯзҳо обшавии пиряхҳо маънои пас аз чанд муддат баландшавии сатҳи уқёнуси ҷаҳонӣ, зериобмонии минтақаҳои наздисоҳилӣ, хусусан давлатҷазираҳо ва ё шаҳрҳои соҳилиро дорад. Тавре ки қаблан гуфтем, ин аз он вобаста аст, ки об доимо аз як ҳолат ба дигар ҳолат гузашта, дорои низоми ягонаи гардиши глобалӣ мебошад.

Таъсири оқибатҳои ногувори гармшавии иқлим ба табиати бой ва гуногунранги Тоҷикистон, ки ба истилоҳи табиатшиносон ҳамчун «лабораторияи табиӣ» мебошад, зуд мушоҳида мешавад. Обшавии босуръати пиряхҳо дар Тоҷикистон намунаи возеҳи мавзӯи мавриди назар мебошад. Яке аз машҳуртарин ва калонтарин пиряхи хушкӣ дар ҷаҳон дар ҳудуди Тоҷикистон — пиряхи Федченко мебошад. Он аз баландиҳои 2910 то 6200 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир буда, дарозии он зиёда аз 77 км, паҳноии миёнаи он 2 км ва ғафсии максималии он 1 км ва ҳаҷми он тақрибан 140 км3 мебошад. Маълумотҳо нишон медиҳанд, ки дар давоми 70-80 соли охир забонаи пиряхи Федченко зиёда аз як километр ақиб рафта, майдони он то 44 км2 кам шудааст. Зиёда аз ин, ҳаҷми он 15 км3 ихтисор гардида, суръати миёнаи ақибравии забонаи он дар як сол 16 метрро ташкил медиҳад. Мувофиқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ҳаҷми он дар даҳсолаҳои охир 6% коҳиш ёфтааст. Чунин тамоюли ҳолат дар дигар пиряхҳои машҳури Тоҷикистон, аз қабили Грум-Гржимайло, Хирсон, Гармо, Гандо, Бивачӣ, Батруд, Ҷамъияти географҳо, Дарвоз, Мазор, Фортамбек, Таминаси шимолӣ, Баралмос, Кашкул, Зарафшон, Дукдон, Сарихаданг, Қазноқ ва садҳои дигар ба амал омада истодааст. Хусусан дар натиҷаи обшавии босуръати пиряхҳо кӯлҳои пиряхӣ пайдо шуда истодаанд. Хатари калон дар пиряхи Хирсон, дар ҳудуди ноҳияи Ванҷ дида мешавад. Ин пирях босуръат обшуда, зуд-зуд ба пеш ҳаракат карда истодааст ва хавфи бастани пеши роҳи оби дарёи дар поён бударо дорад, ки метавонад сабаби пайдоиши кӯли хатарнок гардад. Чунин кӯлҳо метавонанд сабаби обхезию селхезӣ гашта, ба хоҷагии халқ (роҳу кӯпрукҳо, деҳот, заминҳои кишоварзӣ…) зарари ҳангуфт расонанд.

Дар умум, мо ба хотири мутобиқшавӣ бояд дарк намоем, ки чӣ рӯй дода истодааст ва аз оқибатҳои эҳтимолии нохуши он моро чӣ интизор аст? Бо назардошти зарурияти масъалаи мазкур ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан бо дарки амиқ, таваҷҷуҳи хоса ва сиёсати хирадмандонаю дурбинона Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якчанд ташаббуси башардӯстона оид ба обу экологияро пешниҳоди ҷомеаи ҷаҳон намуданд. Ташаббусҳои ҷаҳонии ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти обу иқлим, бахусус ҳифзи пиряхҳо, саривақтӣ ва дархури замон буда, маҳз бо пешниҳоди Пешвои миллати мо дар сатҳи Созмони Миллами Муттаҳид ироа шуданд. Бо мақсади ҳалли масъалаҳои обу экология бо иқдомоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи СММ соли 2003 «Соли байналмилалии оби тоза», солҳои 2005-2015 Даҳсолаи байналмилалии «Об барои ҳаёт», соли 2013 «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об» ва солҳои 2018-2028 Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» эълон карда шуд.

Мавриди зикри хос аст, ки дар идомаи иқдомоти болозикр дар таърихи 3 — юми марти соли 2021 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониашон дар мулоқоти нахустини Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об ва иқлим пешниҳод намуданд, ки соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон гардад ва санаи мушаххаси «Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо» муайян карда шавад. Пешвои миллат, ҳамзамон, пешниҳод намуданд, ки барои вусъат бахшидани талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ин масъала «Хазинаи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва ҳамзамон, «Шабакаи муттаҳидаи гдобалии иттилоотии криосфера», ки ҷиҳати ҷалби таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ барои татбиқи ин иқдомот мусоидат менамояд, таъсис дода шавад.

Ҳамин тавр, ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати милл – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон намудани соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ҳамчун иқдоми панҷуми Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 14 декабри соли 2022 дар Маҷмааи Умумии СММ дар Иҷлосияи 77-уми бо иттифоқи оро ва ҷонибдории 153 кишвари ҷаҳон пазируфта шуд. Ҳамзамон, санаи 21 март минбаъд ҳамасола ҳамчун «Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» дар ҷаҳон таҷлил карда мешавад. Инчунин, бо пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди СММ таъсиси «Хазинаи байналмилалии боварӣ барои сахмгузорӣ ба ҳифзи пиряхҳо» дар ҳоли баррасӣ мебошад.

Бояд таъкид намуд, ки пеши роҳи обшавии босуръати пиряхҳоро гирифтан мушкилоти хеле доманадор ва буҳронӣ ва ҳатто инконнопазир аст. Дар солҳои сербориш аз ҳисоби боришоти зимистона захирашавии пиряхҳо ба амал меояд, аммо дар солҳои охир вобаста ба тағйирёбии иқлим, таносуби обшавии онҳо нисбат ба захирашавӣ хеле зиёд гардидааст. Ин раванди глобалӣ натиҷаи бархӯрди шадиди табиату ҷамъият (дастовардҳои илмию техникӣ ва рушди инсоният) буда, дорои қувваи бузурги табиии барнагарданда мебошад. Маънои ҳифзи пиряхҳо ин аст, ки мо танҳо метавонем бо андешидани маҷмӯи чораҳои амалии мушаххас суръати обшавии пиряхҳоро то андозае суст намоем, пайомадҳои онро донем ва ҳаёти худро ба он мутобиқ намоем. Дар ин росто, бунёди бештари обанборҳо ва ҳавзҳои махсус чораи асосӣ ва муассиртарини ҳифзи манобеи обӣ мебошад. Обро дар дигар шакл, яъне обанборҳо захира намуда, метавон эҳтиёҷоти худро оқилона қонеъ намуд. Дар ин самт обанборҳои Тоҷикистон, мисли Роғун, Қайроққум, Норак, Бойғозӣ, Каттасой, Сарбанд, Сангтӯда – 1 ва – 2, Муъминобод, Селбур, Фарҳод ва дар оянда бунёдшаванда аҳаммияти стратегӣ доранд. Гузаштан ба истеҳсолоти бепартов ё кампартов, кам намудани партоби газҳои гулхонагӣ (пеш аз ҳама СО2, СН2, O3, N2O) бо роҳи кам кардани сарчашмаҳои онҳо дар сатҳи ҷаҳон (бахусус мамолики пешрафта), гузаштан ба истифодаи нерӯи барқароршаванда (сарчашмаҳои алтернативӣ – нерӯи Офтоб, шамол, об), бунёди бештари обанборҳо, ҷангарзорҳо (кабудизоркунӣ), ки ба намнокии ҳаво, шаклгирии абрҳо ва боришот, ки минбаъд метавонанд ба захирашавии барфу яхҳо мусоидат намояд, дигар чораҳои муассир барои пешгирӣ аз обшавии босуръати пиряхҳо ва ҳифзи онҳо мебошанд. Дар обанборҳо дар мавсими сербориши зимистон ва аввали баҳор миқдори зиёди об захира мегардад ва дар охири мавсими баҳор ва тобистон, ки эҳтиёҷот ба об хеле меафзояд, аз онҳо метавон самаранок истифода бурд. Инчунин, онҳо манбаи боэътимод ва доимии истеҳсоли «нерӯи сабз» мебошанд, ки барои расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ ва ҳадафҳои рушди уртувор замима мегузоранд.

Инчунин, Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷиҳати нишондиҳандаи партоби газҳои гулхонагӣ дар ҷаҳон ҷойи 130-умро ишғол менамояд, ки ин маънои онро дорад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз лиҳози партоби газҳои гармхонагӣ ба муҳити зист ҳиссаи хеле ночиз дорад. Яъне, аз ин лиҳоз кишвари мо мақоми шоиста дошта, барои пешгирӣ аз тағйирёбии глобалии иқлим, бахусус гармшавии он, саҳми калон дорад.

Дар маҷмуъ, метавон чунин хулоса намуд, ки мақсади ягона ва ниҳоии ҳамаи ин ташаббусҳо ва пешниходҳо ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ барои дарки қазияи мазкур, ташаккул додани маърифати экологӣ ва ҷустуҷӯи роҳҳои амалии мутобиқ шудан ба оқибатҳои нохуши эҳтимолии тағйирёбии глобалии иқлим мебошад.

Ҳамаи ин пешниҳодҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба муҳим ва дархӯри замон будан аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шуданд ва онҳо хусусияти башардӯстӣ доранд. Онҳо платформаи муҳимро чиҳати дастрасии баробар ба оби тоза фароҳам оварда, ба таҳкими ҳамкорӣ, танзими муносибатҳои соҳа нигаронида шуда, назари навро дар истифодаи оқилонаи об, ҳифзи манобеи он ва дурнамои онҳо талқин менамоянд. Инчунин, истифодаи таҷрибаи пешрафтаи якдигар ва ҷаҳонро дар ҳалли масъалаҳои баҳсноку низоъангез, аз ҷумла, идораи захираҳои оби дарёҳои фаромарзӣ пешгирӣ менамоянд.

Дар маҷмуъ, ҳамаи ин пешниҳодҳо ва ташаббусҳои башардӯстона ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба масоили истифодаи оқилона, самаранок ва устувори об, ба хусус чорабиниҳо оид ба ҳифзу нигоҳдории пиряхҳо, ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ барои дарки қазияи мазкур, ташаккул додани маърифати экологии саросарӣ ва ҷустуҷӯи роҳҳои амалии мутобиқ шудан ба оқибатҳои нохуши эҳтимолии тағйирёбии иқлим, дар таҳкими дарки аҳамияти об барои таъмини амнияти экологӣ мусоидат намуда, маҳаки расидан ба ҳадафҳои рушди устувор буда, дар таҳкими сулҳу субот дар минтақа ва ҷаҳон саҳми калон ва таърихии худро мегузоранд.

Бо эътиқоди давлатҳои мутараққӣ ва созмонҳои ҷаҳонӣ ин силсилаикдомҳо Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин самт давлати пешсафу ташаббускор муаррифӣ намуданд ва мақому эътибори онро дар арсаи байналмилалӣ баландтар намуданд.

 

Муҳаммадиршод АТОЕВ,

муаллими калони Академия,

эколог, номзади илмҳои биологӣ

Похожие записи